fbpx

Хроникаи кушторҳо дар як шаҳр. Дар давоми 8 моҳ дар Конибодом 23 нафар кушта шуданд

Дар байни кушташудагон 8 кӯдаки ноболиғ низ ҳаст. Бо вуҷуди изҳороти мақомот дар бораи боздошти гумонбарон, кушторҳо идома ёфтанд.


1
1 point
Акси марбута

Кушторҳо дар Конибодом ва маҳаллаҳои атрофи он дар охири моҳи март оғоз ёфт. Дар давоми 8 моҳ, тибқи иттилои расонаҳо, ҳадди аққал аъзоёни ҳафт оила, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи боздошти ду гумонбар гузориш доданд. Яке ба ҳабси абад, дигаре ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо кушторҳо идома ёфтанд. Дар як ҳафтаи охир дар Конибодом даҳ нафар аз се оила кушта шуданд.

Мо тамоми пайдарҳамии (хронология) ҳодисаҳои кушторҳои имсол дар Конибодомро ҷамъ овардем.

Куштори аввал

Аввалин куштор шаби 28 ба 29-уми март рух дод. Гуфта мешавад, Муҳиддин Шарифови 65-сола гӯё ҳамсараш Марям Шарифова, келини хона Фирӯза Шарифова ва набераҳояш Абубакр Шарифов ва Азиз Кабирзодаро кушта, баъд худро овехтааст. Баъдтар ин фарзия рад карда шуд.

Ба гуфтаи писари Шарифов, ки он вақт дар Русия буд, ҷинояткорон тилло, пули нақд бо доллар, сомонӣ ва рубли русӣ ва дигар молу мулкро аз хона дуздидаанд.

«Дар бадани падарам ҷароҳатҳои зиёд буданд, ӯро латукӯб кардаанд. Занам, модар ва дигар наздиконам аз падарам шикоят надоштанд»,- гуфт ба Радиои Озодӣ Кабир Шарифов, писари Муҳиддин Шарифов, ки тамоми оилаашро куштаанд.

Ба гуфтаи Кабир Шарифов, пас аз се моҳ аз падари вафоткардааш айбдоркунӣ бардошта шуд.

Куштори дуюм

Куштори дуюм шаби 17-уми апрел дар деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом рух дод. Зану шавҳари 70-сола Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ Иноят Урмонова кушта шуданд.

Пас аз 21 рӯз Шарифҷон Ашӯров, бародари Музаффар Урмонов бо гумони куштори онҳо боздошт шуд.

Бо вуҷуди он ки ҳамаи хешовандон ва фарзандони ҷуфти кушташуда ва фарзандони гумонбари куштор ба гуноҳкории мард бовар надоштанд ва далел оварданд, ки дар шаби куштор Ашӯров ба ҳеҷ куҷо нарафтааст, мард дар куштор гунаҳкор дониста шуд ва 12-уми декабр ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Куштори сеюм ва чорум

Шаби 28 ба 29-уми май дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом шаш узви ду оила кушта шуданд. Як оилаи кушташудагон тоҷикон, оилаи дигар қирғизҳо мебошанд.

Оилаи тоҷикон аз се нафар иборат буд: Маҳбуба Аҳмадоваи 38-сола ва ду фарзанди ноболиғи ӯ – Нозанини 17-сола ва Дамири 14-сола.

Ба гуфтаи хешовандони ин оила, дар бадани онҳо осори марги маҷбурӣ мавҷуд буд. Маҳбуба Аҳмедова дар беморхонаи деҳа ҳамчун ҳамшираи тиббӣ кор мекард ва фарзандонаш мактабхон буданд. Шавҳари Маҳбуба, Баҳодур Аҳмадов дар вақти куштор дар Русия кор мекард.

Оилаи қирғизҳо низ аз се нафар иборат буд: Зулҳо Иброҳимоваи 54-сола, бародари 47-солаи ӯ Абдуфаттоҳ ва Қурбонгули 46-сола. Шаби куштор се фарзанди Абдуфаттоҳ ва Қурбонгул Иброҳимова низ бо онҳо буданд ва зинда монданд.

Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, аксари хешовандони ин оила дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Зулҳо Иброхимова дар деҳаи Санҷидзор муовини директори мактаб буд. Дар ин мактаб асосан кӯдакони қирғизҳои маҳаллӣ таҳсил мекунанд.

Дар ин ду куштор посбони 42-солаи мактаби деҳаи Санҷидзори ноҳияи Конибодом Марат Сатторовро айбдор карданд. Дар охири моҳи ноябр Суди Олии Тоҷикистон ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Куштори панҷум

Шаби 8 ба 9-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом ҷасади 6 узви як оила – зану шавҳар ва 4 фарзандашон дарёфт шуд.

Ҷасади сардори оила Наимҷон Неъматови 37-соларо дар дарахт овезон, ҳамсараш Нафиса Неъматоваи 33-соларо бо кӯдаконаш – се духтари яке 13-сола, дугоникҳои 10-сола ва писарбачаи 2-сола бо “нишонаҳои буғӣ кардан” пайдо карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин куштори оммавӣ, ки моҳи март рух дод, ҷасади сарвари оила низ овезон ёфт шуд. Аввал ин мардро ба кушторҳо гумонбар карданд, ки гӯё ӯ наздикони худро куштааст, вале баъдтар айбдоркунӣ бардошта шуд.

Куштори шашум ва ҳафтум

Шаби 15-уми декабр дар шаҳри Конибодом боз чор нафар кушта шуданд. Инҳо аъзои ду оила мебошанд. Ҳодиса дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ) рух дод.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар – Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва Зарнигори 28-сола ва ду каси дигар модару писар – Ойиша Шокирова 70-сола ва Ҷавлон Шокирови 44-сола буданд.

То ҳол ин хабарро расман шарҳ надодаанд. Ҳисорак деҳаи хурде дар наздикии маркази Конибодом аст.

Изҳороти расмӣ

Аввалин ва ягона изҳороти расмии Вазорати корҳои дохилӣ танҳо 8-уми август дар нишасти матбуотӣ садо дод. Се моҳ пас аз куштори аввал Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ хабар дод, ки куштори чанд узви панҷ оила дар ин шаҳр «дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ» содир шудааст.

Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон ӯ гуфт, ки ин кушторҳо ягон сирре надоранд ва аксари онҳо дар заминаи низоъи оилавӣ содир шудаанд.

«Се куштор ошкор шуд, ки дутои онҳо дар заминаи низоъи оилавӣ содир шудаанд. Куштори Шарифовҳо ва Умаровҳо. Парвандаҳои ҷиноятӣ ба зудӣ барои баррасии минбаъда ба суд супорида мешаванд. Дар бораи куштори оилаи Аҳмадовҳо ва Иброҳимовҳо гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии ВКД ва Прокуратураи генералӣ кор мекунад. Парванда муҳри махфӣ гирифт ва мо наметавонем тафсилотро пешниҳод кунем»,- гуфт ӯ.

12-уми декабр ҳукми, Шарифҷон Ашурови 66-сола барои кушторе, ки ӯ гӯё дар моҳи апрел содир кардааст ва Марат Сатторови 42-сола барои кушторҳое, ки гӯё дар охири моҳи май содир кардааст, маълум шуд.

Марди якум ба 20 соли зиндон ва дуюм ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Одамон бо либоси сиёҳ

Аз аввалин куштор аҳолии шаҳри Конибодом ва деҳоти атрофи он ба тарс афтоданд.

Дар моҳи июн Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои мардуми Конибодом хабар дод, ки одамон бо либоси сиёҳ дар тан кӯшиши ворид шудан ба хонаҳои онҳоро карданд.

Барои тасдиқи суханони худ, яке аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои камераҳои назоратиро нашр кард, ки дар он марде бо либоси сиёҳ ва ниқоб кӯшиш мекунад ба хона ворид шавад.

Шахси шубҳанок бо либоси сиёҳ дар ҳавлии хонаи оилаи Мақсудовҳо дар маркази Конибодом 11-уми июн пайдо шуд. Шахси номаълум кӯшиш кард, ки ба соҳибони хона наздик шавад, аммо фарёди онҳо ҳамлагарро тарсонд.

Сокини Конибодом Мақсуда Қодирова гуфт, ки пас аз шаби он ҳодиса онҳо ба милитсия занг заданд, аммо кормандони он танҳо пас аз як соат расид.

«Ба саволи мо, ки чаро дер омадед, кормандони милитсия гуфтанд, ки дар ду рӯзи охир ба онҳо чунин муроҷиатҳо зиёд шудаанд. Онҳо ба ҳавлӣ даромаданд, ҳама ҷоро тафтиш карданд. Баъд ба онҳо боз занг заданд ва рафтанд. Ҳамлагаронро бояд дастгир кард. Мо хеле метарсем. Мо хоби оромро фаромӯш кардем»,- мегӯяд ҳамсӯҳбат.

Дар дигар минтақаҳои Конибодом сокинон тасмим гирифтанд, ки барои ҳимояи хона ва оилаҳои худ мустақилона чораҳо андешанд – баъзеҳо хонаҳоро маҳкам мекунанд, дигарон дар назди худ асбобҳои хоҷагӣ, ба монанди панҷшоха, табар, кордро гирифта хоб мераванд.

Сокинони танҳои Конибодом ё дари хонаҳояшонро мебанданд ва аз Конибодом ба дигар минтақаҳо мераванд ё аз тарс ба назди хешовандони наздикашон барои шабгузаронӣ мераванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend