fbpx

Тобути 4 муҳоҷирро аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд

Ба гуфтаи наздикони яке аз муҳоҷирон, ҷонбохтагон сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд буда, аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд.


0
Акс: РИА Новости

Тобутҳои чор зодаи Тоҷикистон, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Алдани Ёқутистони Русия ба ҳалокат расида буданд, ба ватан фиристода шудаанд.

Рӯзи 11-уми апрел муҳоҷирони тоҷик савори мошини “Тойота Приус”, ки ронандааш шаҳрванди Қирғизистон будааст, ба мошини боркаши КАМАЗ бархӯрдаанд. Ронанда низ дар ин садама фавтидааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Дар ин бора “Интерфакс” ва “РИА Новости” бо такя ба иттилои ВҲФ ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) хабар дода, вале шахсияти ҳалокшудагонро зикр накардаанд.

Яке аз наздикони муҳоҷирон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҷонбохтагон сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд буда, ҳамон рӯз аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрванди ҳалокшудаи Қирғизистон ронандаи таксӣ будааст ва шаҳрвандони Тоҷикистонро бояд то шаҳри Алдан мерасонд.

Акс: РИА Новости

Муҳоҷирони ҳалокшуда дар як корхонаи шаҳри Алдан кор мекардаанд ва аз Тоҷикистон аз рухсатии якмоҳа бармегаштанд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend