Тибқи оморҳои расмии соли 2023, 42% аҳолии Тоҷикистон ба синфи миёна дохил мешаванд. Ин нишондиҳанда охирин маълумоти расмӣ маҳсуб шуда, тибқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, то соли 2030 ба 50% расонидани он ҳадафгузорӣ шудааст.
Умед Холов, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, зимни маҳфили иқтисодии “Тавозун” гуфт, ки дар муқоиса бо соли 2021 теъдоди намояндагони синфи миёна дар кишвар 12% зиёд шудааст. Чор сол қабл ин нишондод 30%-ро ташкил медод.
Ба гуфтаи Холов, афзоиши назаррас бештар дар шаҳрҳо, бахусус дар Душанбе мушоҳида шудааст, ки ин рақам аз 36% то 54% боло рафтааст.
Сабабҳои аслии рушди табақаи миёна, ба гуфтаи Холов, бештар шудани имкониятҳои шуғл, беҳтар шудани дастрасӣ ба таҳсилот ва рушди соҳибкорӣ мебошад.
Муайян кардани синфи миёна дар асоси меъёрҳои гуногун, аз ҷумла вазъи иқтисодӣ, сатҳи истеъмол, доштани манзилу мошин, пасандоз, сатҳи таҳсилот, шуғли устувор, маоши миёна ва имкони истифодаи хизматрасониҳои босифат сурат мегирад.
Гуфта мешавад, моҳи феврали соли 2025 методологияи нави тавсеаи синфи миёнаи аҳолии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар он талаботҳои мушаххас барои рушди ин қишр пешбинӣ шудаанд.
Холов афзуд, ки табақаи миёна ҳамчун муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёт ва ҷомеа нақши калидӣ дорад ва тавсеаи он ба суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо вуҷуди ин, камбизоатӣ дар кишвар ҳанӯз ҳам 21% боқӣ мондааст. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, гуфт, тақрибан 2 миллион нафар аҳолӣ дар ҷумҳурӣ камбизоат маҳсуб меёбанд.