fbpx

Аз таъмини бехатарӣ то сарфаи вақт. Технологияҳои офтобӣ чӣ манфиат доранд?

Дар шакли пурраи нашри навбатии подкасти мо метавонед оид ба манфиати технологияҳои офтобӣ маълумоти бештар гиред.


0
Равшансозии кӯчаҳо бо истифодаи технологияҳои офтобӣ

“Лимит” ё маҳдудияти мавсимии барқ, зуд-зуд қатъ шудани он ва ё ҳатто пайваст набудан ба хати барқ ҳанӯз ҳам воқеияти имрӯзи мост. Махсусан, дар деҳот ин заҳмати хеле гарон аст, ки асосан бар дӯши занон ва кӯдакон аст.

Тасаввур кунед, дар баъзе деҳаҳо ҳатто обро танҳо аз чашмае овардан мумкин, ки якчанд километр дур аст ва барои гарм кардани он танҳо ҳезум истифода бурда метавонед.

Суҳбати имрӯзаи мо дар нашри навбатии подкасти “Включи солнце!” дар бораи он аст, ки чӣ тавр технологияҳои офтобӣ метавонанд зиндагии ҳаррӯзаро ноаён, вале пурра тағйир диҳанд.

Диловар Маъмуров, директори иҷрояи Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергетикӣ, меҳмони барномаи мо гуфт, энергияи офтоб вақтро сарфа мекунад, роҳат ва оромиш мебахшад.

Ҳамчунин шарҳ дод, ки чӣ тавр технологияҳои офтобӣ метавонанд бехатарӣ дар ҳавлӣ, рӯшноӣ дар синфхонаи мактаб, оби гарм барои шустушӯи кӯдакон ва имкони бештар барои занонро фароҳам оварда метавонад.

Мутахассис қайд намуд, ки истифодаи нерӯи офтоб ду намуд мешавад: табдили нерӯи офтоб ба барқ ва табдили нерӯи офтоб ба гармӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дастгоҳҳои офтобие низ ҳастанд, ки барои кашидани об ва гарм кардани он истифода мешаванд.

“Ҳоло дар бозорҳои мо дастгоҳҳое ҳастанд, ки бо ғунҷоишҳои гуногун барои гарм кардани об нигаронида шудаанд. Бо истифодаи он дар деҳот дигар ба ҳезуму дигар сӯзишворӣ эҳтиёҷ намемонад. Ин аз як тараф сарфаи вақту қувваи инсонӣ бошад, аз ҷониби дигар барои ҳимояи муҳити зист низ муфид аст”, – қайд намуд Диловар Маъмуров.

Шакси садоии подкастро метавонед дар ин ҷо гӯш кунед:


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend