Аз 30-юми апрел то 2-юми май дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе омадани тӯфони чангу ғубор пешбинӣ мешавад.
Он боиси олудашавии ҳавои атмосфера аз ҳисоби чанг ва зарраҳои андозаи 10 микрон (Pm-10) ва 2,5 микрон (Pm-2,5) хоҳад шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафас ва гипертония диққати махсус диҳанд.
Тавсия дода мешавад, ки ҳавои дохили биноҳо тоза ва намнок карда шуда, дар ҳолати зарурат аз ниқобҳои тиббӣ истифода шавад.
Ҳамчунин, Кумита ҳушдор додааст, ки имрӯз, 28-уми апрел бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар баъзе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани сел маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад.