fbpx

Тоҷикон дар Африқо. Қиссаи кор ва зиндагии ҷуфти омӯзгори тоҷик дар Кения

Қаҳрамони мо мегӯяд, ифтихор дорад, ки омӯзгор ва муаррифгари номи тоҷик дар як кишвари Африқо гардид.


26
26 points
Далербек Ҳайдаров бо шогирдонаш дар Кения. Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Далербек Ҳайдаров тӯли чор сол аст, ки ҳамроҳи оилааш дар пойтахти Кения истиқомат мекунад. Ӯ дар мактаби хусусӣ ба фарзандони сарватмандони Найроби аз фанни физика дарс медиҳад.

Дар суҳбат бо муаллифи Your.tj ӯ гуфт, ки чаро маҳз ин кишвари африқоиро макони кору зиндагӣ интихоб кард.

Салом, Африқо!

Дар давраи пандемияи COVID-19 Далербек низ мисли аксарият бештари вақташро бо телефон мегузаронид. Рӯзе ҳангоми суҳбати телефонӣ ҳамкурси турктабораш Мустафо ба ӯ пешниҳод кард, ки ҳамроҳи вай дар Найроби кор кунад.

Далербек ҳолномаи (CV) худро барои кор ба почтаи электронии мактаби хусусии Light International School Nairobi ирсол намуд. Пас аз суҳбат бо маъмурият ба кор қабул шуд. Лекин то рӯзи сафараш ба ин кишвари шимоли Африқо дилаш андаке ноором буд.

“Тасаввур мекардам, бо оилаам дар кӯча сайругашт карда истодем ва нохост дар рӯ ба рӯямон шер ё фил пайдо мешавад”,- гуфта хандид ӯ.

Аммо баъди сафараш ба Найроби амин гардид, ки дохили шаҳр воқеан барои одамон бехатар аст. Зеро ҳукумати Кения ҳайвонотро дар сафариҳо ба тарзи Боғи миллӣ ва мамнуъгоҳ нигаҳдорӣ мекунанд.

Ӯ бо оилааш моҳи декабри соли 2020 ба Найроби омад. Гумони тафсон будани ҳавои Африқо низ Далербекро ба ташвиш андохта буд. Вале аз рӯзи аввал дарк намуд, ки воқеан иқлими ин минтақа муътадил будааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавои шаҳр хеле фораму кӯчаҳояш озодаанд. Махсусан, ба Уқёнуси Ҳинд наздик будани ин шаҳр, Далербек ва оилаашро ба худ бештар ҷалб намуд.

“Дар баҳору тобистон ҳаво ба 30-32 гармӣ мерасад, ё аз он ҳам пасттар. Зуд-зуд борон меборад ва ҳама ҷо ҳамеша сарсабзу алафзор”,- нақл кард ҷавони тоҷик.

 

Аз рӯи гуфтаи Далербек, дар Найроби ғайри оилаи ӯ ҳоло ҳамагӣ 3-4 нафар тоҷикистонӣ зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирони ӯзбекистонӣ низ хеле каманд. Вале шумораи шаҳрвандони Қазоқистону Қирғизистон, Русия ва Украина дар Кения зиёданд. Тоҷикистониён асосан бо онҳо ҳамсуҳбатанд ва масъалаҳои ҳуқуқиро низ бо онҳо мубодила мекунанд.

Тоҷикистон бо Кения муносибатҳои дипломатиро расман ба роҳ намондааст. Аз ин сабаб дар сурати пайдо шудани мушкилӣ муҳоҷирон ба сафоратхонаи наздиктарини Тоҷикистон, ки дар Миср ҷойгир аст, муроҷиат мекунанд.

Ҳоло Далербек мехоҳад барои қайди ҳуҷҷатҳои писараш, ки ба наздикӣ дар Найроби таваллуд шуд, ба консулгарӣ муроҷиат намояд.

Кор дар мактаби сарватмандон

Далербек ҳоло дар Light International School Nairobi ба ҳайси ҷонишини мудир оид ба лоиҳаҳои олимпӣ ва тартиботу гузаронидани имтиҳонот кор мекунад.

Чун ин мактаб пурра бо системаи донишгоҳи Cambridge фаъолияташро ба роҳ мондааст, варақаҳои имтиҳонӣ аз Cambridge International-и Британияи Кабир ирсол карда мешавад. Барои нигоҳ доштани шаффофияти имтиҳон варақаҳо танҳо дар назди хонандагон кушода мешавад.

Ҷиҳатҳои мусбати кор дар ин мактабро Далербек дар он медонад, ба муаллимон 25-30 соати дарсиро бор намекунанд. Муаллим низ ба хотири гирифтани маоши зиёдтар барои соати дарсӣ талош намекунад. Дар ин муассиса омӯзгорон 14-15 соати дарсӣ доранд ва маош ба соати дарсӣ вобаста нест.

Чун дар ин мактаб асосан фарзандони шахсони сарватманди Кения таҳсил доранд, Далербек гумон дошт, хонандагон нисбати муаллимон беэҳтиромӣ мекунанд ва вазифаҳоро иҷро намекунанд. Аммо андешаҳояш ба куллӣ баръакс баромад.

Ба гуфтаи ӯ, хонандагон бисёр оромтабиат буд ва 95% и онҳо вазифаҳояшонро пурра сари вақт иҷро мекунанд. Боқимонда дертар бошад ҳам иҷро карда, баҳои хуб мегиранд.

“Ёдам ҳаст, ки дар Тоҷикистон хонандагони ду мактаб ҷанг мекарданд. Аз пайи онҳо ҳамеша омӯзгор медавид”, – ба хотир овард Далербек.

Эҳтиром ба эътиқоди динӣ

Аз дидаву шунидаҳояш Далербек қисса мекунад, ки пайдо кардани хӯроки ҳалол дар Найроби муаммо нест. Агар мизоҷ вориди ягон тарабхона шавад, аз корманди он мепурсад, ки оё дар ин ҷо хӯроки ҳалол пухта мешавад.

Агар набошад, пешхизмат мегӯяд, ки ин ҷо барои мусалмонон нест. Яъне барои ҷалби мизоҷ дурӯғ намегӯянд.

 

Ҳамагӣ 10%-и аҳолии Кенияро мусулмонон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ин муҳоҷири тоҷик, дар ин минтақа нисбати мусулмонон ягон қабил маҳдудиятҳо мавҷуд нест. Дар моҳи Рамазон равуо ба масҷид зиёд мешавад, азонро ҳам бо садобардор (колонка) мехонанд, ки овозаш тамоми кӯчаро фаро мегирад.

“Ҳукумат метавонист бо далели камшумор будани мусулмонон бо садобардор хондани азонро манъ кунад. Аммо озодӣ ва эҳтироми эътиқодро дар мадди аввал гузоштаанд”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Далербек дар яке аз фондҳои хайриявӣ баъзан машғули волонтёрӣ аст. Дар Найроби танқисӣ аз об вуҷуд надорад, вале дар минтақаҳои дурдасти Кения ин мушкил ҷой дорад. Фондҳо асосан дар чунин минтақаҳо барои бо об таъмин кардани аҳолӣ чоҳ мекананд. Инчунин, ба нодорон бо хӯроку лавозимоти рӯзгор ёрӣ мерасонанд.

Хориҷиёнро табъиз намекунанд

Барои кору зиндагӣ дар Найроби новобаста аз пӯст, дин ва нажод маҳдудиятҳо мавҷуд нест.

Ҳамсари ин муаллим, Манижа Ҳайдарова хатмкардаи ихтисоси муносибатҳои иқтисодиёти байналмилии Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон аст.

Ӯ низ мехост ҳамроҳи Далербек дар мактаби Light International School Nairobi кор кунад ва аз фанни иқтисод ва бизнес дарс гӯяд. Вале барои фаъолият дар мактабҳои Кения диплом ё сертификати омӯзгории тренингу курсҳо ҳатмӣ аст. Манижа ин ҳуҷҷатро надошт.

Аммо ҳоло ин дипломро аз омӯзишгоҳи Ali Institute-и Покистон ба таври онлайн ба даст овардааст. Ӯ ҳоло мақсад дорад, ки мисли ҳамсараш дар мактаби хориҷӣ фаъолият намояд.

“Фарзандонам забони тоҷикиро фаромӯш мекунанд, агар…”

Далербек мегӯяд, ки воқеан муҳити ин шаҳр барои фарзандонаш таъсири худро гузошт ва ҳоло онҳо асосан бо забони англисӣ гап мезананд. Фикрашонро бо англисӣ беҳтар баён мекунанд.

Волидонашон онҳоро водор мекунанд, ки дар хона бо тоҷикӣ ҳарф зананд, аммо боз ҳам натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.

 

“Нафароне ки дар байни ғайризабонон ҳамроҳи фарзандонашон зиндагӣ мекунанд, ҳолати моро хуб дарк мекунанд”,- мегӯянд ҳамсарон.

Таъсири забони филмҳои тасвирӣ ба кӯдакон хеле калон аст. Далербек ва Манижа ба хотири он ки фарзандонашон тоҷикиро фаромӯш накунанд, телевизорро ба YouTube пайвастанд, то кӯдакон филмҳои тасвириро танҳо ба тоҷикӣ тамошо кунанд.

“Бовар мекунед, тамоман филми тасвирии ба забони адабии тоҷикӣ тарҷумашударо наёфтам. Хеле хуб мешуд “Маша ва Хирс”, “Фиксикҳо” ва монанди инҳоро тарҷума карда, дар интернет дастрас мекарданд, то фарзандони муҳоҷирон забони модариашонро хубтар омӯзанд ва фаромӯш накунанд”, – пешниҳод карданд ин ду тоҷики муҳоҷир.

“Пушаймон нестам, ки омӯзгор шудам”

Далербек зодаи шаҳри Истаравшан ва парвардаи собиқ Литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд аст. Дар раддабандии имтиҳон бо гирифтани ҷойи чорум ба литсей дохил шуда буд. Ӯ фанҳои физика ва математикаро хеле хуб мехонд.

Аз ин рӯ, вайро дар баробари 2-3 хонандаи фаъоли литсей, барои иштирок дар дарсҳои омодагӣ ба олимпиада, ба Литсейи тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе даъват карданд. Ҳамин тавр, таҳсил ва зиндагиро дар пойтахт идома дод.

Сипас Далербек якбора ба ду донишгоҳи Туркия тариқи ройгон қабул шуд. Яке ихтисоси муҳандиси маъдану металургияи Донишгоҳи Истамбул дигар ихтисоси омӯзгори физика дар Middle East Technical University-и Анқара буд. Далербек омӯзгориро интихоб кард ва дар Анқара таҳсил намуд.

“Аз аввал ҳеҷ гоҳ пушаймон набудаму нестам, ки касби омӯзгориро интихоб кардам. Аз омӯзгорӣ пули бисёр ёфтан эҳтимоли кам дорад, аммо ман омӯзгор нашавам, дигарӣ аълохони синф нашавад, кӣ мешавад?!”, – гуфт ӯ бо ифтихор аз интихобаш.

Ғолибият дар олимпиадаҳо

Далербек мегӯяд, метавонист дар Туркия таҳсил ва фаъолияташро идома диҳад. Вале соли 2014 ба ватан баргашт.

Тавре аллакай системаи Литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркиро медонист, корашро ба ҳайси масъули маркази олимпиада аз фанни физика дар литсейи ба номи Ҳоҷӣ Камол шуруъ намуд.

“Рӯзҳое буд, ки ҳатто таътилро бо омодагии хонандагон дар литсей мегузаронидем. Олимпиада машаққату заҳмати алоҳидаро барои ҳарду ҷониб талаб мекунад”,- қайд намуд муаллим.

Далербек хонандагонро асосан ба ду намуд олимпиада омода мекард: IPhO ва APhO. Танҳо шогирдони ӯ аз олимпиадаи IPhO соли 2014 дар Қазоқистон 2 медали биринҷӣ ва соли 2015 дар Ҳиндустон 1 ҷойи ифтихорӣ, соли 2016 дар Швейтсария 1 медали биринҷӣ, соли 2017 дар Индонезия боз ҳам 1 медали биринҷӣ, ниҳоят соли 2018 дар Португалия 1 нафар медали нуқра ба даст оварданд.

“Як рӯз ҳисоб кардам, ки бо шогирдонам аз олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 39 адад медал ба даст овардаем”,- гуфт ӯ бо фахр аз шогирдонаш.

Ӯ мегӯяд, ифтихор дорад, ки омӯзгор ва муаррифгари номи тоҷик дар як кишвари Африқо гардид. Шогирдонаш аз гӯшаҳои гуногуни дунё зуд-зуд занг зада ҳолпурсӣ мекунанд. Далербек мегӯяд, агар ҳамчун омӯзгор ба зиндагии чанд нафар таъсири хубе гузошта бошад, худро хушбахт эҳсос мекунад.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

26
26 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
36
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
26
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
15
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
12
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend