fbpx

Ҳамқадами замон. Чӣ тавр омӯзгори собиқадори тоҷик омӯзишро тариқи интернет ба роҳ монд

Омӯзгори собиқадор мехоҳад дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки асосан ҷавонон он ҷо вақти худро мегузаронанд, наворҳои омӯзиширо бештар кунад.


0
Раҳима Ҳайдарова дар байни шогирдон, акс аз бойгонии шахсӣ

Қаҳрамони мо муаллимаи забони русӣ аст. Омӯзгори собиқадор бо беш аз 40 соли фаъолият имрӯз методҳои муосири таълимро истифода мебарад. Ҳоло дар Instagram ва Telegram саҳифа кушодааст, то ба забономӯзон ва шогирдонаш дар роҳи омӯзиши забони русӣ кӯмак намояд.

Муаллифи Your.tj бо Раҳима Ҳайдарова соҳиби саҳифаи zaboni.rusi.omuz дар Instagram ва Telegram суҳбат кард.

“Корамро хеле дӯст медорам”

Раҳима Ҳайдарова омӯзгори забони русӣ аст. Ӯ собиқаи беш аз 40-солаи омӯзгорӣ дорад. Ҳоло дар Instagram ва Telegram саҳифае бо номи zaboni.rusi.omuz боз кардааст.

Ба ин васила ҳам аз методҳои муосири таълим истифода мебарад ва ҳам ба онҳое, ки мехоҳанд забони русиро омӯзанд, кӯмак мерасонад.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳарчанд бознишаста аст, вале корашро хеле дӯст медорам.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ/ РУС.ЯЗ. (@zaboni.rusi.omuz)

“Аслан фикри дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушодани саҳифаи омӯзишӣ надоштам. Вале дар вақти дарс бисёр иштибоҳоту мушкилоти донишҷӯёнро дида, қарор додам, саҳифаи омӯзишӣ боз намоям”,- нақл кард қаҳрамони мо.

Кушодани саҳифа бо хоҳиши шогирдон

Ҳайдарова мегӯяд, ҳангоми дарсҳо шогирдонаш аз ӯ бисёр мепурсиданд, ки оё дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи омӯзишӣ дорад ё на.

“Дар раванди дарсҳо донишҷӯён чандин бор суол карданд, ки оё ман дар Ютуб ё дигар шабака саҳифаи омӯзишӣ дорам ё на, ки ғайр аз дарс аз онҷо дониши иловагӣ гиранд. Пас аз ин суолҳо қарор додам аввал дар Instagram баъд дар Telegram саҳифаи омӯзишӣ кушоям”,- нақл кард ӯ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ/ РУС.ЯЗ. (@zaboni.rusi.omuz)

Ҳоло қаҳрамони мо дар Instagram беш аз 11 ҳазор обуначӣ дорад. Дар Telegram ӯро наздикӣ 300 нафар пайгирӣ мекунанд.

Мавзӯи наворҳои саҳифаи ӯ тарзи дурусти талафузи калимаҳои русӣ ва гармматикаи ин забон мебошад. Дар Telegram барои шогирдонаш тестҳо, луғатҳо ва матнҳо мегузорад. Инчунин ба онҳо имкон медиҳад, ки дар гурӯҳ бо ҳам муошират карда, забондонии худро сайқал диҳанд.

Дур аз тамошои сериалҳо, вале шавқманд ба омӯзиш

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран ҷавонон саҳифа кушода, пеш мебаранд. Вале қаҳрамони мо ба сину соли худ нигоҳ накарда, худаш сабт ва танзим мекунад.

Албатта ба ӯ аъзоёни оила низ гоҳ-гоҳе кӯмак менамоянд.

Раҳима Ҳайдарова

“Аъзоёни оила ин фикрро хеле хуб пазируфтанд, чун медонанд, ки ман бекор нишаста наметавонам, аз барномаҳои телевизион дур ҳастам, сериалҳо тамошо намекунам, шавқ надорам”,- қисса кард Ҳайдарова сабаби рӯ овардан ба омӯзиши онлайниро.

Ӯ омӯзишро дӯст медорад ва мегӯяд, “то ҳол кӯшиш мекунам, дар ҷараёни таълим муосир бошаму аз методҳои нави омӯзиш бархӯрдор гардам”.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ/ РУС.ЯЗ. (@zaboni.rusi.omuz)

Қаҳрамони мо ҳафтае дар саҳифааш 4-5 мавод нашр мекунад. Ӯ мегӯяд, наворгирӣ ва танзими он вақтро бисёр мегирад.

“Баъзан аъзоёни оила кӯмак мекунанд, баъзан худам навор мегирам. Навору танзими видеоҳо кори вақтгир аст, баъзан маҷбур мешавӣ чанд бор навор гирӣ. Ман ин корҳоро баъд аз дарс анҷом медиҳам”,- мегӯяд Ҳайдарова.

Ӯ аз кори худ лаззат мебарад. Чун ба ин восита фарогирии бештар пайдо мекунад.

Баъзан вақт шогирдон дар ин ё он мавзуъ иштибоҳ мекунанд ва ё дарк намекунанд, дар қаҳрамони мо идеяи таҳияи маводи видеоӣ пайдо мешавад.

“Маъмулан мавзӯи видео дар раванди дарсҳо аз руйи иштибоҳоти шогирдон пайдо мешавад. Баъзан обуначиён барои видео мавзӯъҳои гуногун пешниҳод мекунанд”, – шарҳ дод ӯ.

Таҷрибаи бойи омӯзгорӣ

Раҳима Ҳайдарова ба ғайр аз пеш бурдани блог, инчунин ба кори омӯзгории худ идома дода истодааст. Ӯ ба шакли ҳузурӣ ва онлайнӣ ба шогирдони худ, ки ҳам аз дохили кишвар ва ҳам аз берун ҳастанд, дарс мегӯяд.

“Бештар аз Русия шогирдон муроҷиат мекунанд. Онҳое, ки дар он ҷо кор мекунанд ва мехоҳанд дониши худро сайқал диҳанд. Инчунин аз Эрон донишҷӯён ҳастанд, ки мехоҳанд забони русиро донанд”,- нақл кард ӯ.

Раҳима Ҳайдарова зодаи Душанбе аст. Соли 1977 пас аз хатми мактаби рақами 23-и шаҳри Душанбе ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1982 донишгоҳро хатм кардааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ/ РУС.ЯЗ. (@zaboni.rusi.omuz)

Ӯ пешаи омӯзгориро дар филиали Донишгоҳи давлатии оӯзгорӣ дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) оғоз кардааст. Баъди се соли кор дар ин муассиса ба Душанбе баргашта, дар муассисаҳои гуногун ба омӯзгорӣ машғул буд.

Дар муассисаи хусусии омӯзишӣ-фарҳангӣ “Шумо” ва марказҳои омӯзишии “Yes” (“Арсаи ҳаёт”), “Дониш”, “Ҷилои дониш”, “AtS” ва ғайра ҳамчун омӯзгори забони русӣ кор кардааст.

Ҳоло мехоҳад дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки асосан ҷавонон он ҷо вақти худро мегузаронанд, наворҳои омӯзиширо бештар кунад ва дар забондонии онҳо саҳм гузорад.

Идибеки Саид, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend