fbpx

Раиси Девони вазирони Қирғизистон ба Тоҷикистон омад

Интизор меравад, байни ду кишвар санадҳои ҳамкорӣ имзо гардад.


0
Акс: АМИТ "Ховар"

Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон бо як сафари корӣ имрӯз, 4-уми март ба Тоҷикистон омадааст.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки имрӯз дар Душанбе мулоқоти хосаи Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода бо Одилбек Қосималиев ва музокироти васеи ҳайатҳои ду кишвар баргузор мегардад.

Қарор аст, пас аз анҷоми мулоқотҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 феврал дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии сарҳади ду кишварро имзо гардида буд ва интизор меравад, охири моҳи март санадҳои ниҳоӣ аз тарафи президенти ду кишвар имзо гардад.

27 феврал раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Тошиев ҳангоми суханронӣ дар назди вакилони парлумони Қирғизистон ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард ва гуфт, ки ду кишвари ҳамсоя кадом қитъаҳоро иваз кардаанд.

Ҷузъиёти изҳороти Тошиевро дар ин ҷо хонед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend