Шероз Мирпочоев зодаи шаҳри Хуҷанд, хатмкардаи донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳоло дар Аврупо дар зинаи магистрӣ таҳсил мекунад.
Шероз сафар кардан ва гирифтани донишҳои навро дӯст медорад. Ӯ тавассути барномаҳои таълимӣ тавонист ҳам таҳсил кунад ва ҳам ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон саёҳат намояд.
Дар бораи таҳсил дар хориҷа ва сафарҳои худ Шероз ба муаллифи Your.tj нақл кард.
Дар оянда дорандаи чор дипломи кишварҳои гуногун
Шероз дар Хуҷанд таваллуд шуда ва ба воя расидааст. Пас аз хатми мактаб ба донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ (AUCA), ки дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) ҷойгир аст, дохил шуд.
Шероз раванди дохилшавиро ба ёд оварда, мегӯяд, дохил шудан ба ин донишгоҳ хеле душвор буд.
“Азбаски забони таълим асосан забони англисӣ буд, дар имтиҳони грамматика, эссе ва инчунин математика натиҷаи баланд лозим буд.
Ин ҳатмист, аммо агар шумо ихтисоси гуманитарӣ дошта бошед, пас дониши ибтидоии математика кофӣ аст”,- мегӯяд ӯ.
Шероз донишгоҳро бо ихтисоси European Studies (Аврупошиносӣ) хатм карда, кори хатмиашро бо ду забон – англисӣ ва фаронсавӣ ҳимоя кард.
Дар айни замон, Шероз дар Фаронса зиндагӣ мекунад ва бо мақсади такмили донишу малака ба кишварҳои гуногун меравад.
Шероз мегӯяд, ӯ ба Аврупо тавассути барномаи мубодилаи донишҷӯён, Erasmus Mundus, ки аз аониби Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст, роҳ ёфт.
Ин барнома имкон медиҳад, ки дараҷаи магистрро дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба даст оред.

“Ман ин солро дар Фаронса мегузаронам ва соли оянда бо шартнома ба Италия меравам”,- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Дар магистратура ӯ муносибатҳои байналмилалиро бо тамаркуз ба Аврупо меомӯзад ва қисми зиёди вақти ӯ асосан ба таҳсил сарф мешавад, мегӯяд ҷавон.
View this post on Instagram
Ҳамчун магистр, Шероз аксар вақт дар конфронсҳои илмӣ на танҳо дар кишвари таҳсил, балки дар хориҷа низ иштирок мекунад. Дар айни замон ӯ як қатор конфронсҳоро дар Юнон ва Португалия ба нақша гирифтааст.
“Пас аз хатми таҳсил ман якбора чор диплом ба даст меорам: ду диплом аз AUCA (амрикоӣ ва қирғизӣ) ва ду магистр аз донишгоҳҳои фаронсавӣ ва итолиёӣ”,- мегӯяд Шероз.
Донишҷӯ дар Фаронса ва корманди шуъбаи маркетинг дар Туркия
Пеш аз сафар ба Фаронса, Шероз се сол дар Истамбул (Туркия) зиндагӣ ва кор кардааст.
Азбаски ҷавон забони туркиро медонад, дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, дар шуъбаи маркетинги дафтари байналмилалии Истамбул корро идома медиҳад.
“Ин соҳа дар Туркия хеле рушд кардааст. Дар баробари ин, ман дар Истамбул курсҳои барномасозиро барои такмили малакаҳо омӯхтам”,- мегӯяд Шероз.
Пас аз омадан ба Фаронса тариқи барномаи Erasmus Mundus, дар донишгоҳ ӯ бо ҷавонони зиёде шинос шуд, ки онҳо низ ба воситаи ҳамон барнома ба он ҷо рафтаанд.
“Мо зуд дӯст шудем ва ҳоло таърих, фарҳанг, анъанаҳои худро бо ҳам мубодила мекунем ва кишварҳои якдигарро меомӯзем.
Бо ман дар гурӯҳ бачаҳо аз Италия, Бразилия, Колумбия, Юнон, Туркия, Салвадор, Булғористон ва бисёр кишварҳои дигар таҳсил мекунанд.
Дар донишгоҳ намояндагони зиёда аз 150 миллат таҳсил мекунанд, Аз Тоҷикистон, то ҷое медонам, дар айни замон худам танҳо ҳастам”,- мегӯяд Шероз.
View this post on Instagram
Азбаски Шероз пеш аз сафар ба Фаронса забон, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишварро хуб омӯхта буд, ӯро дигаргунии фарҳангӣ умуман ба ҳайрат наовард.
“Аммо, албатта, менталитети мо ба куллӣ фарқ мекунад”,- илова кард ӯ.
Барномаҳои таълимӣ – имконият барои дидани ҷаҳон
Саёҳат – ин кори дӯстдоштатарини Шероз аст, ки ӯро бениҳоят рӯҳбаланд мекунад.
Ҳанӯз дар давраи таҳсил дар AUCA, Шероз ба шарофати барномаҳои гуногуни таълимӣ ба саёҳат дар саросари ҷаҳон шуруъ кард.
“Ман сафарро аз донишгоҳ оғоз кардам. Дар ёд дорам, ки бори аввал ба Фаронса барои таҷрибаомӯзӣ барои намояндагии кишвари мо омада будам.
Ҳаяҷон, хушбахтӣ, шавқу ҳавас ба саргузаштҳои нав – аввалин эҳсосоти хурсандиовартарин ва хотирмонтарини ман аз он сафар”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
View this post on Instagram
Аз ин рӯ, барномаҳои академиеро, ки имкони таҳсил ва ё таҷрибаомӯзӣ, дар кишварҳои гуногунро медиҳанд, Шероз на танҳо ҳамчун имконияти хуб барои гирифтани таҳсили босифат, дониш ва таҷриба, балки имкон барои дидани ҷаҳон низ медонад.
Шероз Италияро аз кишварҳои дӯстдоштатаринаш медонад, ки ӯ ба он сафар кардааст. Аз ҳама бештар ӯро Венетсия мафтун кардааст, ки ба гуфтаи қаҳрамони мо, дар он ҷо сеҳру оромӣ ҳукмрон аст.
Шероз инчунин Португалияро хеле дӯст медорад, зеро дар он ҷо ӯ бори аввал уқёнуси Атлантикаро дид.
View this post on Instagram
Дар Бритониё, аниқтараш дар Лондон, қаҳрамони мо фазои шоҳона ва дар Швейтсария (Женева) бошад, тозагӣ, оромӣ ва сатҳи баланди зиндагиро дарёфт.
Ғайр аз забони модарии тоҷикӣ, Шероз забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, русӣ ва туркиро медонад.
Дар AUCA ҷавон забони қирғизиро омӯхт, ҳоло забони итолиёвиро меомӯзад ва ба наздикӣ ҳатто дар донишгоҳ бо забони итолиёвӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Пас аз дохил шудан ба AUCA, Шероз дар Instagram блоги худро пеш бурд. Дар саҳифаи худ қаҳрамони мо дар бораи барномаи Erasmus+, лаҳзаҳои сафар ва далелҳои ҷолиб аз таҷрибаомӯзии ройгон дар Фаронсаро, ки дар давоми таҳсил тариқи барномаи Amicif ду маротиба ба он ҷо сафар кардааст, нақл мекунад.
“Саҳифаро асосан барои шуғл дар бекорӣ нигоҳ медорам, зеро таҳсил ва кор барои ман муҳимтар аст, аммо бо вуҷуди ин, афзудани шумораи пайгирона дар шабакаҳои иҷтимоӣ маро шод мекунад”,- мегӯяд Шероз.
Ба нафароне, ки мехоҳад дар хориҷа таҳсил кунад, Шероз тавсия медиҳад, имкониятҳои гуногунеро дар шакли барномаҳои таълимӣ ҷустуҷӯ кунад, ки имрӯзҳо хеле зиёданд.
“Ба ҳамааш дархост фиристед, ба худ бовар кунед, аммо албатта аввал тарафҳои қавӣ ва сустиҳои худро хуб ба назар гиред, дар асоси ин, онҳоро такмил диҳед ва дар бораи он чизе ки мехоҳед, қарор қабул намоед.
Зеро, вақте шахс медонад, ки чӣ мехоҳад, касе ӯро боздошта наметавонад.
Бовар дорам, ки мо дар Тоҷикистон ҷавонони ояндадор зиёд дорем ва бовар дорам, ки ҳар кас сазовори беҳтаринҳо аст”,- таъкид кард ҳамсҳбати мо.
Дар оянда Шероз нақша дорад, ки лоиҳаҳои байналмилалиро барои рушди омӯзиш ва мубодилаи таҷриба ва фарҳангҳо бештар кунад.
Сомон Комилов
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо