fbpx

Боздошти се корманди барқ бо гумони азхудкунии даҳҳо ҳазор сомонӣ

Ба иттилои ВКД, гумонбарон дар маҷмуъ наздики 83 ҳазор сомонӣ маблағи пардохти ҳақи истифодаи барқи муштариёнро ба манфиати худ сарф кардаанд.


0
Акси марбута

Се корманди шабакаҳои барқи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони азхудкунии маблағҳои пардохтии аҳолӣ барои қувваи барқ боздошт гардиданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, як нозири барқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз сокинони деҳаи Қизил Байрақ беш аз 58 ҳазор сомонӣ ҷамъ намуда, танҳо 8 ҳазору 797 сомониро ба ҳисоби ташкилот ворид карда, боқимонда 49 ҳазору 953 сомониро ба манфиати шахсӣ истифода кардааст.

Инчунин, роҳбари тиҷоратии “Шабакаҳои барқ” ва нозири барқи ноҳияи А.Ҷомӣ бар он гумонбар мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ аз 68 муштарӣ 70 ҳазору 661 сомонӣ ҷамъоварӣ карда, 32 ҳазору 774 сомонии онро ба манфиати худ истифода бурдаанд.

Нисбат ба боздоштшудагон бо қисми 2 моддаи 245-и Кодекси ҷиноятӣ (азхудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend