Ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 44 дарсади издивоҷ бо духтарони то 19-сола сурат мегирад, ки беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин ҳам бошад, танҳо тибқи оморҳои расмӣ. Чанд нафар духтарон аз ин шумора ҳатто ба синни балоғат нарасидаанд, маълум нест, мақомот дар Тоҷикистон “ин оморро нигоҳ намедоранд”. Аммо иҷозаи издивоҷ бо ноболиғро дар Душанбе ба воситаи суд ҳамагӣ ба маблағи 1 доллар гирифтан мумкин аст.
Волидон тасмими ба шавҳар додани духтарони ноболиғашонро бо нияти беҳбуди зиндагӣ ва беҳтарсозии вазъи онҳо шарҳ медиҳанд. Аммо, дар асл, издивоҷи бармаҳал духтарро аз имкони ояндаи хушбахт маҳрум мекунад.
Your.tj шарҳ медиҳад, ки чаро издивоҷи бармаҳал мухолифи меъёрҳои иҷтимоӣ ва динӣ буда, рушди иқтисодии Тоҷикистонро низ суст мекунад.
Издивоҷи дуюм дар 19-солагӣ
Шукрона 19 сол дорад ва бори дуюм издивоҷ мекунад. Волидонаш тасмим гирифтанд, ки зуд ҷиҳози ӯро ҷамъоварӣ кунанд, то маросими никоҳ пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон баргузор шавад.
Тӯйи арӯсии якуми Шукрона соли 2021 баргузор шуда буд, ки он замон ӯ акнун ба 16-солагӣ мерасид. Шавҳараш аз ӯ 8 сол калон буд. Тавре Азиза (ном бо хоҳиши ҳамсуҳбат иваз шудааст – аз муҳаррир) модари Шукрона ба Your.tj гуфт, духтараш навакак синфи 9-ро хатм карда буд. Модараш ӯро ба синфи 10 нагузошт.
“Хайр, худатон мебинед, ки баъди синфи 9 духтаронро идора карда намешавад, онҳо зери таъсири доираҳои бад меафтанд, оилаашонро шарманда мекунанд, ояндаашонро вайрон мекунанд. Дар гирду атроф чунин қиссаҳо зиёданд”, – гуфт Азиза.
Дар Тоҷикистон издивоҷ бо кӯдаки то 18-сола ғайриқонунӣ аст. Барои сарфи назар кардани маҳдудият тасмим гирифтанд, ки сабтином дар шуъбаи САҲШ-ро барои ду сол мавқуф гузоранд ва танҳо маросими никоҳ баргузор кунанд. Пас аз чанд моҳи тӯй “шавҳар” барои кор ба Русия рафт.
“Аз 2,5 соли бо ҳам буданашон шавҳари Шукрона зиёди зиёд ҳафт моҳ бо ӯ зиндагӣ кардааст. Вақти боқимонда дар Русия буд”,- нақл кард модари духтар.
Азиза мутмаин аст, ки Шукрона барои издивоҷ омода буд ва аз ӯҳдаи тамоми корҳои хона мебаромад. Рӯзи духтар соати 5-и субҳ аз рӯбучини хона оғоз меёфт. Сипас ӯ бояд барои тамоми оила субҳона омода мекард, баъд боз рӯбучин мекард, хӯроки нисфирӯзӣ, хӯроки шом мепухт ва боз аз паси ҳама тоза мекард ва бо дигар корҳои хона машғул мешуд. Ин ҳол ҳар рӯз такрор меёфт.
“Ӯ ва шавҳараш бо ҳам муносибати хуб доштанд, барои ҷанҷол сабабе набуд. Духтарам ҳомила шуд, аммо кӯдак дар моҳи ҳафтум мурда таваллуд шуд. Пас аз ин хушдоман ба писараш духтарамро бад нишон дода, мегуфт: “Чӣ фоида аз зане, ки таваллуд карда наметавонад”. Моҳи майи соли гузашта [2023] ӯро аз хонаи шавҳараш ронданд”, – гуфт Азиза.
Дар ин сухбат овози Шукрона нест. Вай ҳаёти худро пурра ба дасти волидонаш супоридааст ва бовар дорад, ки онҳо беҳтар медонанд. Ҷавоби духтар ба ҳама саволҳо чксон аст: “Ҳар чизе ки волидонам мегӯянд, ман онро иҷро мекунам”.
10 марти соли 2024 Шукронаи 19-сола бори дуюм издивоҷ кард. Ҳамсари наваш аз духтар чор сол калон аст, ин барои ӯ низ издивоҷи дуюм аст.
“Падари Шукрона гуфт, ки ба духтар ягон касб ёд додан лозим. Аммо ман фикр мекунам, ки барои ӯ беҳтар аст, бо марди хуб издивоҷ карда, соҳиби фарзанд шавад. Ин тамоми маънии хаёти зан аст”,- бовар дорад модар.
Дар 17-солагӣ ҳам мумкин, ҳатто ҷавонтар аз он ҳам
Аз соли 2010 синни хурдтарини қонунии ақди никоҳ дар Тоҷикистон 18-солагӣ муқаррар карда шудааст, ки дар ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад издивоҷро бо шахси 17-сола иҷозат диҳад (то соли 2010 издивоҷ аз 17-солагӣ, дар ҳолатҳои истисноӣ аз 16-солагӣ мумкин буд).
Муносибати расман қонунигардонидашуда бо шахси то 18-сола ё ҳамзистии якҷоя, ба мисли издивоҷи аввалини Шукрона, издивоҷи маҷбурии кӯдак ё издивоҷи маҷбурии бармаҳал номида мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ чунин никоҳҳоро нақзи бунёдии ҳуқуқи башар медонанд.
Дар саросари ҷаҳон ва бахусус дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама духтарон аз ин гуна издивоҷ осеб мебинанд.
Ба ин тартиб, тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, 44,03 дарсади издивоҷҳои дар соли 2022 басташуда ба духтарони 15-19-сола рост меояд. Писарони дар ҳамин синну сол издивоҷкарда мувофиқи қайдҳои расмӣ каме бештар аз 3%-ро ташкил медиҳанд.
(Каме интизор шавед, то ҳама графикаҳо кушода шаванд)
Ҳама гурӯҳҳои синнусолии занон ҳангоми издивоҷ аз рӯи солҳо (2012-2022)
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар соли 2015 судҳои Тоҷикистон барои 791 издивоҷ бо ноболиғонро иҷоза додаанд. Дар соли 2018 шумораи чунин иҷозатномаҳо ба 2,5 ҳазор расид. Дар соли 2022 аллакай наздики 4 ҳазор нафар, изҳор дошт сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Суҳайлӣ Қодирӣ. Дар асл, ин рақамҳо боз ҳам бештар буданд, зеро ба ин маълумот дар бораи никоҳҳои динӣ бидуни сабтином дар САҲШ ба назар гирифта нашудааст.
Your.tj дархост фиристод, то мушаххас кунад, ки ҳар сол аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ чанд иҷозатнома барои издивоҷ бо ноболиғон ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон дода мешавад. Аз он ҷо ба нашрия изҳор доштанд, ки “ин гуна омор нигоҳ дошта намешавад”. Суҳайлӣ Қодирӣ аз Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ аз посух ба суолҳои мо худдорӣ кард.
Вазорати адлияи Тоҷикистон низ, бо нақзи талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ аз додани маълумот дар бораи шумори ақди никоҳе, ки бо қарори суд баста шудааст, худдорӣ кард.
“Аз “нонхӯрони зиёдатӣ” халос мешаванд”
Барои татбиқи истиснои синну сол, ҳамсарон ариза менависанд, ки бо он он бояд судро ба издивоҷи духтари 17-сола розӣ кунанд. Барои баррасии он одатан се моҳ лозим аст. Боҷи давлатӣ бошад, ҳамагӣ 10 сомонӣ (ҳудуди 1 доллар) аст.
Вале барои онҳое, ки наметавонанд интизор шаванд, роҳи тезонидани ин раванд вуҷуд дорад. Ба иттилои Your.tj, дар Душанбе нарх аз 4000 сомонӣ (ҳудуди 381 доллар) оғоз мешавад.
Дар соли 2019 ҷомеашинос ва пажӯҳишгари гендерӣ Гулнора Бекназарова 536 қарорҳои судҳоро дар бораи паст кардани синни издивоҷ омӯхтааст. Қисми зиёди онҳо – дар 91% ҳолат ба сабаби “вазъияти номусоиди молиявии оилаи духтар” барои издивоҷ дар 17-солагӣ иҷозат пурсидаанд.
Аммо вазъи иқтисодии оила набояд барои паст кардани синни никоҳ асос шавад, гуфт Гулчеҳра Раҳмонова, директори Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”.
“Вақте духтари 17-сола бо сабаби вазъи вазнини иқтисодӣ ба шавҳар мебарояд, гӯё оилааш аз як “нонхӯри зиёдатӣ” халос мешавад.
Коҳиш додани синни издивоҷи духтар ва ба шавҳар додани ӯ, аз нигоҳи меъёрҳои байналмилалӣ, ба фоидаи кӯдак нест. Кӯдак манфиатдор аст, вақте ба ӯ таълим диҳед, ба ӯ ҷои кор диҳед ва ӯро мустақил кунед, гуфт ҳомии ҳуқуқ.
Зан аз ҷиҳати эмотсионалӣ ба мард вобаста мешавад. Дар ин ҷо як паҳлӯи дигари хеле нозуке ҳаст, ки зан маҷбур аст ба ҳама чиз таҳаммул кунад, зеро камбизоат аст, таҳсил надорад, кор надорад ва аз ин рӯ, маҷбур мешавад, ки сол ба сол вазъи худро таҳаммул кунад”,- шарҳ дод Гулчеҳра Раҳмонова.
Ҷомеашинос Гулнора Бекназарова ба ҷонибдорӣ аз таҳсили занон, як далели дигари прагматикӣ овард: “Оё мо ҷойҳои кории зиёде дорем, ки ба одамон маоши хуб диҳанд, то натанҳо барои ғизо, балки барои таҳсил, хидматрасонии тандурустӣ ва фароғат сарф кунанд? Агар зан таҳсилгирифта бошад, даромади иловагии ӯ ба беҳтар шудани сифати зиндагии оила мусоидат мекунад”,- гуфт ӯ.
Аммо оилаи миёнаҳол дар Тоҷикистон барои таҳсили писараш аз духтараш бештар сармоягузорӣ мекунад. Аксар вақт духтаронро пас аз синфи 9 аз мактаб дур мекунанд, зеро чунин меҳисобанд, ки рисолати асосии зан издивоҷ кардан, итоат кардани шавҳар, иҷрои корҳои хона, таваллуд ва тарбияи фарзанд аст.
Дар сурати ҷудошавӣ, зан дар вазъи душвори иқтисодӣ боқӣ мемонад ва эҳтимоли барвақт ба шавҳар додани духтар дар ӯ низ меафзояд.
Динро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд
Манижа (ном бо хоҳиши духтар тағйир дода шуд – аз муҳаррир) дар синни 17-солагиаш ба писари амакаш, ки аз ӯ 6 сол калон аст, шавҳар кард. Ин аввалин издивоҷи байни амакбачаҳо дар оилаи онҳо нест.
“Аз кӯдакӣ медонем, ки пас аз синфи 9 моро ба шавҳар медиҳанд. Ба ин ҳолат назари бад надорем, зеро мо ҳамин тавр тарбия ёфтаем”, – гуфт духтар.
Манижа гуфт, никоҳи расмӣ набуд, оилаи муштараки зану шавҳар танҳо дар асоси никоҳ мувофиқ карданд.
“Вақте шавҳарам аз Русия баргашт, хешовандонамон моро никоҳ карданд ва маро ба хонаи онҳо фиристоданд”,- нақл кард Манижа.
Тибқи иттилои СММ, сатҳи аз ҳама баланди издивоҷи бармаҳал дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд: ҳиссаи духтарон дар издивоҷ, талоқ ё никоҳи ғайрирасмӣ 14,3% аст. Дар гузориш изҳори нигаронӣ шудааст, ки издивоҷи ноболиғон аксаран ҳамчун як маросими динӣ сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, рӯҳониёни исломӣ мегӯянд, ки дин аз таҳсили духтарон ҷонибдорӣ карда, издивоҷи бармаҳалро маҳкум мекунад.
“Мо ҳамчун уламо мутмаин ҳастем, ки издивоҷ бо ноболиғон зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, волидон вазифадоранд, ки аз ин ҳодиса пешгирӣ кунанд. Чунин издивоҷҳо ба далели ба камолот нарасидани ҷавонон ба нофаҳмиҳо байни ҳамсарон, хушунати хонаводагӣ, таваллуди фарзандони носолим, талоқ ва ғайраҳо оварда мерасонад,- гуфт Неъматулло Эшонзода, мутахассиси Маркази исломии Тоҷикистон ба You.tj.
Тибқи тафсири исломӣ омӯхтани илм ҳам барои зан ва ҳам барои мард фарз аст. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки ҷавонон пеш аз оиладор шудан маълумот ва як навъ ихтисос медоштанд. Ин ба онҳо дар ҳаёт кӯмак хоҳад кард.
Масалан, агар волидайн духтари худро ба балоғат нарасида ба шавҳар диҳанд, бо такя ба ин ақида, ки фарзандашон “ба муносибати маҳрамона омода аст”, пас, ин пеш аз ҳама мушкили худи оила аст.
Ба ҷои ин баҳсҳо волидон бояд дар бораи тарбия ва таълими фарзандашон андеша кунанд. Агар оила ба фарзандон таваҷҷуҳ зоҳир кунад, пас барои саркашӣ аз меъёрҳои ҳуқуқӣ сабабу далел ҷустуҷӯ кардан лозим намеояд”,- итминон дорад диншинос.
Наврас – ҳамсар, наврас – модар
Коршиносоне, ки мо бо онҳо суҳбат кардем, қайд мекунанд, ки духтарони 16-17-сола на рӯҳан ва на аз ҷиҳати ҷисмонӣ барои издивоҷ омода нестанд.
Келинҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон бояд тамоми оиларо нигоҳубин кунанд: пухтупаз, рӯбучин, шустани зарфҳо ва шустани либос, ҳатто дар давраи ҳомиладорӣ. Илова бар ин, давраи омӯхташавӣ ва стресс аз ҳаёти ҳамсарӣ.
Духтарон бо хушунати ҷинсӣ низ рӯбарӯ мешаванд: “Духтарон медонанд, ки издивоҷ мекунанд, аммо намефаҳманд, ки издивоҷ чист. Дар аксари мавридҳо шаби аввали издивоҷ аз зӯроварӣ истифода мешавад, гуфт равоншинос Зебо Қаҳҳорова. – На ҳама имкони тамос бо равоншиносу психотерапевтҳоро доранд. Ё ақалан нафаронеро надоранд, ки ба онҳо бовар карда тавонанд. Дар натиҷа шавҳар занашро, ки ба ҳеҷ чиз вокуниш нишон дода наметавонад, мезанад ва зан ягона роҳи наҷотро дар худкушӣ мебинад”,- афзуд ӯ.
Акушер-гинекологи (ҳамсуҳбат хост номаш ифшо нашавад – аз муҳаррир) яке аз таваллудхонаҳои кишвар қайд кард, ки ҳатто агар духтар ба балоғат расида бошад ҳам, барои камолоти равонии ӯ бештар вақт лозим аст. Асабҳои наврасон ба вазн ва фишори зиндагии оилавӣ тоб оварда наметавонанд.
“Ба назди мо келинҳои ҷавон ё бори аввал зояндагон меоянд, ки дар шуъбаи нигаҳдорӣ мехобанд ё таваллуд мекунанд. Онҳо аксар вақт гиря мекунанд ва мехоҳанд ба хонаи волидонашон баргарданд. Онхо бо хоҳаршӯ, хушдоман ва дигар келинҳои хона забони муштарак пайдо карда наметавонанд. Аз ин сабаб, фишори доимӣ ва бемориҳо дар давраи ҳомиладорӣ ва хоҳиши ба хонаи волидайн баргаштанро доранд”,- гуфт гинеколог.
Мансабдорон низ мушкилро дарк мекунанд: “Духтарони 16-17-сола ҳуқуқи худро намедонанд ва аз ҷиҳати физиологӣ барои таваллуди фарзандони солим омода нестанд. Чунин никоҳҳо мустаҳкам нестанд ва дар сурати ҷудошавӣ онҳо дар ҳолати боз ҳам бадтар қарор мегиранд, байни ҳамсолон ва хешовандонашон нуфузу обрӯяшонро гум мекунанд. Онҳо дар ҳолати вазнини равонӣ қарор мегиранд ва ба сабаби надоштани маълумот, аҳволашон боз ҳам вазнинтар мешавад”,- гуфт муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Фирӯза Нуруллозода ба Your.tj.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Ғафур Муҳсинзода дар посухи расмӣ ба нашрия гуфт, ки тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мизони маргу мири кӯдакон ҳангоми таваллуд дар байни наврасон 1,5 баробар бештар нисбат ба заноне аст, ки дар синну соли аз 20 ва 29 таваллуд мекунанд.
“Таваллуд то синни 20-солагӣ ба чунин оқибатҳои душвор, ба монанди гестози бармаҳал, заифшавии кори бачадон ва ғайра оварда мерасонад. Ин дар навбати худ метавонад боиси камвазнии кӯдак, синдроми инкишофи сусти дохили бачадон, гипоксияи музмини ҷанин ва осеби модарзодии системаи марказии асаб гардад”, – шарҳ дод Муҳсинзода.
Ҷомеашинос Гулнора Бекназарова гуфт, духтари 16-17-сола хонандаи мактаб аст, ки бояд танҳо паси миз нишинад, на ин ки ба корҳои хона, таваллуди фарзанд ва ҳаёти ҷинсӣ машғул шавад.
“Вақте дар бораи издивоҷ ва оила ҳарф мезанем, дар бораи ояндаи миллат ва саломатии миллат ҳарф мезанем. Тадқиқотҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки саломатӣ ва таҳсилоти кӯдак бевосита ба саломатӣ ва таҳсилоти модар вобастагӣ дорад. Модари солим фарзанди солим аст, модари бомаърифат фарзанди бомаърифат аст. Агар ин тавр нест, пас барои дар бораи ояндаи миллат гуфтан чизе нест”,- гуфт ҷомеашинос.
Тибқи маълумоти Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, ҳар як соли иловагии таҳсилоти модарон эҳтимоли марги кӯдакро 5-10% коҳиш медиҳад. Имконияти то панҷсолагӣ зинда мондани кӯдакони модароне, ки маълумоти миёна ва бештар аз онро доранд, нисбат ба онҳое, ки модаронашон маълумот надоранд, ду баробар бештар аст.
Вазъиятро чӣ тавр тағйир додан мумкин?
“Духтарон фикр мекунанд интихоби дигаре надоранд ва аз дасти онҳо ҳеҷ чиз намеояд, агар дар фазое тарбия ёфта бошанд, ки дар он талқин мешавад, рисолати аслии зан издивоҷ ва хидмати шавҳар аст. Онҳо ба худ зиндагии дигареро тасаввур карда наметавонанд”,- гуфт Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, дар тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар намояндагони Кумита сарнавишти духтарони бармаҳал издивоҷкардаро зери назорат гирифта, “барои таъмини суботи издивоҷ бо онҳо суҳбатҳои инфиродӣ анҷом медиҳанд”.
“Агар духтарон ба мақомоти дахлдор, бахусус ба Кумита муроҷиат кунанд, ба таҳсили ғоибона ҷалб карда шуда, курсҳои ҳунарҳои гуногунро мегузаранд”,- афзуд Нуруллозода. Барои кӯмак бошад, духтарон метавонанд ба телефони боварии шабонарӯзии 13-13 занг зананд.
Ҷомеашинос Гулнора Бекназарова дар посух ба суоли ҷилавгирӣ аз издивоҷҳои бармаҳал бар ин назар аст, ки таҳсилоти ҳатмии 11-сола, ки аз ҳамин сол ҷорӣ шудааст, нақши муҳим хоҳад дошт. Аз ин пас, агар волидайн тасмим гиранд, ки духтарро баъди хатми синфи 9 аз мактаб гиранд, бояд ӯро ҳатман барои гирифтани ихтисос ба омӯзишгоҳи касбию техники дохил кунанд.
“Дар мактабҳо фаннҳои марбут ба муоширатро ҷорӣ кардан лозим, то тавассути онҳо дар бораи муноқиша ва роҳҳои дурусти баромадан аз он омӯзонида шаванд. Инчунин фанни иқтисодиёт низ бояд ҷорӣ шавад, то шахс нақшаи хароҷот ва даромадро омӯзад. Барои он ки одамон малакаҳои амалӣ, тасаввуроти воқеӣ дар бораи зиндагӣ дошта бошанд, на хаёлҳои ҳавоӣ”,- афзуд Бекназарова.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ ва ба андешаи дигар ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар Кодекси оила бояд кам кардани синни издивоҷро манъ карда, танҳо издивоҷ баъди 18-солагиро боқӣ гузоранд. Ба шахсони гунаҳкор дар ақди никоҳи бармаҳал, аз ҷумла волидайн, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ходимони дин, барои маҷбур кардани кӯдак ба издивоҷи бармаҳал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.