fbpx

Баҳси “лимит”-и барқ ва реҷаи он дар “Барқи тоҷик”

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” 11-уми феврал гуфт, барқ дар кишвар аз соати 8 то 17 ва аз соати 22 то 5-и субҳ қатъ карда мешавад.


0
Акс: Your.tj

Баҳси “лимит”-и барқ ва иҷро нашудани реҷаи муайяншудани таъмини аҳолӣ бо барқ дар нишасти хабарии “Барқи тоҷик” садо дод.

Маҳмадумар Асозода раиси ширкати “Барқи тоҷик” 11-уми феврал гуфт, барқ дар кишвар аз соати 8 то 17 ва аз соати 22 то 5-и субҳ қатъ карда мешавад.

Яъне мувофиқи ин реҷа дар минтақаҳое, ки “лимит”-и барқ ҷорӣ аст, бояд аҳолӣ 8 соат бо барқ таъмин шаванд. Аммо новобаста аз ин сокинони минтақҳои гуногуни кишвар шикоят мекунанд, ки реҷаи муайяншудаи маҳдудияти барқ иҷро намешавад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Асосоза раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфт норасоии нерӯи барқ дар кишвар мавсимӣ буда, танҳо дар фасли тирамоҳу зимистон ба назар мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 гуфт, аз моҳи майи соли 2027 Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли нерӯи барқ дар “Роғун” ва силсилаи нерӯгоҳҳои дарёи Вахш норасоии нерӯи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон пурра ба “истиқлолияти энергетикӣ” ноил мегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend