fbpx

Прокурори генералӣ шумораи муҳоҷирони тоҷикро, ки Русия соли гузашта “бозгардондааст”, гуфт

Ба гуфтаи ӯ, дар давоми соли 2024 фақат аз фурудгоҳҳои Русия 17 ҳазору 815 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд.


0
Ҳабибулло Воҳидзода, прокурори генералии Тоҷикистон

Ҳабибулло Воҳидзода, прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус” боис шуд, ки дар Русия қонунҳои нави муҳоҷират қабул гардад ва онҳо “ҳуқуқҳои муҳоҷиронро маҳдуд мекунанд”.

Ӯ дар нишасти хабарии рӯзи 14 феврал қайд намуд, ки муҳоҷиронро акнун бо сабабҳои ночиз бозмегардонанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

“Бинед чӣ хел мушкилиҳоро ба миён овард. Ҳатто фарқ дар миқдори бозпасгардонидашудагон назар ба солҳои пеш хеле афзудааст. Агар солҳои пеш фақат 1000 нафар буд, ҳоло қариб аз 30 ҳазор ҳам гузаштааст. Дар соли 2024 фақат аз фурудгоҳҳои Русия 17 ҳазору 815 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд”,- гуфт Воҳидзода.

Прокурори генералӣ афзуд парвандаи “Крокус”-ро мақомоти Русия мустақилона тафтиш ва баррасӣ мекунанд.

“Агар ба мо муроҷиат кунанд, омода ҳастем бо онҳо ҳамкорӣ кунем”,- қайд намуд Ҳабибулло Воҳидзода.

Ёдовар мешавем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Ҳолл”-и Москва 22-юми марти соли 2024 рух дод, ки дар натиҷа 145 нафар ба ҳалока расида, беш за 550 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи иттилои Хадамоти федеролии амнияти Русия дар пайванд ба ин парванда 20 нафар боздошт шудааст.

Пас аз ин ҳамла, ки гумонбарони асосии он шаҳрвандони Тоҷикистонанд, чанд қонунҳои зиддимуҳоҷиратӣ дар Русия қабул шуда, тафтишу фишор ва ихроҷи муҳоҷирон, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон афзуд.

Дар бораи қонунҳои нави Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ҷо маълумот гиред


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend