fbpx

Нархи истифодаи барқ аз 1-уми апрел гарон мешавад

Тибқи он шурӯъ аз моҳи апрел нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 35,36 дирам барои ҳар як киловат муқаррар карда мешавад.


0
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон боло меравад

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз 1-уми апрел нархи истифодаи тарифҳои нерӯи барқ гарон мешавад. Дар ин бора қарори Ҳукумати Тоҷикистон имзо шуда, онро рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр кардааст.

Тибқи он шурӯъ аз моҳи апрел нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 35,36 дирам барои як киловат муқаррар шудааст. Барои корхонаҳо бошад ҳар киловат 80,90 дирам хоҳад буд.

Ҳоло арзиши як киловат истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 30,75 дирам ва барои корхонаҳо 70,35 дирам аст.

Пеш аз ин дар кишвар моҳи январи соли 2024 нархи истифодаи нерӯи барқ гарон шуда буд.

Дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли гузашта маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли нерӯи барқ расман ҷорӣ шуд. Ин реҷа ҳар сол ҷорӣ карда мешавад ва сабаби онро масъулин ба кам шудани оби обанбори Норак, боришот, афзоиши талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ ва тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд.

Бо вуҷуди эълони тартиби муайяншудаи реҷаи “лимит” аксар сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар шикоят мекунанд, ки он риоя намешавад.

Чанде пеш Дӯстмурод Тоиров, сардори Раёсати маркази диспетчерии “Шабакаҳои интиқоли барқ” гуфт, реҷаи  маҳдудият ё “лимит”-и барқ дар моҳи Рамазон дигар шуда, тибқи он сокинон бояд дар як шабонарӯз 8 соат бо барқ таъмин шаванд.

Тибқи реҷаи нав, нерӯи барқ субҳ аз 3:30 то 7:30 ва бегоҳ аз 17:00 то 21:30 бояд дода шавад. Вале аксари корбарон мегӯянд, ин тартиб риоя намешавад.

Маҳмадумар Асозода раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти хабарии 11-уми феврал гуфт, назорат накардан, ё зиёд истифода кардан, ба ҳаҷми зиёди коркарди об мусоидат мекунад, ки “дар моҳҳои март ва апрел эҳтимол норасоии нерӯи барқ шадидтар шавад”.

Қаблан масъулони соҳа изҳор дошта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра фаъол нашавад, лимити барқ боқӣ мемонад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, гуфта буд, ки соли 2027 мушкили барқ пурра ҳал хоҳад шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend