Баъзе корҳои сохтмонӣ, ки дар роҳи Душанбе-Қулма ҷараён доранд, ба талабот ҷавобгӯ нестанд, қайд намуд вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари кории худ ба ВКМБ рӯзҳои 3-4-уми январ.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, вазири нақлиёт қитъаи таҷдидшавандаи роҳи «Қалъаихумб-Ванҷ»-и шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе–Кулма»-ро аз назар гузаронида, ба сифати корҳои анҷомдодашуда таваҷҷуҳ зоҳир кард.
«Новобаста ба он ки дар умум суръату сифати корҳо чандон бад набуданд, аммо дар баъзе қитъаҳо кор ба талабот ҷавобгӯ нест»,- гуфта мешавад дар хабар.
Вазир аз раванди кор дар нақби дуюм, хусусан аз портали баромади нақб изҳори нигаронӣ кард. Гарчанде, вобаста ба резиши рег ва ноустувор будани ҷинсҳои кӯҳӣ кори сохтмончиён каме мушкил шуда бошад ҳам, аммо ташкили кор ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Корҳои дигар тибқи нақша идома доранд. Роҳсозон барои дар оянда рух надодани резиши сангу рег, ки метавонад боиси вайроншавӣ ва басташавии роҳ гардад, баландиҳои кӯҳро бо истифода аз экскаватори гидравликӣ ҳамвор мекунанд.
Вазири нақлиёт ба коргарон ва мутахассисон барои саривақт ва босифат ба итмом расонидани корҳои сохтмону бастабандӣ супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки корҳои таҷдиду навсозии қитъаи «Дарвоз-Ванҷ-даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон»-и роҳи автомобилгарди байналмилалии «Душанбе–Қулма» моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардиданд.
Қаблан ин қитъаи 109-километраро ронандагон бо сабаби омадани сел ва сангрезӣ бо мушкилоти зиёд тай мекарданд.
Гуфта мешавад, дар лоиҳаи қитъаи таҷдидшаванда, ки аз ҷониби мутахассисони КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёти ҶТ иҷро шудааст, ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шудаанд.