fbpx

“Пораи диламро додам”. Чӣ тавр дар Тоҷикистон фарзанди худро ба тарбияи оилаи дигар медиҳанд

Дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон низ чунин таҷриба хеле маъмул аст, аммо номи махсуси он ва анъанаи интиқоли кӯдак вуҷуд надорад.


1
1 point
Акси марбута

Дар байни мардуми қазоқ анъанае ҳаст бо номи “Бауирина салу” ё “немере алу”, ки мувофиқи он волидони ҷавон фарзанди нахустини худро ба тарбияи бобову бибӣ ё дигар хешовандони бефарзанд медиҳанд.

Дар Тоҷикистон низ, гарчанде ин ба сифати анъана набошад ҳам, ҳолатҳое зиёданд, ки волидони серфарзанд яке аз кӯдакони худро ба хешовандони бефарзанди худ медиҳанд.

Your.tj қиссаи нафаронеро гирд овард, ки фарзанди худро ба каси дигар додаанд ё аз кӯдакӣ дар оилаи дигар ба воя расидаанд.

“Эҳсос мекардам, ки пораи диламро дар он ҷо мондаам”

Ин кор асосан бо тасмиму исрори бузургсолони хонадон сурат мегирад, ки аксар вақт ба зиндагии оилаи ҷавон рахна меандозад ва асосан модари кӯдак азоби сахти рӯҳӣ мекашад.

Аз тарафи дигар ҳуқуқи интихоби кӯдак поймол карда мешавад ва баъдан вақте ба воя расида, ҳақиқатро мефаҳмад, ба волидони биологии худ бадбинӣ пайдо мекунад, ки ин азоби онҳоро дучанд месозад.

Таҳмина (ном иваз карда шудааст) 19 сол пеш вақте фарзандаш ҳамагӣ як сол дошт, ӯро ба додари шавҳараш дод. Ин хости шавҳараш буд, чун додари ӯ аз  издивоҷаш 4 сол гузашта бошад ҳам, соҳиби фарзанд нашуда буд.

“Абдураҳмон фарзанди сеюми ман буд, як духтар ва як писари дигар доштам. Вале новобаста ба ин барои додани писарчаи навзодам ба додари шавҳарам дилам намешуд.

Чун фарзандонам ҳанӯз хурд буданд ва додари шавҳарам низ ҳамагӣ чанд пас аз мо зиндагӣ мекард, маҷбур ба хоҳиши шавҳарам розӣ шудам”,- нақл кард ин сокини 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ.

Қаҳрамони мо мегӯяд ҳар боре, ки аз пеши дари хонаи додари шавҳар мегузашт, дилаш беқарор мешуд.

“Эҳсос мекардам, ки пораи диламро дар ин ҷо мондаам”, – мегӯяд ӯ.

Ин зани тоҷик мегӯяд, ҳар боре фарзандашро дар ягон маърака медид, мехост ба оғӯш гирад, вале дар назари умум наметавонист дӯстдорӣ ва меҳрубонӣ кунад.

“Ҳар боре ба хона бо ягон сабаб меомад, намехостам равад, вале қавли худам ва фармони шавҳарам дар гӯшҳоям садо медод”,- нақл кард ин ҳамсуҳбати мо.

“Баъди фарзанддор шудан муносибаташ дигар шуд”

Баъди 11 сол додари шавҳари Таҳмина соҳиби фарзанд шуд. Абдураҳмон низ калон калон шуд ва акнун медонист ин оила падару модари воқеияш нестанд.

“Пас аз он ки модархонди Абдураҳмон пайиҳам соҳиби се фарзанд – ду писар ва як духтар шуд, муносибаташ бо Абдураҳмон тағйир ёфт”,- мегӯяд Таҳмина аз нақли писараш.

Абдураҳмон вақте 16 сол дошт, баъди каме нофаҳмӣ бо зани амакаш ба хонаи падару модари худ барои зиндагии доимӣ баргашт, ҳарчанд бо бародархондҳояш гоҳ-гоҳ якҷо бозӣ мекард.

“Ҳозир Абдураҳмон писари калон шудааст ва ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. Ӯ акнун дигар бо мо зиндагӣ мекунад. Он чизе, ки дилам мехост амалӣ шуд – дар охир ба назди худамон баргашт. Ӯ қалби пораи маро якҷо ҷамъ намуд ва акнун хотирам осуда аст”,- оҳи сабуке кашид Таҳмина.

“Ман шодам, ки модарам пайдо шуд”. Қиссаи духтаре, ки зери тарбияи бобову бибиаш ба воя расид

Парвинаи 23-сола (ном иваз карда шудааст) бо модари худ танҳо замоне ба муносибати наздик шурӯъ кард, ки қариб ба синни балоғат расида буд. Дар кӯдакӣ модарашро хеле кам медид, зеро ӯ дар Душанбе кор мекард ва танҳо дар рӯзҳои истироҳат ба деҳа мерафт.

Парвинаро ба тарбияи бобову бибиаш гузоштанд, онҳо барои духтарак нақши волидонашро пурра иваз карданд ва барояш одамони наздиктарин шуданд.

Акси марбута

Духтарак дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шуда, ба воя расидааст. Вай дар бораи падараш қариб чизе намедонад. Вақте ӯ дусола буд, падараш оиларо тарк кард. Танҳо ҳаминро медонад, ки падараш ҳоло дар Русия зиндагӣ мекунад, аммо ҳеҷ гоҳ ӯро надидааст.

Зиндагии оила хеле вазнин буд, мегӯяд духтарак, барои хӯрокворӣ пул намерасид. Модари Парвина тавонист дар Душанбе кор пайдо карда, ба пойтахт кӯчад, аммо духтарашро бо волидонаш гузошт. Парвина дар он вақт қариб сесола буд.

“Модарам либоси занона мефурӯхт, ҳатто дар як вақт дар боғчаи кӯдакон ҳамчун фаррош кор мекард.

Дар Душанбе он вақт духтари холаи модарам зиндагӣ мекард, модарам дар хонаи ӯ монд. Мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёт барои оилаи мо буданд он рӯзҳо”,- бо андӯҳ нақл мекунад Парвина.

Духтарак бо бобову бибиаш ба воя расид. Модарашро танҳо дар рӯзҳои истироҳат, вақте ӯ ба хона меомад, медид, аммо ин ҳам кам буд.

“Баъзан модарам ба сабаби серкорӣ дар рӯзҳои истироҳат ба назди мо омада наметавонист. Чунин мешуд, ки мо ӯро дар як моҳ ҳамагӣ ду маротиба медидем”,- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

“Бобоям маро дӯст медошт, бибиам сахтгир буд”

Барои Парвина бобояш шахси наздиктаринаш аст, ки ӯро хеле дӯст медошт. Ба гуфтаи Парвина, бибиаш хеле сахтгир буд, аммо ӯ низ набераашро хеле дӯст медошт. Парвина бо бобову бибиаш то синни 17-солагӣ зиндагӣ кард.

“Агар бибиам барои чизе ҷангам кунад, бобоям ҳамеша маро ҳимоя мекард. То ҳол дар ёд дорам, ки чӣ тавр ӯ маро ба мактаб омода мекард, ба ман ҳисоб кардан, хондан ва бо забони тоҷикӣ гап заданро ёд медод, зеро дар оилаи мо ба забони узбекӣ ҳарф мезаданд ва ман то шашсолагӣ забони тоҷикиро намедонистам.

Бибиям низ ҳамеша маро сахт дӯст медошт, танҳо ӯ хеле сахтгир буд ва ман аз ӯ каме метарсидам”,- мегӯяд Парвина.

“Ман намедонистам бо модарам дар бораи чӣ гап занам”

Ҳар қадаре ки духтар калонтар шавад, бо модараш муошират кардан барояш душвортар мешудааст, иқрор шуд ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи вай, ҳар дафъае, ки модар ба аёдати волидон ва духтараш мерафт, барои Парвина аввалин шуда суҳбатро оғоз кардан душвор буд. Ӯ умуман намедонист, ки бо модар дар бораи чӣ суҳбат кардан мумкин аст.

“Ман ӯро шахси бегона намешуморидам, аммо ҳис намекардам, ки ин шахси ба ман наздиктарин аст, гарчанде ин хеле таассуфовар садо медиҳад. Вақте ки мо муошират мекардем, ман худро карахт ҳис мекардам.

Бобою бибиам аксар вақт инро пайхас мекарданд ва ба ман мегуфтанд, ки шарм надорам, зеро ин модари ман аст. Аммо ба ҳар ҳол барои ман душвор буд”,- гуфт духтар.

Танҳо Дар синни 17-Солагӣ Парвина бо модараш муносибати наздик барқарор кард.

“Ман ба яке аз донишгоҳҳои Душанбе дохил шудам ва дар хонаи ӯ зиндагӣ кардам. Мо дар зери як бом зиндагӣ карданро сар кардем, бисёр муошират кардем, дар бораи якдигар бисёр чизҳоро омӯхтем.

Модари ман хеле дилкушод ва хушчақчақ аст, ман фикр мекунам, ки ин ба мо кӯмак кард, ки зуд забони умумӣ пайдо кунем”,- мегӯяд Парвина.

Поёни умри бобо ва миннатдорӣ аз модар

Дар моҳи феврали соли 2022 бобои Парвина аз олам даргузашт. Ин барои ӯ зарбаи сахт буд.

“Ман як моҳ натавонистам ба худ оям, ҳар рӯз гиря мекардам. Бовариам намеомад, ки ӯ дигар нест ва дигар ҳеҷ гоҳ шахси наздиктаринамро намебинам.

Ҳанӯз ҳам баъзан гиря мекунам, ки ӯро ба ёд меорам”,- нақл мекунад ӯ.

Ба гуфтаи Парвина, вай аз он ки воқеан бе модар ба воя расидааст, тамоман таассуф намехӯрад. Бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ, ӯ чунини меҳисобад, ки кӯдакии хеле хушбахтона дошт, зеро бобову бибиаш ба ӯ ҳамеша муҳаббат ва ғамхорӣ ҳадя мекарданд.

“Ман аз модарам тамоман хафа нестам, аз он ки замони кӯдакиям бо ман набуд. Вай барои таъмини мо кор мекард, баръакс барои ин аз ӯ хеле миннатдорам.

Шояд ман ҳоло бо ӯ мисли бобою бибиам наздик нестам, аммо ҳоло вай ҳамеша бо ман аст ва дар ҳама кор маро дастгирӣ мекунад.

Ин барои ман чизи аз ҳама муҳим аст ва хеле шодам, ки ҳоло ӯро дорам”,- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қиссаи Парвинаро ба забони русӣ дар ин ҷо бихонед

“Дар байни обу оташ монда будам”

Мавлуда (ном иваз шудааст) сокини 51-солаи шаҳри Турсунзода аст. Ӯ шаш писар (яке аз онҳо дар 21-солагӣ аз дунё чашм пӯшид) ба дунё овард ва писари панҷумашро бо ризоияти ҳамсараш ба оилаи додари худаш дод.

Оилаи додараш муддати 5 соли зиндагӣ дар интизори фарзанд буд, вале намешуд. Ҳамин тавр, онҳо соли 2002 духтари навзоди як оилаи ниёзмандро бо тариқи ҳуҷҷатгузории расмӣ ба фарзандхонӣ қабул карданд.

Дар соли 2009 вақте Мавлуда боз писар ба дунё овард, додараш хоҳиш кард, ки тифлро зери тарбияи ӯ гузорад.

“Ростӣ, гӯё дар байни обу оташ монда будам. Мехостам додарам хушбахт бошад, аммо бароям дил кандан аз ҷигарпораам мушкил буд. Додарам ваъда дод, ки ҳар гоҳ мехоҳам метавонам кӯдакро омада бинам ва ба хонаи ман низ зуд-зуд ӯро равон мекунад”,- рӯзҳои дудилагии худро ба хотир меорад Мавлуда.

Бо кӯмаки Мавлуда чиллаи тифли навзодро дар оилаи наваш бароварданд. Мавлуда қариб ҳар ҳафта ба дидори кӯдакаш мерафт. Чун дид, зани додараш воқеан ба писараш дил баст, қалбаш ором гирифт. Аз ин баъд ба хонаи додар камтар мерафтагӣ шуд, то худаш вобастаи фарзанд набошад.

“Баъди ақлаш даромадан, ба хонаи мо бисёр меомадагӣ шуд. Бародаронаш ӯро зиёд дӯстдорӣ мекарданд. Ростӣ, хонаи моро, махсусан шавҳарамро зиёд дӯст медошт. Хоҳиш мекард, ки ба Русия занг бизанам ва бо язнааш (падараш) ҳамсуҳбат шавад”,- меҳри модариаш ҷӯш зада гуфт Мавлуда.

Ғайбати халқ: “Фарзандашро ба каси дигар доду ба ғазаби Худо гирифтор шуд”

Мавлуда соли 2013 боз соҳиби писар шуд ва номашро Муслим гузошт. Ӯ ва шавҳараш фарзанди навро чун туҳфаи Худо ба ҷойи писари ба фарзандхонӣ додаашон донистанд, зеро интизори фарзанд набуданд.

“Ҳатто қариб фаромӯш кардам, ки як писарамро ба додарам додаам”,- мегӯяд ӯ.

Мутаассифона, дар соли 2019 дар пайи як ҳодисаи ногувор дар Русия, писари сеюми оилаи онҳо аз олам чашм пӯшид.

Хешовандони дуру наздик дар ҷанозаи марҳум байни худ ғайбат мекарданд, ки: “Мавлуда фарзандашро ба каси дигар доду ба ғазаби Худо гирифтор шуд”.

“Ба суханони одамон аҳамият намедодам. Доғи фарзандро онҳо аз куҷо медонанд. Охир ман фарзандамро ба додарам додам, ба каси бегона не. Ҳикмати корҳои Худоро мо намедонем. Агар кори ман нодуруст буд, шояд Муслимамро ба дунё намеовардам”,- гуфт ӯ бо андуҳ.

Мавлуда ҳоло бибии се набера асту аз пайи рӯзгори худ. Писари ба додараш додааш бошад, ҳоло дар синфи 9 таҳсил мекунад ва зуд-зуд ба хабаргирии оилаи онҳо меояд. Албатта писарак намедонад, ки модари ба дунё овардаи ӯ кист.

“Ман ҳам мехоҳам ба касе меҳр диҳам”

На ҳамаро насиб мешавад, ки ба осонӣ тифлеро ба фарзандхонӣ қабул намояд.

Зани дигаре низ аз шаҳри Турсунзода мехоҳад соҳиби фарзанд бошад, аммо касе намехоҳад тифлашро ба вай диҳад. Зеро ӯ маъюби гурӯҳи якум аст.

Нодира Нуриддиноваи 49 сола аз соли 1998 инҷониб аз роҳ гаштан маҳрум шудааст. Бо сабаби номаълум пойҳояш ба дарди шадид гирифтор шуд, ки то ҳол духтурони ватанию хориҷӣ ташхиси дақиқ гузошта наметавонанд.

Баъди хатми донишгоҳи омӯзгорӣ, ба ҷойи кор дар мактаб, умри ӯ дар беморхона гузашт.

“Ман боре оиладор нашудаам. Лекин зиёд мехоҳам, ки соҳиби фарзанд шавам. Атрофиёнамро мебинам, ки ҳама бо оилаи худ саргарм. Ман ҳам ба касе меҳр додан мехоҳам”,- ашкрезон дарди дил мекунад ӯ.

Зане дар ҷустуҷӯи фарзанд

Нодира зиёда аз даҳ сол аст, ки дар мавриди ба фарзандхонӣ гирифтан меандешад. Албатта барои фарзандро ба воя расонидан маблағ ҳам нақши асосӣ мебозад.

Ӯ дар хонаи худ ба кӯдакони синфҳои ибтидоӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ дарс медиҳад. Аз ин рӯ, музди корашро ҷамъ мекунад, то дар таъмини фарзанд мушкилӣ накашад. Инчунин бо фурӯши гиёҳҳои шифобахш низ машғул аст, ки фоидаи ба даст омадаро барои таълими фарзанд сарф карданист.

Имсол Нодира эҳсос кард, ки аз ҷиҳати молӣ ва ҳам руҳӣ барои тарбияи фарзанд омода аст. Ӯ бо чанде аз шиносонаш дар ин бора суҳбат кард. Охир тифлеро пайдо карданд, ки оилааш камбизоат ва серфарзанд аст.

“Модари кӯдак гуфт, ки то яксола шуданаш нигоҳубин мекунад. Барои он бояд маблағи хӯроку уребчаи кӯдакро диҳам. Маблағро додам. Аммо зан баъди гирифтани маблағ ғайб зад”,- аз таҷрибаи талхаш қисса намуд Нодира.

Ӯ то ҳол дар ҷустуҷӯи фарзанд аст. Ҳоло касе розӣ нашудааст, ки ба ӯ фарзандашро диҳад. Аз Хонаи кӯдакон низ метавонист кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кунад.

Аммо ӯ касеро надорад, ки барои рафтан ба чунин муассиса ва омода кардани ҳуҷҷатҳо кӯмак намояд. Инчунин дақиқан боварӣ надорад, ки оё аз Хонаи кӯдакон барои маъюбияш ба ӯ фарзанд медиҳанд ё не.

“Одамон гумон мекунанд, ки ман барои парастории худам фарзанд гирифтан мехоҳам. Аммо мақсади аслии ман ба нафаре меҳр додан ва ба воя расонидани як нафари комил аст. Зеро боқии умрамро пурра ба фарзанд бахшидан мехоҳам”,- иқрор шуд ӯ.

Анъанаи қадимаи қазоқӣ

Дар Қазоқистон анъанае бо номи “Бауирина салу” ё “немере алу” вуҷуд дорад, ки мувофиқи он волидони ҷавон фарзанди нахустини худро ба тарбияи бобову бибиҳо ё дигар хешовандони бефарзанд медиҳанд.

Одатан, кӯдакро дар шашмоҳагӣ ва ҳатто пештар аз он аз волидони худаш ҷудо мекунанд. Баъзан пас аз расидан ба синну соли муайян ба кӯдак ҳуқуқ дода мешавад, то худ интихоб кунад, ки бо бобову бибиаш зиндагӣ мекунад ё ба назди волидонаш бармегардад. Аммо ҳолатҳое низ ҳастанд, ки онҳо танҳо баъди ба камол расидан мефаҳманд, ки ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд.

Дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон низ чунин таҷриба хеле маъмул аст, аммо номи махсуси он ва анъанаи интиқоли кӯдак вуҷуд надорад.

Тобистони соли ҷорӣ дар Қазоқистон дар фестивали синамои алтернативӣ филми Асхат Кучинчереков “Бауирина салу” намоиш дода шуд. Он аз ҳаёти писаре нақл мекунад, ки тибқи анъанаи қадимаи қазоқии “Бауирина салу” ба тарбияи бибиаш дода шудааст. Пас аз марги ӯ писарак ба назди волидонаш бармегардад ва маҷбур мешавад, ки бо “одамони бегона” муносибат кунад.

Коллажи Республика. Медиа

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ филм баҳси шадидро ба миён овард. Аз як тараф, анъанаи додани фарзанди нахустини ҷуфти ҷавон барои тарбия ба волидон ё хешовандони бефарзанд дар қазоқҳо аз қадим вуҷуд дорад ва тарафдоронаш ин анъанаро манфӣ намеҳисобанд.

Аз тарафи дигар, кӯдакони аз волидон ҷудошуда осеби ҷиддии равонӣ мегиранд, ки ҳатто дар синни калонсолӣ аз он азият мекашанд ва ба тамоми ҳаёти минбаъдаи онҳо таъсир мерасонанд.

Матлаби пурраро дар ин мавзӯъ дар ин ҷо бихонед

Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend