fbpx

Чаро мутахассиси IT аз Тоҷикистон ба Узбекистон рафт

Умед ҳоло дар Тошканд кору зиндагӣ мекунад ва дар баробари ин лоиҳаи худ оид ба дарёфти ҷойи кор - vazifa.tj-ро рушд медиҳад.


5
5 points
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии Умед Раҳимов дастрас гардид.

Мутахассиси ҷавони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT), Умед Раҳимов дар давраи пандемия платформа оид ба ҷустуҷӯи кор vazifa.tj-ро роҳандозӣ кард, ки танҳо дар соли гузашта ба беш аз ҳазор нафар тоҷикистониён барои дарёфти ҷойи кор кӯмак намуд.

Ҳоло Умед дар Узбекистон кору зиндагӣ мекунад ва дар он ҷо ба ҳайси менеҷери истеҳсолоти IT-холдинги AtlasMedia фаъолият мебарад, инчунин, дар чанд лоиҳаи ҷолиби дигар низ ширкат дорад. Ӯ, аз ҷумла дар бораи стартапҳо, IT ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ блоги худро пеш мабарад.

Умед ба муаллифи Your.tj дар бораи лоиҳаҳои худ нақл кард, ва гуфт, ки чаро ба Узбекистон кӯчид ва дар он ҷо кадом имкониятҳои навро кашф намуд.

“Фикр мекардам, ки муаллими фанни информатика мешавам”

Дар мактаб Умед фанни информатикаро хеле дӯст медошт ва дар озмунҳои минтақавӣ аз рӯи ин фан, дар ноҳияи Кушониён иштирок мекард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Умед, ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳ дар интихоби касб маҳз информатика самти афзалиятнок ба ҳисоб мерафт.

Дар ҳамин ҳол, мутахассиси ҷавон мегӯяд, он вақт ҳанӯз дар бораи мавҷудияти каби барномасоз тасаввуроти дақиқе надошт.

Пас аз дохил шудан ба донишгоҳ, вай дар як стартап ба кор оғоз кард ва аз ҳамон вақт рушди касбияшро фаъолона идома дод. Умед худро ҳамчун таҳиягар санҷид, дар маркетинг ва таҳлил кор кард, аммо муддати тӯлонӣ як самтро интихоб карда натавонист.

“Бо бардошти таҷриба ва таъсиси лоиҳаи vazifa.tj ман дар бораи касби менеҷери истеҳсолот, миқёси вазифаҳо ва кори он шинос шудам ва ҳоло худро дар ин самт санҷида истодаам.

Санҷишҳо ва иштибоҳҳо маро ба IT оварданд, ҳарчанд ҳангоми дохилшавӣ фикр мекардам, ки ақаллан муаллими информатика дар мактаб мешавам”,- гуфт Умед.

Узбекистон имкониятҳои нав дод

Умед кариб ду сол боз дар Тошканд зиндагӣ мекунад. Моҳи ноябри соли 2022, пас аз як барномаи менторӣ ва акселератсия дар PEAK Tajikistan, Умед ва дигар мутахассисони IT барои омӯзиши якҳафтаина ба Маркази рушди Ӯзбекистону Ҷопон фиристода шуданд.

Ба шарофати ин сафар онҳо бо корхонаҳои зиёд шинос шуданд, бо муҳити тиҷоратии Ӯзбекистон, имкониятҳои ин кишвар ошноӣ пайдо карданд ва робитаҳои худро афзуданд.

“Ин сабаби асосии интихоби Узбекистон ҳангоми иваз кардани ҷои истиқомати доимӣ буд”,- афзуд мутахассиси ҷавон.

Дар Узбекистон, Умед дар IT-холдинги AtlasMedia ба ҳайси менеҷери истеҳсолоти платформаи амволи ғайриманқул immo.uz кор мекунад. Илова бар ин, ӯ лоиҳаи vazifa.tj-ро дар шаҳри Тошканд вусъат медиҳад.

Умед Раҳимов ғолиби номинатсияи “Бизнес-инноватори соли 2021” дар PEAK Тоҷикистон гардида буд

Таҷриба дар як стартап ба стартапи мукаммали дигар табдил ёфт

Умед аз соли аввали донишҷӯӣ дар лоиҳаи стартап оид ба ҷустуҷӯи кор – nexus.tj ба кор оғоз кард ва дар он ҷо таҷрибаи зиёд пайдо кард. Аммо бо оғози пандемия, лоиҳа боздошта шуд.

Иштирок дар Startup Weekend Central Asia

Ин идея аллакай барои Умед хеле ояндадор менамуд ва ҳатто пас аз муддате боздошта шудани лоиҳа, ӯ кӯшиш мекард онро дар Telegram-канал бо гузоштани вакансияҳои нав пеш барад ва ин бо ҳаваси зиёд буд.

Ин канал бо мурури замон ва кӯшишҳои Умед ба як платформаи мукаммал табдил ёфт. Ӯ чандин барномаҳои акселериатсионӣ ва инкубатсиониро гузашт.

Ҳоло муаллифи он мутмаин аст, ки сомонаи vazifa.tj яке аз манбаъҳои босифат барои ҷустуҷӯи вакансияҳо ва коргарон дар бозори меҳнати Тоҷикистон аст.

Бо ҳамкорон дар Startup Weekend Central Asia

Муштариёни аслии ин сомона, ба гуфтаи Умед, асосан аз шаҳрҳои бузург, асосан Душанбеву Хуҷанд мебошанд.

«Дар се моҳи охир аз сомонаи мо беш аз 2000 посух ба вакансияҳо фиристода шудааст»,- изҳор дошт Умед аз натиҷаи таҳлилҳои худ.

«Программатичный реалист»

Ғайр аз vazifa.tj, Умед дар дигар стартапҳо низ худро озмоиш кардааст. Вале на ҳамаи онҳо муваффақ шудаанд.

Дар соли 2019 лоиҳаи Hi, Central Asia ба кор оғоз кард, ки бояд ба агрегатори сайёҳӣ, портали ягонаи иттилоотии сайёҳон табдил меёфт ва барои онҳое, ки мехоҳанд ба Осиёи Марказӣ сафар кунанд, имкониятҳои зиёд фароҳам меовард.

Умед аз қисми техникии лоиҳаро ба уҳда гирифта, баъдан ҳаммуассиси он шуд, вале сармоягузор ба зудӣ лоиҳаро боздошт.

Умед дар бунёди лоиҳаи Salom барои гузаронидани чорабиниҳо дар Тоҷикистон саҳм гузоштааст. Он аслан бояд ҳаммонанди платформаи sxodim.com-и Қазоқистон – агрегатори чорабиниҳо дар шаҳрҳо мешуд.

Аммо, ба сабаби нарасидани захираҳо ва имкониятҳо дар бозор, ин лоиҳа боздошта шуд.

Иштирок дар Digital Bridge 2023, Остона

Аз соли 2021 Умед Раҳимов Telegram-канали «Программатиычный реалист»-ро пеш мебарад. Дар аввал, нақл мекунад ӯ, ин як канали ҳаваскорона буд, ки дар он Умед дар бораи таҷриба ва кори худ қисса менамуд.

«Дар шаш моҳи охир, бо илҳом аз баъзе Telegram-каналҳои касбӣ, ман онро ба стартапҳо, бизнесҳо ва шахсиятҳои ҷолиб дар ин соҳа дар саросари Осиёи Марказӣ, бахусус дар Узбекистон ва Тоҷикистон бахшидам»,- мегӯяд мутахассиси ҷавон.

Дар Telegram-канали Умед, ки онро мустақилона пешбарӣ мекунад, ба муштариён дар бораи стартапҳо, тиҷорат ва муассисаҳои марбут ба ин соҳа нақл мекунад.

Умед, инчунин, YouTube-каналеро пешбарӣ мекунад, ки бо блоги Telegram як ном дорад. Аммо ҳоло ҳам пайваста пеш бурдани он имкон намедиҳад, гарчанде ки ӯ дар он низ имкониятҳои бузургро мебинад, чун Умед онро воситаи хуби иртибот медонад.

“Ин канал робитаҳои бузургро дастрас месозад. Масалан, ман бо тоҷиконе, ки дар ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ кор мекунанд ва барои мубодилаи таҷриба омодаанд, робита мекунам”, – мегӯяд ӯ.

«Рақобат ҳамонест, ки истеҳсолотро ривоҷ медиҳад ва онро беҳтар месозад»

Ба андешаи Умед Раҳимов, дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба стартапҳо хеле кам аст. Ӯ сатҳи дастгирии онҳоро “таассуфовар” арзёбӣ мекунад. Умед бар ин бовар аст, ки сабаби ин, кам будани созмонҳое аст, ки соҳибкорони навкоррро дастгирӣ мекунанд.

Ҳол он ки шумораи чунин созмонҳо то рафт коҳиш меёбад, мегӯяд ӯ.

“Масалан, PEAK баста шуд. Айни замон рушди ин система аз ҷониби Бизнес-инкубатори давлатӣ, Accsereaty Prosperety  ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.

Аммо, ба назари ман, ин кифоя нест – лоиҳаҳо ва барномаҳои хусусӣ лозиманд.

Масалан, дар Ӯзбекистон барномаҳои зиёди инкубатсияи хусусӣ ва давлатӣ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, ҳар як фазои коворкинг самти худро дорад. Масалан, CS Space самте дорад бо номи CS Space Startups”,- мегӯяд Умед.

Ба гуфтаи ӯ, бозор дар Тоҷикистон комилан озод аст. Аксари лоиҳаҳои стартап, ки соҳибкорони маҳаллӣ метавонанд оғоз кунанд, имкони муваффақият доранд, агар онҳо дуруст ба роҳ монда шаванд, таҳлилҳои зарурӣ анҷом диҳанд, фарзияҳоро санҷанд ва дастаи устувор дошта бошанд.

“Набудани рақобат дар бозори маҳаллӣ барои стартапҳо мушкил эҷод мекунад, зеро роҳи ҳамворшуда барои пайравӣ кардан вуҷуд надорад ва шумо бояд худатон онро созед.

Рақобат ба рушди истеҳсолот ва беҳтар шудани он мусоидат мекунад, зеро рақибон намегузоранд, ки шумо истироҳат кунед”,- бовар дорад Умед Раҳимов.

Сомон Комилов, Your.tj

Тарҷума аз русӣ. Шакли аслии мақоларо дар ин ҷо хонед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

5
5 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
6
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend