fbpx

Модару духтар як занро бо кӯдакаш латукӯб кардаанд

Онҳо ҷабрдидаро мавриди бозпурсӣ ва сипас латукӯб қарор дода, ба навор гирифтаанд, инчунин телефони мобилии ӯро бо як ҷуфт гӯшвори нуқрагинаш зада шикастаанд.


0
Акс: Ахбори ВКД

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон як наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ кардааст, ки дар он дида мешавад, як зан бо кӯдаки ноболиғаш аз ҷониби ду зани дигар мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, Савсанбии Ҷиёнхони 30-сола, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин моҳи декабри соли 2023 бо сабаби рашк Кибриёи Забир, як зани 34-солаи сокини муваққатии шаҳри Кӯлобро ҳамроҳи кӯдаки ноболиғаш ба хонааш даъват намуда, занро латукӯб ва кӯдакашро бо тасма задааст.

Садбарг Валиеваи 57-сола – модари Савсанбӣ Кибриёи Забирро мавриди бозпурсӣ ва сипас латукӯби бераҳмона қарор дода, онро ба навор гирифта,  ва аз мӯи сари ҷабрдида ба ҳар тараф кашола карда, ӯро мавриди озору азият ва шиканҷаи шадид қарор додааст.

Ба ин қонеъ нашуда, писарбачаи ноболиғи ҷабрдидаро, ки ҳамагӣ 3 сол дошт бо тасмаи резинӣ ва бо бераҳмии махсус якчанд маротиба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, Савсанбии Ҷиёнхон телефони мобилии тамғаи Самсунги ҷабрдидаро бо як ҷуфт гӯшвори нуқрагинаш зада шикаста, корношоям кардааст.

Нисбати гумонбар Савсанбии Ҷиёнхон тибқи моддаи 117 қисми 2 бандҳои «а, в» Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Инчунин, ба рафтори модари дастгиршуда ва дигар иштирокчиёни ҳодиса, ки дар муноқиша иштирок доштанд, баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend