fbpx

Як зодаи Тоҷикистон дар суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines” фавтидааст

Марги Зинатулло Саъдуллоевро яке аз дӯстони наздикаш Беҳрӯз Шарифов дар суҳбат ба Your.tj тасдиқ карда гуфт, ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд.


0
Зинатулло Саъдуллоев. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар миёни мусофирони ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines”, ки рӯзи 25-уми декабр суқут кард, дастикам ду зодаи Тоҷикистон низ будаанд. Марги як нафари онҳо – Зинатулло Саъдуллоевро яке аз дӯстони наздикаш дар суҳбат ба Your.tj тасдиқ кард.

Ба гуфтаи Беҳрӯз Шарифов, Зинатулло ҳамагӣ даҳ рӯз пас 29-сола мешуд. Ӯ шаҳрвандии Русияро дошт ва бо корҳои гуногун машғул буд.

“Дар сохтмон кор мекард, замоне такси меронд, ҳатто шаурма ҳам мефурӯхт”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ӯ гуфт, Зинатулло оиладор ва соҳиби як духтару як писар буд. Ҳамсуҳбати мо нагуфт, ки Зинатулло чаро ба Озарбойҷон рафта буд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо менависанд, ки тақдири Зинатулло ҳанӯз маълум нест. Ӯ зодаи ноҳияи Файзободи Тоҷикистон буд ва аз соли 2020 шаҳрвандии Русияро дошт.

Наздиконаш ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд, ки ӯ аз Боку ба Грозний парвоз мекард.

Субҳонқул Раҳимов мусофири дигари ин ҳавопаймо зодаи деҳаи Нарвади ноҳияи Айнӣ аст, ки шаҳрвандии Русияро дорад ва ба навиштаи “Газета.ру” солҳо боз бо хонаводааш дар дар шаҳри Екатеринбурги Русия зиндагӣ мекунад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Ӯ дар ин ҳодиса аз пешониаш каме осеб гирифтааст. Дар як наворе, ки ӯ чанд дақиқа пеш аз суқути ҳавопаймо дар дохили он сабт кардааст, такрор калимаи шаҳодатро мехонд.

Баъди афтидани ҳавопаймо Раҳимов дар навори дигар худ ва пораҳои ҳавопайморо нишон дода, мегӯяд, “халабон ҳалок шуд”.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Дар рӯйхати мусофирони парвози ширкати “Azerbaijan Airlines”, ки расонаҳои Қазоқистон ва ҳам худи ширкат нашр кардааст, номи Субҳонқул Раҳимов  ва Зинатулло Саъдуллоев омадааст.

Дар бораи сарнавишти ин зодагони Тоҷикистон мақомот то ҳол расман шарҳ надодаанд.

Ҳавопаймои ширкати “Azerbaijan Airlines”, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар 30 километрии минтақаи Оқтау, дар ҷануби Қазоқистон суқут кард.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Канат Бозумбаев, муовини нахуствазири Қазоқистон гуфтааст, аз 67 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, 38 нафар ба ҳалокат расида, 29 каси дигар зинда монданд. Аҳволи 11 мусофири зиндамонда вазнин гуфта мешавад.

Аз 67 мусофир ва ҳайати парвоз, 42 нафарашон шаҳрвандони Озарбойҷон, 6 кас аз Қазоқистон, 3 нафар қирғизистонӣ ва 16 каси дигар табааи Русия будаанд.

Сабаби суқути ҳавопаймо расман шарҳ дода нашудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend