Нисбати ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ин ҷавон 30-юми июли соли 2024 аз комиссияи тиббии Комисариати ҳарбӣ гузашта, қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шудааст.
Вале баъди гирифтани даъватнома «бе ягон сабаби узрнок ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудааст».
Ба иттилои ВКД, бар зидди ин ҷавон мувофиқи қисми 1 моддаи 343 Кодекси ҷиноятӣ (Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва тафтишот идома дорад.
Мувофиқи ин банди Кодекси ҷиноятӣ ҷавонро аз 36 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ин бора назари ҷавон ё наздиконаш дастрас нест.
Чанд ҳафта пеш мақомот аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як ҷавони 22-сола аз ноҳияи Зафаробод хабар дода буданд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ин ҷавон ба ҷойи рафтан ба артиш, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати мудофиаи кишвар рӯзи 16-уми ноябр дар Тоҷикистон нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид.
Мақомот ҳамасола аз афзудани сафи ихтиёриён мегӯянд. Аммо тарзи ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ зуд-зуд ба расонаҳо роҳ меёбад.
Ба гуфтаи коршиносон, бадрафторӣ, меҳтарсолорӣ ва шароити пасти зиндагӣ боиси саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ мегардад.