fbpx

“Ман тарафдори будани “идгардак” ҳастам!”. Кӯдакон иди Қурбонро чӣ гуна гузарониданд

Эҳтимол аст, баъди қабули лоиҳаи нави Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин охирин “идгардак”-и кӯдакон шавад.


1
1 point
Акс: Your.tj

Баррасии лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тибқи он “идгардак” дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон эҳтимол аст, манъ карда мешавад, назарҳои мухталифро дар ҷомеа ба миён овард. Парлумони кишвар онро рӯзи 8 май муҳокима кард ва дар назар аст, имрӯз 19 июн дар ҷаласаи навбатӣ қабул гардад.

Пеш аз иди Қурбон, ки 16 июн таҷлил гардид, Шӯрои уламо аз имомхатибон даъват карда буд, ки дар мавъизаҳои худ назорати кӯдакон дар рӯзи идро таъкид кунанд. Бо вуҷуди ин, мушоҳида шуд, ки рӯзи ид шумораи зиёди кӯдакон ба “идгардак” баромаданд.

Субҳи барвақти рӯзи 16-уми июн кӯдакон бо нидоҳои “Иди нав муборак!” дарҳои сокинонро кӯфтанд, гарчанде баъзе аз волидон то андозае “идгардак”-и фарзандонашонро “пешгирӣ карданд”.

Дар шаҳри Душанбе шумораи онҳо камтар ба назар мерасид, чун вақти таътили мактабӣ аст ва аксарият идро дар деҳа гузарониданд. Аммо дар гирду атрофи пойтахт ва деҳаҳо тақрибан мисли пештара ба “идгардак” баромаданд ва хурсандӣ карданд. Эҳтимол аст, баъди қабули лоиҳаи нави Қонун ин охирин “идгардак”-и онҳо шавад.

“Интизор надоштем, ки кӯдакон ба “идгардак” мебароянд”

Дар як суҳбати кӯтоҳе дар даромадгоҳи як бинои истиқоматии шаҳри Душанбе занҳои ҳамсоя гуфтанд, ки имсол ба ид омодагӣ надидаанд ва фикр кардаанд, ки кӯдакон ба “идгардак” намебароянд.

Акс: Your.tj

“Ҳар сол дар ид се қуттӣ сақич мехаридам, то ба кӯдакон бидиҳам. Аммо ин дафъа фикр кардам, ки онҳо намеоянд ва ҳатто як қуттӣ ҳам нахаридам. Хайрият, як қуттии нисф аз иди гузашта боқӣ монда буд”, – гуфт ҳамсоя.

Дигарон низ бо тасдиқ сар ҷунбонда, гуфтанд, онҳо интизор набуданд, ки кӯдакон ба хонаҳояшон меоянд. Ҳарчанд дар муқоиса бо идҳои гузашта онҳо камтар буданд.

Кӯдакон аз як даромадгоҳ ба даромадгоҳи дигари биноҳо хушҳолона қадам мезаданд. Таҷрибаи худро ба хамдигар накл мекарданд: яке мегуфт, ки аз хурсандӣ тамоми шаб хоб накардааст, дигаре мегуфт, ки модараш ба “идгардак” рафтанро манъ кардааст, аммо халтачаи як хафта пеш тайёр кардаашро гирифта, барвақттар аз хона баромадааст. Сеюмӣ ​​мегуфт, ки ӯ тамоми шаб гиря кард ва танҳо баъди он волидонаш ба “идгардак” иҷозат доданд.

Акс: Your.tj

“Ин дафъа камтар “идгардак” кардем”

Ясминаи 10-сола, ки дар даст халтачаи қоғазии пур аз шириниҳои гуногун дошт ва ҳамроҳи дугонаҳояш давон-давон ба сӯйи биноҳои ҳамсоя мерафт, моро дида, бо лаҳни ширини кӯдаконааш идро табрик гуфт.

Ӯ сақичу конфетҳои ҷамъкардаашро бо завқ намоиш дода, гуфт, муаллимааш рӯзи ид онҳоро ба лагери тобистона даъват карда буд, аммо ба он ҷо нарафт, то бо дугонаҳояш “идгардак” кунад. Ясмина дар идҳои Рамазон ва Қурбон “идгардак” карданро дӯст медорад ва ин рӯзҳоро бесаброна интизор мешавад.

Акс: Your.tj

“Модарам иҷозат дод, ки ба “идгардак” бароям. Ҳамроҳи дугонаҳоям аз саҳар ба хонаҳои ҳамсояҳо рафта, идро барояшон табрик гуфтем.

Иди гузашта кӯдакон бисёр буданд, ҳозир кам. Мо ҳам то нисфирӯзӣ мегардему ба хона меравем. Пештар то бегоҳ хона ба хона мегаштему хушҳолӣ мекардем”, ‑ гуфт Ясмина каме норозиёна.

“Падару модарам гуфтанд, танҳо ба хонаи шиносҳо ба “идгардак” равам”

Усмон, ки дар синфи панҷ таҳсил мекунад, гуфт, бо дӯстонаш ин маротиба тасмим гирифтаанд танҳо ба хонаи якдигар бираванд. Ба ӯ волидайнаш таъкид кардаанд, ки танҳо ба хонаи шиносҳо ба “идгардак” равад.

“Ман аллакай калон шудаам ва сухани онҳоро дарк намудам. Аммо “идгардак”-ро дӯст медорам, нороҳат шудам, ки ин маротиба наметавонам ба мисли идҳои гузашта хушҳолӣ кунам.

Модарам гуфт, ки ту калон шудӣ ва дигар “идгардак” кардан намезебад, лекин мебинам, ки аз ман калонтарҳо низ “идгардак” мекунанд”,‑ гуфт ӯ каме ғамгинона.

Акс: Your.tj

“Ин маротиба нагузоштам фарзандонам “идгардак” кунанд”

Баҳор сокини пойтахт ва модари ду фарзанд аст. Ӯ аз хабарҳои охир вобаста ба манъи “идгардак” огоҳ аст. Вале, мегӯяд, кӯдаконаш хурдсоланд ва идро ҳамеша бесаброна интизор мешаванд, то ба “идгардак” баромада хурсандӣ кунанд. Ба онҳо фаҳмонидани он ки дигар ба “идгардак” нараванд душвор аст.

“Онҳо гиря карданд. Хостам ба чизҳои дигар машғулашон кунам, ба онҳо филми тасвирӣ гузоштам, ширинӣ додам, вале фоидае накард.

Баъд гуфтам, ки ба хонаи хешовандон ба “идгардак” меравем, онҳо ба ҳардуятон тӯҳфа медиҳанд ва бо кӯдакон бозӣ мекунед. Баъд розӣ шуданд, ҳарчанд дар чеҳраашон ғамро мушоҳида намудам”,‑ гуфт модари ҷавон.

“Ман тарафдори будани “идгардак” ҳастам!”

Моҳира модари се фарзанди ноболиғ аст. Ӯ мегӯяд, кӯдаконаш омадани идро интизорӣ мекашанд. Чунки маҳз дар ин рӯз имкон доранд, ба хонаи пайвандон ва ҳамсоягон рафта, ҳадя бигиранд.

“Барои тӯҳфа харидан ба кӯдакон маблағи ночиз  сарф мешавад ва агар бештар ҳам харҷ шавад бар ивази хурсандии кӯдакон ҳеҷ аст.

Акс: Your.tj

Аммо барои оростани дастархони идона маблағи зиёд сарф мешавад ва исрофкорӣ ҳам мешавад. Ман тарафдори будани “идгардак”-и кӯдакон ҳастам”,‑ гуфт Моҳира.

Ӯ илова намуд, ки манъ гаштани “идгардак” кӯдакон бо тақозои замон агар зарурат бошад ва далелҳои пешовардаи мақомот онро исбот кунад, мо сиёсати давлатро ҳимоя мекунем.

“Ман ба андешаи бархеҳо, ки гӯё “идгардак”-и кӯдакон онҳоро ба “гадоӣ” ташвиқ мекунад, комилан зид ҳастам. Гузаштагони мо асрҳо “идгардак” карданд, вале чуноне мебинем, ҳеҷ кас аз он “гадо” нашудааст.

Фикр мекунам пурра аз байн бурдани “идгардак” номумкин аст. Агар гаштани кӯдаконро манъ кунанд ҳам, мардум кӯшиш мекунанд, бо паҳн кардани дастархони идона ин анъанаро идома диҳанд”,‑ афзуд Моҳира.

Акс: Your.tj

“Наметавонам фарзандонамро пурра аз “идгардак” маҳрум созам”

Бо вуҷуди ин, модари ҷавон дар оянда кӯшиш мекунад ба кӯдаконаш фаҳмонад, ки дигар дар рӯзҳои ид ба “идгардак” нараванд. Ба гуфтаи ӯ, ин метавонад ба ҳолати равонии фарзандон таъсири манфӣ расонад. Вале Моҳира онҳоро пурра аз он маҳрум накарда, ҳамроҳи худ ба хонаи дӯстон ва пайвандон ба “идгардак” мебарад.

“Мушоҳида мешавад, ки бо мурури замон он шавқу шӯре, ки дар дили кӯдакони даврони мо буд, ҳоло дар кӯдаконамон намондааст. Онҳо рӯзҳои ид ҳамагӣ як-ду соат субҳгоҳӣ “идгардак” мекунанду бо ҳамин ба хона бармегарданд”,‑ гуфт Моҳира бо таассуф.

Акс: Your.tj

Анъанаи “идгардак” дар Тоҷикистон як шодии кӯдакона аст. Онҳо рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон ба хонаҳои ҳамсояҳо ва хешу табор рафта, шириниҳо ҷамъ мекунанд.

Чанд рӯз пеш аз ид волидайн барои фарзандонашон либоси нав мехаранд, шириниҳо омода мекунанд ва кӯдакон ба ифтихори ид халтачаҳои худро омода мекунанд. Баъди анҷоми “идгардак” кӯдакон ҷамъ шуда, байни худ ҳисоб мекунанд, ки дар халтаҳои кадоме аз онҳо бештар ширинӣ ҷамъ шудааст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷаласаи парлумон гуфта буд, манъи “идгардак” барои “тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” аст.

Дар ин ҷо метавонед дар бораи анъанаҳои ҷашнгирии иди Рамазон ва “идгардак”-и кӯдакон бихонед.

Ин ҷо бошад, дар бораи як ташаббуси ғайриодӣ, ки ду сол пеш дар рӯзи иди Қурбон амалӣ шуда буд, хонда метавонед.

Шаҳноз Ализода, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend