Муин Ғафуров, размикори тоҷик (20-6) дар вазни сабук дар мусобиқаи UFC 311 дар Иглвуди ИМА бо Риня Накамураи ҷопонӣ (9:1) қувваозмоӣ карда, пирӯзӣ ба даст овард.
Мубориза, тибқи нақшаи пешакӣ дар се раунд доир гардид. Он бо пирӯзии Ғафуров бо қарори якдилонаи доварон анҷом ёфт. Ҳарсе раунд бо ҳисоби 30-27 анҷом ёфт.
Ҳоло Ғафурови 28-сола як силсилаи пирӯзӣ дар ду набард ва рекорди 2-2 дар UFC дорад.
Ин аввалин бохти касбӣ барои Накамураи 29-сола буд. Қабл аз ин, ӯ дар UFC як силсилаи пирӯзӣ дар се ҷанг дошт.
Ёдовар мешавем, ки размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев пас аз осеб дигарбора баргашт ва рӯзи 11-уми январ бар намояндаи Амрико Ҷо Солекки (13-6) бо қарори якдилонаи доварон зафар ёфт.
Муҳаммад Наимов (11-3) муқобили намояндаи Австралия Каан Офли (11-3-1) рӯзи 1-уми феврал дар Риёз мубориза мебарад.