fbpx

Гӯшвору анор аз гил. Ҳунарманди тоҷик бо кулолгарӣ рӯзгорашро пеш мебарад

Барои Исроил Шодиев кулолгарӣ танҳо ҳунар нест – ин як ҷузъи муҳими зиндагии ӯст, ки ба фарзандон ва аҳли оилааш нон медиҳад.


1
1 point
Исроил Шодиев, ҳунарманд. Ин ва дигар аксҳо аз муаллиф

Исроил Шодиев ҳунармандест, ки шеваи хоси эҷод дорад. Ӯ аз гил шаклҳои гуногуни маснуоти ороишӣ ва сувенир меофарад. Маҳсули дастонашро асосан сайёҳон ва бонувон харидорӣ мекунанд. Инчунин, мағозаҳои ҳунарҳои миллӣ низ ба ӯ фармоиш медиҳанд.

Ҳунарманд дар як ҳуҷраи хонаи худ барои худ шароити кор муҳайё карда, беш аз 20 сол боз машғули эҷод аст. Ӯ дар офаридаҳояш санъати анъанавиро бо  идеяҳи муосир зинда мекунад ва таваҷҷуҳи дӯстдорони ҳунари дастиро ҷалб месозад.

Исроил дар суҳбат бо муаллифи Your.tj дар бораи кору зиндагӣ, нозукиҳои ҳунари кулолгариву гилкорӣ ва тарзи кораш нақл кард.

Шавқу завқ ба ҳунар

Исроил Шодиев аз хурдсолӣ ба кандакорӣ ва сохтани шакли хоначаву мошинчаҳо шавқи беандоза дошт. Ба нақли худаш, ҳар рӯз шакли наверо месанҷид ё кӯшиш мекард, ашёи наверо омода созад.

“Ман дар муҳите калон шудам, ки намедонистам кулолгарӣ чӣ аст. Аммо сохтани чизҳои нав аз лой ё чӯбро дӯст медоштам. Дар хона як корд буд ва ман интизор мешудам, ки кай кори модарам бо он тамом мешаваду пинҳонӣ онро гирифта, чӯб метарошам”,- мегӯяд ӯ.

Қаҳрамони мо замони таҳсил дар мактаб ба ҳунар шавқи бештар пайдо кард. Вале чун талабот ба ихтисосмандони забонҳои хориҷӣ меафзуд, ӯ барои омӯзиши забони англисӣ таҳсили олиро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оғоз кард.

Аммо шавқу завқи ҳунар ӯро ором нагузошт. Аз ин рӯ, Исроил баъдан кулолгариро пеша кард.

“Солҳои 1995–1996 буд, ки ман ҳамчун шогирд барои омӯзиши ин ҳунар ба назди бародарам рафтам. Ӯ хатмкардаи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов аст. Тадриҷан ҳунари кулолгариро аз ӯ омӯхтам”,- нақл мекунад Исроил Шодиев.

Сайқали ҳунар

Исроил Шодиев мегӯяд, гарчанде ин ҳунарро аз худ карда бошад ҳам, вазъи номувофиқ ва шароити зиндагӣ ӯро маҷбур намуд, ки барои муддате роҳи муҳоҷиратро пеш гирад. Бо вуҷуди ин, қаҳрамони мо ҳангоми иқомат дар Москва низ дар пайи ҷустуҷӯи чизҳои нав буд.

“Дар зимистон кор кам буд, аз ин рӯ ман ба ҳунар машғул мешудам. Аввалин маротиба аз як барномаи телевизионӣ сохтани хонача аз чӯби гӯгирдро ёд гирифтам. Баъд се хонача сохта, ба дӯстонам тӯҳфа кардам. Ҳамчунин гулкорӣ дар рӯи тухмро омӯхта, барои наздиконам аз муҳоҷират савғотӣ овардам”,- нақл мекунад ӯ.

Ҳамин тавр, қаҳрамони мо баъди бозгашт ба Ватан аз гил сохтани гӯшвор ва сандуқчаҳои хурдро оғоз кард.

Одатан, пеш аз эҷод ва сохтани ҳар маснуот аввал тарҳи он таҳия мешавад. Исроил Шодиев вобаста ба номгӯйи маснуот – сандуқча, гӯшвор, савғотӣ (сувенир), фурӯзонакҳои гилӣ, лаълиҳои деворӣ ва дигар ашё чанд намуна омода карда, беҳтарини онро месозад. Агар фармоиш бошад, онро бо фармоишгар мувофиқа мекунад.

“Хокаш дигар аст…”

“Ҳунари кулолгарӣ барои ман на танҳо шуғл, балки зиндагист. Ҳар маснуоте, ки аз зери дастам мебарояд, як порчаи рӯҳу завқи ман аст. Сохтани гӯшвор ва сандуқчаҳои гилӣ раванди пурзаҳмат аст, аммо вақте мебинам, ки одамон бо муҳаббат онҳоро ба бар мекунанд ё ҳамчун ёдгорӣ нигаҳ медоранд, хастагиам гум мешавад”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Барои сохтани ҳар гуна маснуоти кулолӣ, пеш аз ҳама, интихоби гили мувофиқ зарур аст. Гили поку софро интихоб намуда, онро аз ҳар гуна хошок ва сангрезаҳо тоза мекунанд. Пас аз ин, бо даст ва баъзан бо асбобҳои махсус гилро чанд маротиба хам мекунанд, то мулоим ва чандир шавад.

“Ман ҳамеша ба сифати гил диққати ҷиддӣ медиҳам. Агар гил дуруст коркард нашавад, ҳангоми хушкшавӣ ё ҳангоми пухтан мекафад. Бинобар ин, хокро аз ноҳияи Панҷ мегирам.

Хоки он ҷо аз дигар хок дар он аст, ки дар таркибаш равған дорад. Баъд хокро бехта гил месозаму онро дар дока ё ягон матоъи тунуктар гирифта меполоям. Қадами дигар ин аст, ки гили нотайёрро гирифта, обашро ҷудо карда, онро сахт мекунам. Баъд ин гил ба мисли пластилин омода мешавад”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Ҳунари сохтани гӯшвор ва сандуқчаҳои гилӣ

Ҳунарманд барои сохтани гӯшвор, аввал гилро ба қолабҳои гаҷӣ, ки ба шакли доира, мураббаъ ё шаклҳои дигар ҳастанд, мерезад. Баъдан, тавассути асбобҳои махсус ё ҳатто бо ангуштон ба он нақшу нигор медиҳад.

Агар гӯшвор тарҳи мураккаб дошта бошад, қисмҳои алоҳидаи онро омода карда, баъд пайваст мекунад.

Барои сандуқча, аввал аз гил пояи асосӣ сохта мешавад. Қисмҳои он бо даст ё қолаб ба шакл дароварда, бо ҳам пайваст карда мешаванд. Сипас, сарпӯши он бо нақшу нигор оро дода мешавад.

“Баъзан ман нақшро бо ёрии кордҳои махсус ё чӯбчаҳо мекашам. Агар фармоиш махсус бошад, ҳатто ном ё рамзи шахсиро ҳам метавонам илова намоям”,- мегӯяд қаҳрамони мо

Пас аз шаклгирӣ, маснуот бояд пурра хушк шавад. Ин раванд метавонад аз чанд рӯз то як ҳафта давом кунад, вобаста ба ғафсӣ ва андозаи он. Хушккунӣ бояд дар ҷои сояафкан ва шамолрас анҷом дода шавад.

Пас аз пурра хушк шудан, маснуот дар танӯри махсус ё печка пухта мешавад. Ҳарорати пухтан одатан аз 900 то 1000 дараҷа мерасад. Ин раванд гилро сахт ва устувор мегардонад.

“Барои сарфаи маблағи барқ, якбора чанд ҷуфт гӯшвор омода карда, онро дар муддати 4 то 8 соат дар тафдон мепазам. Барои осонии кор ба ҳар як намуди гӯшворҳо ё сӯзанакҳои пеши бар қолаб омода кардаам”,- нақл мекунад Исроил.

Баъд аз пухтан, маснуотро қаҳрамони мо бо ранг оро медиҳад. Рангҳо ва нақшҳо ба маснуот дурахш ва устуворӣ мебахшанд. Барои гӯшвор, ҳалқаҳо ва қисмҳои металлии он пайваст карда мешаванд.

Баъзе гӯшворҳо бо сангҳо ё шишаҳои ранга зеб дода мешаванд. Сандуқчаҳо баъди рангкунӣ ва сирдоркунӣ омодаи истифода мешаванд.

Анор – рамзи бойигарӣ

Якчанд соли охир Исроил Шодиев таҳия ва сохтани маҷмӯи ороишоти миллӣ-анъанавии тоҷикиро аз рӯйи диди худ оғоз кардааст.

“Бештари вақт ба ман идеяи сохтани чизҳои навро харидорон ё фурӯшандагони маҳсулотам медиҳанд. Аксар вақт таклиф мешавад, ки шакли ош дар лаълӣ, қурутоб дар табақ ё ягон тарҳи маҳсулоти миллиро тайёр намоям. Чун анор рамзи бойигари ва серфарзанди аст ман онро дар шакли сандуқча омода кардам ва маҳсулотам харидорӣ зиёд пайдо кард”,- нақл мекунад Исроил Шодиев.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳоло анорҳои нашқшунигор кардаи ӯро бисёртар арӯсакҳои нав ё бонувони хориҷӣ харидорӣ мекунанд. Исроил ба ин монанд боз чандин тарҳҳои нави маснуоташро омӯхта пешниҳоди харидорон кардааст.

“Чизи хурд ҳамеша дилчасп мешавад мегӯянд. Аз ин рӯ ман низ фикр кардам, ки барои харидор пайдо кардан маснуоти хурдро бештар омода намоям. Дигар маҳсулоти серфармоиши ман ин сувенир ё савғотӣ аст, ки онро дар шакли духтари тоҷик бо либосҳои миллӣ омода месозам ва фурӯши хуб ҳам дорад”,- гуфт бо қаноатмандӣ ӯ.

Ҳунаре, ки хонаводагӣ шуд

Кулолгарӣ ҳоло на танҳо ҳунари Исроил, балки як суннати хонаводагӣ гаштааст. Дар нақшу нигори маснуоташ ба ӯ духтари калониаш, ки дар синфи 8 таҳсил мекунад ва ҷиянаш, ки донишҷӯи Донишкадаи дизайн ва санъат аст, кӯмак мерасонанд.

Ҳатто ҳамсари ӯ, ки қаблан танҳо мушоҳидагар буд, акнун ба кулолгарӣ завқ пайдо карда, гоҳ-гоҳе дар омода кардани маснуот саҳм мегузорад.

Барои Исроил кулолгарӣ танҳо ҳунар нест – ин як ҷузъи муҳими зиндагии ӯст, ки ба фарзандон ва аҳли оилааш нон медиҳад. Ӯ бовар дорад, ки ҳунари дастӣ танҳо вақте зинда мемонад, ки онро бо меҳр ва садоқат идома диҳанд.

С.У.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend