fbpx

Ҳалокати 8 нафар дар ду садама давоми як рӯзи гузашта

Дар як садама 3 шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) ва дар садамаи дигар 5 нафар – зану шавҳар ва се фарзанди 2, 5 ва 7-солаи онҳо ба ҳалокат расиданд.


0

Дар ду садамаи маргбори нақлиётии рӯзи 2-юми июл 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки тақрибан соати 13:00-и 2-юми июл дар километри 50-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд мошини тамғаи “Daewoo Nexia” (рақами давлатиаш 40Н174 GB uz), ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат мекард, ба мошини боркаши тамғаи КамАЗ бармехӯрад.

Дар натиҷа се шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.

Акс аз КҲФ

Ронанда, Бойгитов Нурмаҳмати 60-сола сокини вилояти Фарғонаи Узбекистон будааст. Кумита барои расонидани ин  иттилоъ ва муайян кардани шахсияти мусофирони дигар ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода Узбекистон муроҷиат кардааст. Ҷасади ҳалокшудагонро ба кормандони милитсия супоридаанд.

Садамаи фоҷеабори дуюм дар қаламрави ноҳияи Айнӣ соати 16:50-и ҳамон рӯз дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар наздикии деҳаи Шавадки Поён рух додааст.

“Мошини тамғаи “Musso”, ки як сокини 32-солаи деҳаи Шавадки Поён идора мекард, ба як ҷарии умқаш 450 метр сарозер шуд”,- хабар медиҳад КҲФ.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба иттилои манбаъ, ронанда ва мусофирони ин мошин – ҳамсар ва се фарзанди 2, 5 ва 7-солаи ин оила дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 27-уми июн дар канори шаҳри Кӯлоб дар як садамаи нақиётӣ 7 нафар ба ҳалокат расиданд, ки чор нафарашон аъзои як оила – модар бо се фарзанди хурдсолаш буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend