fbpx

Фиреб ба маблағи қариб 2 млн. сомонӣ. Як сокини Душанбе дастгир шуд

Номбурда аз як нафар маҳсулоти барқӣ ба маблағи 1 миллиону 770 ҳазор ва аз нафари дигар 70 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағҳоро барнагардондааст.


0
Акс: ВКД

Як сокини Душанбе ба қаллобӣ ба маблағи наздики 2 миллион сомонӣ гумонбар мешавад.

Милитсияи пойтахт сокини 46-солаи шаҳри Душанбе И.З.-ро ҳамчун гумонбар дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир кард.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, номбурда аз шаҳрванд Бахтиёр И. маҳсулоти барқӣ аз қабили трансформатор ва ноқилҳои гуногуни барқиро ба маблағи 1 миллиону 770 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағҳояшро бозпас нагардондааст.

Инчунин, аз як сокини дигари пойтахт 70 ҳазор сомонӣ маблағи нақд гирифта, ӯро низ фиреб додааст.

Манбаъ меафзояд, оид ба далелҳои мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend