fbpx

Дар Шуғнон як “Танген” ба дарё ғарқ шуд. Ҷасади ронандаро меҷӯянд

Дар ин садама ронанда аз дохили мошин берун, ба дарё ғарқ шудааст, менависад манбаъ ва ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад.


1
1 point
Акс: КҲФ

Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ марди 54-солаи сокини деҳаи Пиш, ҳангоми рондани автомашинаи тамғаи «Танген» аз деҳаи Пиш ба сӯи деҳаи Даштак идораи нақлиётро аз даст дода, ба чуқурии 30 метр сарозер шуда, ба дарёи Панҷ ғарқ шудааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.

Ҳодиса 30 ноябр, баъди нисфирӯзӣ дар километри 20-уми шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим рух додааст. Ҳангоми садама дар мошин танҳо ронанда буд.

Мутаассифона, дар садама ронанда аз дохили мошин берун, ба дарё ғарқ шудааст, менависад манбаъ. Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади ронанда идома дорад.

Кормандони КҲФ мошинро аз об берун кашидаанд.

Сабабҳои ин ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

КҲФ хотиррасон мекунад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои пурхатари кӯҳӣ ҳарчи бештар ҳушёр бошанд.

Суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
13
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend