fbpx

Боздошти ду мард барои латукӯб ва таҳдиди куштани ҳамсару духтари бародарашон дар Хатлон

Ангезаи ин ҷиноят шарҳ дода нашудааст ва назари гумонбарон низ дастрас нест.


0
Акс: Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон

Милитсияи Хатлон ду мардро барои латукӯб ва таҳдиди куштани ҳамсару духтари бародарашон дастгир кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бародарон Мадаминов Нуралии 41-сола Зокиров Дилшоди 44-сола, сокинони деҳаи Ганҷободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар мешаванд.

Гуфта мешавад, дастгиршудагон ба хонаи бародарашон Мадаминов Аҳтамҷон даромада, бо ҳамсари ӯ Мадаминова Райҳонгул ва духтараш Мадаминова Раъногул моҷаро намуда, онҳоро латукӯб кардаанд.

“Бо мақсади расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамсари бародараш Мадаминов Нуралӣ бо корд мусаллаҳ гардида, онҳоро таҳдиди куштан кардааст.

Зокиров Дилшод дар зарфи 1-литра оби ҷӯшомада пур карда, қасдан ба рӯйи ҷиянаш, Мадаминова Раъногул пош додааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ бистарӣ гардидааст”,- менависад манбаъ.

Дар беморхона ба шуъбаи ВКД-и ноҳия гуфтаанд, ки духтари 20-сола бо ҷароҳатҳои сӯхтаи рӯй, гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои болоӣ бистарӣ шудааст.

Ангезаи ин ҷиноят шарҳ дода нашудааст ва назари гумонбарон низ дастрас нест.

Милитсияи Хатлон менависад, Мадаминов Нуралӣ ва Зокиров Дилшод дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 110 қисми 2 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, дар рафти тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Тибқи ин банди қонун бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend