fbpx

Дар орзуи Ватан. Чӣ тоҷикдухтарро ба Туркия бурд

Ба назари Нилуфар, ҳар кишвар махсусияти худро дорад, ҳоло орзуи бузургаш ин аст, ки бори дигар пайвандонашро бинаду сари як дастурхон бо онҳо нишинад.


1
1 point
Нилуфар Текин

Нилуфар Текин зодаи Тоҷикистон мебошад. Ӯ 15 сол пеш ба Туркия рафта, бо марди турке оила барпо кард ва он ҷо монд. 3 соли охир ҳамчун блогер дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм барои пайгиронаш тарзи омода кардани хӯрокҳои туркиро меомӯзонад.

Нилуфар ба муаллифи Your.tj дар бораи тарзи зиндагӣ дар Туркия ва нияти бозгашт ба Тоҷикистон нақл кард.

Дузандаву пазандаю бурранда

Нилуфар Текин 29 сол дорад. Ӯ дар яке аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Оилаи онҳо дар хурдсолии Нилуфар ба шаҳри Душанбе кӯчиданд, аз ин рӯ қаҳрамони мо замони наврасиашро дар пойтахти кишвар гузаронидааст. Вай маҳз дар ин ҷо худро сохт.

Аз хурдӣ тарзи ҳаёти фаъолро пеш мебурд, дар мактаб бо баҳои аъло мехонд. Вале ба сабаби мушкилоти рӯзгор баъд аз хатм таҳсилро идома надод.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от nilosh.tj (@nilosh.tj)

Айёми ҷавонияшро беҳуда нагузаронида, дар чандин курсҳои кӯтоҳмудат таҳсил карда, ҳунар омӯхт. Аз уҳдаи ошпазӣ, қаннодӣ, дарздӯзӣ ва ронандагӣ мебарояд.

“Дар Тоҷикистон зиндагӣ хуб буд. Гарчанде дар ягон донишгоҳҳои кишвар таҳсил намекардам, вале тамоми он ҳунарҳое, ки як духтари тоҷик бояд дошта бошадро доштам”,- нақл кард Нилуфар.

Муҳоҷират ба Туркия ва оғози зиндагии нав

Нилуфар бори аввал соли 2008 ҳамроҳи холааш ба шаҳри Истамбул рафт. Холааш роҳбалад буд. Ӯ мардуми хоҳишманди тоҷикро тариқи Туркия ба зиёрати Маккаву Мадина равона месохт. Нилуфарро бошад, барои кӯмак бо худ гирифта буд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Muazzama Akobirzoda (@muazzam.offi)

Қаҳрамони моро дар аввалин сафар ин шаҳр мафтун сохт. Дар тасаввураш намеғунҷид, ки рӯзе дар ҳамин шаҳри зебо иқомат мекунад.

Пас аз аз як сол Нилуфар ҳамроҳи модар ва хоҳараш бо нияти кору зиндагӣ ба Истамбул рафт. Моҳи апрели соли 2009 буд, ки онҳо хонаи истиқоматеро ба иҷора гирифта, зиндагиро дар мулки бегона шурӯъ карданд.

“Чанд моҳи аввал бекор будам. Вақтро бо сайру тамошои шаҳр мегузарондам. Мушоҳида мекардам, ки чӣ гуна хориҷиён дар ин ҷо имкону шароити зиндагӣ доранд. Модарам дар бозор ба савдо машғул шуданд. Он кас бор гирифта, ба Тоҷикистон равон мекарданд”,- ба хотир овард Нилуфар.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от nilosh.tj (@nilosh.tj)

Ҳамдили ё ҳамзабонӣ

Нилуфар аввал корро дар як мағоза оғоз кард, баъд дар як ошхонаи туркӣ ҳамчун пешхизмат ба кор даромад. Вале чун забонро намедонист, кораш дар он ҷо омад накард.

“Чун шавқи зиёд дар пухтупаз доштам, кор дар ошхона бароям писанд буд. Аммо бо раис гапамон напухт ва маро барои надонистани забони туркӣ аз кор ҷавоб дод”,- афзуд қаҳрамони мо.

Нилуфар баъд аз чанд моҳи ҷустуҷӯи кор дар як корхонаи пойафзолбарорӣ ба кор шурӯъ кард ва ҳамзамон ба курси омӯзиши забони туркӣ рафт.

Тӯйи тоҷикӣ дар Туркия

Тавре қаҳрамони мо иброз дошт, ҳангоми бозгашт аз кор бо як ҷавони турк ошно шуд. Бо исрори зиёд ва хосгорӣ ӯ таклифи издивоҷ бо ин ҷавони туркро қабул кард. Ба хоҳиши қаҳрамони мо, тӯй бо расму русуми тоҷикона гузаронида шуд.

“Ба паси дари хонаи иҷораамон ҳар рӯз меомад. Гарчанде дар аввал ба ин розӣ набудам, вале вазъи зиндагӣ маҷбурам кард. Дар тӯй аз “рӯйбинон”-и арӯс сар карда то “келинсалом”-у “қалингсупорон” тоҷикӣ гузашт”,- гуфт ӯ.

Ҳоло Нилуфар соҳиби чор фарзанд аст ва худаш низ насаби шавҳарашро гирифтааст. Фарзандонаш дар баробари забони туркӣ, тоҷикиро низ медонанд. Ӯ мегӯяд, “ҳар боре кӯдакон аз ман хона ва зодгоҳамро мепурсанд, дилам барои Тоҷикистон гум мезанад.”

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от nilosh.tj (@nilosh.tj)

Фаъолият бе шаҳрвандии Туркия мушкил шуд

Қаҳрамони мо ҳоло шаҳрвандии Туркияро дорад. Вале модараш ба сабаби бешаҳрвандӣ ба Тоҷикистон баргаштааст. Ӯ мегӯяд, дар зудтарин фурсат ин мушкилро ҳал мекунад, зеро шаҳрвандӣ надоштани модараш ӯро бо таҳримҳои зиёде рӯ ба рӯ мекунад.

“Дар Туркия низ табъиз вуҷуд дорад. Масалан, шахсе, ки шаҳрвандӣ надорад, наметавонад, ба номи худ бизнес фаъол кунад. Маҷбур мешавад, ба номи дигарон сабт кунад ва ин барои модарам хеле мушкил мешавад.

Ҳатто худи ман баъзан бо сабаби турки асил набудан ба муносибати начандон дурусти шаҳрвандон дучор меоям. Аммо мегӯянд, “агар хуб бошӣ ҳамма бо ту хуб аст” ва инро шиори худ кардаам”,- гуфт бо таассуф қаҳрамони мо.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от nilosh.tj (@nilosh.tj)

Орзуи кушодани ошхонаи тоҷикӣ дар Туркия

Нилуфар Текин ҳоло ба фаъолияти блогерӣ пардохтааст. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Iinstagram ва YouTube блоги худро бо фарогирии беш аз 30 ҳазор корбарон пеш мебарад. Қаҳрамони мо барои ҳамватанонаш тарзи омода кардани хӯрокҳои туркиро меомӯзонад.

“Вақте зиндагии мустақилонаро дар ин ҷо оғоз кардам, барои келини хуб шудан кӯшиш намудам. Кӯшиш намудам тарзи омода кардани хӯрокҳои туркиро омӯзам. Рӯзе дар сарам ин фикр омад, ки барои хоҳишмандон таомҳои миллии туркиро омӯзонам.

Агарчи барои ҳамватанони худ кори муфиде накардаам, хостам ақаллан бо ин роҳ ба онҳо маълумоти нав дода, дастурхонашонро гуногунранг намоям”,- изҳор дошт вай.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от nilosh.tj (@nilosh.tj)

Қаҳрамони мо ҳоло аз уҳдаи омода кардани тамоми навъи таомҳо мебарояд. Ӯ ният дорад дар Туркия оянда ошхонаи тоҷикӣ кушояд ва хӯрокҳои миллии кишварашро муаррифӣ намояд.

“Ман ният мекунам ва медонам шавҳарам маро дастгирӣ мекунад. Дар аввал, вақте гуфтам мехоҳам блоги худро дошта бошам, ӯ ризоят надод. Вале замоне дид шуғли хубе аст, бароям шароит фароҳам овард то фаъолияти худро пеш барам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Нилуфарро бештар дар пешбурди блог шарҳу дархостҳои обуначиёнаш ташвиқ менамояд. Ӯ мегӯяд, “ҳар гоҳе онҳо аз ман хоҳиши навори тарзи омода кардани ягон навъи хӯрокро мекунанд, дилам бештар ба ин кор гарм мешавад”.

Нияти бозгашт баъди 15 соли мусофират ва нақшаву орзуҳои нав

Нилуфар мехоҳад, ҳамроҳи фарзандонаш ба Тоҷикистон омада, мавзеъҳои таърихиашро зиёрат кунад. Ба фарзандонаш, ки аллакай бузург шудаанд, ватанашро муаррифӣ намояд.

Нилуфар бо фарзандонаш

Ба назари вай, ҳар кишвар махсусияти худро дорад. Орзуи бузургаш ин аст, ки бори дигар пайвандонашро бинаду сари як дастурхон бо онҳо нишинад.

С.У.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend