fbpx

Бекор шудани манъи ҷалби муҳоҷирон ба сохтмон дар як вилояти Русия

Гуфта мешавад, шумораи ҷойҳои кории холӣ дар соҳаи сохтмон афзоиш ёфтааст, аммо шаҳрвандоне, ки омодаи кор дар ин соҳа бошанд, кофӣ нестанд.


0
Муҳочирон дар сохтмон дар шаҳри Москва
Акс аз интернет

Губернатори вилояти Вологда Георгий Филимонов қарори қаблии худро дар бораи манъи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмонӣ лағв кард. Сабаби бекор шудани ин қарорро вай ба норасоии қувваи корӣ дар минтақа рабт дод.

Ба навиштаи хабаргузории “Медуза”, қарори нави губернатор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии вилоят нашр шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 27-уми феврал Филимонов қарори манъи ҷалби муҳоҷиронро имзо карда буд. Ин иқдом дар пайи эътирози бархе аз сокинони маҳаллӣ гирифта шуд, ки аз ҳузури муҳоҷирон дар сохтмони лоиҳаҳои ширкати “Северстал” изҳори норозигӣ карданд.

Ин ширкат, ки ба соҳибкори маъруфи рус Алексей Мордашов тааллуқ дорад, ният дошт барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории худ дар шаҳри Череповетс 6 ҳазор муҳоҷирро ҷалб кунад.

Баъди он ки қарор ба иҷро даромад, масъулини “Северстал” изҳор намуданд, ки манъи ҷалби муҳоҷирон ба соҳаи сохтмон ба раванди татбиқи лоиҳаҳо таъсири манфӣ мерасонад, зеро норасоии қувваи корӣ дар ин бахш эҳсос хоҳад шуд.

Дар натиҷа, Филимонов тасмим гирифт, ки қарори худро бозбинӣ кунад. Вай изҳор дошт, ки назорат аз болои майдонҳои сохтмонӣ ва ҷойҳое, ки муҳоҷирон фаъолият мекунанд, шадидтар хоҳад шуд.

Дар санади нав, ки манъи қаблиро бекор мекунад, зикр шудааст, ки шумораи ҷойҳои кории холӣ дар соҳаи сохтмон афзоиш ёфтааст, аммо шаҳрвандоне, ки омодаи кор дар ин соҳа бошанд, кофӣ нестанд. Аз ин рӯ, бо кадрҳои маҳаллӣ пурра таъмин кардани ин ҷойҳо ғайриимкон аст.

Маврид ба ёдоварист, дар солҳои охир, бахусус пас аз ҳамлаи фоҷиавӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Москва, тамоюли зидди муҳоҷирон дар Русия бештар шудаааст. Дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар фаъолияти муҳоҷирон ҷорӣ шуданд. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон бар ин назаранд, ки иқтисоди Русия ба нерӯи кории муҳоҷирон ниёз дорад ва маҳдуд кардани фаъолияти онҳо метавонад вазъи бозори меҳнатро боз ҳам мураккабтар кунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend