fbpx

Чаро шири модар ба кӯдак муҳим аст?

Организми кӯдаки навзод шири модарро талаб мекунад ва то шашмоҳагӣ танҳо онро бояд истеъмол кунад.


0

Ҳамасола аз 1 то 7 август Ҳафтаи умумиҷаҳонии дастгирии синамаконӣ гузаронида  мешавад. Аз соли 2001 дар Тоҷикистон ин чорабинӣ ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад.

Дар бораи муҳимияти ғизои солим барои кӯдакон дар 1000 рӯзи аввал, омода будани кӯдак ба хӯроки иловагӣ ва маҳсулоти он, реҷаи хӯроки кӯдак, норасоии ғизо ва камвазнӣ суҳбате доштем бо Дилшода Қаюмова, педиатр.

Синамаконӣ асоси ҳаёт буда ба саломатӣ, ғизои дуруст ва амнияти озуқаворӣ дар ҳолатҳои муқаррарӣ ва фавқулодда таъсири кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мерасонад.

“Дар Тоҷикистон барномаи миллии коммуникатсионии “1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак” барои солҳои 2020-2024 таҳия гардидааст. Ин барнома давраи аз бордоршавии зан то дусолагии кӯдакро фаро мегирад. Ин барнома рушда инкишофи кӯдакро дарҳамин давра нишон медиҳад. Мақсади барнома он аст, ки рафтори модар, падар ва шахсони ба кӯдак масъулро оид ба ғизо, нигоҳубини кӯдак ва модар дигаргун созад”,- қайд намуд мутахассис.

Ҳамсуҳбати мо қайд намуд, зарурати шири модар дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак дар он аст, ки табиатан организми кӯдаки навзод инро талаб мекунад ва то шашмоҳагӣ танҳо шири модар бояд дода шавад.

“Баъзан вақте ҳаво гарм аст, модарон мегӯянд, ки кӯдакашон ташна мемонад ва беҳтараш ба ӯ об диҳанд, вале ин нодуруст аст, зеро шири модар асосан аз об иборат аст ва кӯдак дар ҳолати гармӣ ҳас ташна намемонад”,- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи педиатр, кӯдаки солим аз шашмоҳагӣ аллакай метавонад ғизои иловагӣ истеъмол кунад. То шашмоҳагӣ шири модар метавонад организми ӯро бо ҳама витамину минералҳои лозима таъмин созад. Баъди шашмоҳагӣ кӯдак серҳаракаттар мешавад ва ба ӯ ғизои иловагӣ лозим аст, зеро дигар танҳо шири модар инкишофи кӯдакро таъмин карда наметавонад.

“Ба кӯдакони шашмоҳа додани ғизои иловагиро аз пюреҳои сабзавотӣ сар карданамон лозим аст. Агар кӯдак сабзавотро нағз қабул накунад, ба ӯ шавлаи дар об пухташуда додан лозим. Ғизои иловагӣ бояд аз як намуд маҳсулот тайёр шуда бошад, камоб бошад ва батадриҷ миқдораш зиёд карда шавад”,- шарҳ дод Дилшода Қаюмова.

Ӯ гуфт, барои пешгирии эҳтимоли доштани аллергия ба ягон намуди маҳсулот ғизои иловагии кӯдакро бояд танҳо аз як намуд омода кард. Педиатр таъкид намуд, ки дар ин давра ба кӯдак намак ва маҳсулоти ширинӣ додан мумкин нест. Ҳатто то дусолагии кӯдак додани ширинӣ тавсия дода намешавад.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

Лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” дар Тоҷикистон бо кӯмаки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ мегардад.

Ҳадафи лоиҳа кор аз болои тағйирёбии меъёрҳои иҷтимоӣ ва одатии ғизо, инчунин нигоҳубини саломатии модарону кӯдакон мебошад, ки ба интихоби таҷрибаҳои тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend