fbpx

Наҷоти 7 нафар аз зери тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Ба ҷабрдидагон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, онҳо ба минтақаи бехатар интиқол дода шудаанд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан даст кашиданд.


0
Акс: КҲФ

3 март дар натиҷаи тармафароӣ дар 68 км роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳафт нафар мусофирони ду мошинро, ки аз Хуҷанд ба Душанбе мерафтанд, аз зери барф берун овардаанд.

Ба навиштаи ин ниҳод, ба ҷабрдидагон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, онҳо ба минтақаи бехатар интиқол дода шудаанд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан даст кашиданд.

Акс: КҲФ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвр то 6 март дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (62-74км) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, Кумита хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиеткор бошанд.

 

View this post on Instagram

 

A post shared by YOUR TJ (@your_tj)

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаи кӯҳӣ е дар қитъаҳои хатарноки роҳҳои автомобилгард бояд фосилаи муқаррарнамудаи ҳаракатро байни мошинҳо қатъиян риоя кунанд, менависад манбаъ.

КҲФ мегӯяд, дар ҳолати рӯбарӯ ё шоҳиди чунин ҳодисаҳо шудан, ба хадамоти наҷот ба рақамҳои: 223 13 11; 221 91 19 ё 93 880 28 19 занг занед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend