Президенти Русия Владимир Путин муҳлати қонунӣ гардонидани будубоши муҳоҷирони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки қоидаҳои муҳоҷиратро вайрон кардаанд, то 10 сентябри соли 2025 дароз кард.
Бар асоси амри Путин, нафароне, ки дар рӯйхати шахсони таҳти назорат шомиланд ва то муҳлати муайяншуда мақоми будубоши худро қонунӣ намесозанд, бояд қаламрави Русияро тарк намоянд. Ин рӯйхат аз 5 феврал мавриди амал аст ва дар он афроди беасоси қонунӣ дар Русия ҳузурдошта сабт шудаанд.
Қаблан муҳлати ниҳоӣ 30 апрел муқаррар шуда буд, вале ҳоло муҳоҷирон боз тақрибан 4,5 моҳи дигар муҳлат доранд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буд, ки дар рӯйхати таҳти назорат зиёда аз 685 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шомиланд. Шахсоне, ки ба ин рӯйхат дохил мешаванд, аз як қатор ҳуқуқҳо маҳрум мегарданд, аз ҷумла сабтином ҳамчун соҳибкор, хариди амвол, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва ҳатто бастани ақди никоҳ.
Агар муҳоҷирон мақоми худро қонунӣ кунанд ё ихтиёран кишварро тарк намоянд, онҳо аз рӯйхат хориҷ ва ҳуқуқҳояшон барқарор мешавад.