fbpx

Радиои Озодӣ: Дар як амалиёти мақомоти Русия дар Псков се муҳоҷири тоҷик кушта шудаанд

Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) кушташудагонро ба як созмони “байналмилалии террористӣ” пайванд дод, аммо номи ин созмонро эълон накард.


0
Муҳоҷирони кушташуда Акс: Радиои Озодӣ

Мақомоти Русия дар пайи ба навиштааи худашон “пешгирӣ аз эҳтимоли ҳамлаи террористӣ” дар Псков се муҳоҷири тоҷикро куштаанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Мақомоти ин кишвар аз ин амалиёт 13-уми феврал хабар доданд ва гуфтанд, ки ду зодаи Осиёи Марказӣ ҳадафи тарконидани истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Псковро доштанд.

Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) кушташудагонро ба як созмони “байналмилалии террористӣ” пайванд додааст, аммо номи ин созмонро эълон накардааст.

Чанд муҳоҷири тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳамдиёрони онҳо Парвиз Рустамов, Ҷовид Ҷумъаев ва Азизҷон Аъзамқулзода дар амалиёти мақомоти амниятии Русия дар як бӯстонсаро дар канораи шаҳри Псков кушта шудаанд.

Вале расонаҳои Русия менависанд, ки онҳо дар ҳоли омода кардани бомбаи худсохт барои таркондани истгоҳи роҳи оҳан кушта шудаанд.

Парвиз Рустамов аз шаҳри Турсунзода, Ҷовид Ҷумъаев ва Азизҷон Аъзамқулзода аз шаҳри Панҷакент будаанд, менависад Озодӣ.

Онҳо дар ресторани “Чайхона”-и шаҳри Псков кор мекарданд ва баъдан Ҷовид дар инҷо монда, Азизҷон дар маркази савдои “Акваполис” ба кор даромада, Парвиз таксирон шудааст.

“Бояд омӯзем, ки онҳо кай ба муҳоҷират рафтанд, бо кӣ ҳамнишину ҳамхез буданд, шароити оилавиашон чӣ хел аст, таҳсилоти онҳо ва фикру ақидаронии онҳо чихел буд?”, – гуфтааст Мурод Шукурзода, муовини раиси шаҳри Панҷакент.

Ин ҳодиса боиси ба таҳлука афтодани муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Псков шудааст.

Пас аз ҳамла ба “Крокус” дар моҳи марти соли 2024, ки мақомоти Русия аксарияти гумонбарони онро шаҳрвандони Тоҷикистон ном бурд, тафтишу ихроҷи муҳоҷирон, махсусан зодагони Осиёи марказӣ афзуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend