Чашм аз узвҳои нозуктарини бадани инсон аст, аммо аксарият то вақте бо мушкили биноӣ дучор нашаванд, ба онҳо аҳамият намедиҳанд. Аммо омилҳои зиёде ҳастанд, ки солимии ин узви муҳими моро зери хатар мегузоранд.
Барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои чашм, бояд ҳатман дар муддатҳои муайян онҳоро аз ташхис гузаронид.
Нилуфар Алиева, духтури чашм, ассистенти кафедраи офталмологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар нашри аввали силсилаподкастҳои “Дарду дармон” меҳмони студияи Your.tj шуд.
Ӯ дар суҳбат ба ровии подкаст Муҳаммадалӣ Юлдошев якчанд омилҳои бемориҳои чашм ва роҳҳои пешгириву табобати онҳоро гуфт.
Яке аз сабабҳои асосӣ дар замони муосир, ба гуфтаи ин мутахассис, истифодаи зиёди гаджетҳо ва технологияҳои замонавӣ, ба монанди телефону компютерҳо аст.
“Инсон муддати дароз ба ашёи наздик: компютер, телефон ё дигар гаджетҳо менигарад. Ин сабаб мешавад, ки мушакҳои чашм беҳаракат шаванд ё кашиши сахт хӯранд ва ин боиси паст шудани биноӣ мегардад”,- шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, айнакҳои муҳофизатӣ сад дар сад кафолати муҳофизати чашмро намедиҳанд. Роҳи ягонаи кам кардани таъсири манфи гаджетҳо ба чашм, ин тартиби дурусти истифодаи онҳо аст.
Мутахассис, инчунин хусусияти муҳофизатӣ доштани растании кактусро рад карда, гуфт, ки ин нодуруст аст.
“Ба ҷои ин тавсия медиҳам, ки аз қатрадоруи ашки сунъӣ истифода бурда шавад. Чун вақти кор бо гаджетҳо кам мижа мезанем ва чашмонамон хушк мешаванд, ин қатрадору муфид аст”,- афзуд Нилуфар Алиева.
Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо бубинед.
Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед: