fbpx

Чӣ гуна духтараки 6-сола хӯрок омода мекунад

Анисахон беш аз 20 намуди хӯрокҳои миллӣ ва дигар хӯрданиҳои лазиз омода мекунад ва тавонист, ки ба зудӣ берун аз Тоҷикистон низ мухлисони зиёд пайдо кунад.


1
1 point
Духтарак хӯрок мепазад
Анисахон ҳангоми кор бо хамир. Ин ва дигар аксҳоро модари Анисахон ба мо фиристод.

Анисахон Масъудзода дар 6-солагӣ аллакай ба ҳазорон нафар корбарони шабакаи иҷтимоии Instagram дастурамали омодасозии хӯрокро бо лаҳни зебои кӯдакона намоиш медиҳад. Ӯ хурдсолтарин фуд-блогер дар Тоҷикистон аст. Бо дастигирӣ ва раҳнамоии аҳли оила, бахусус, модараш блоги @anisa.posho ҳоло беш аз 18 ҳазор корбар пайдо кардааст.

Мунзифа Исломова, модари Анисахон бо муаллифи Your.tj ҳамсуҳбат шуда, аз хислатҳои аҷиби ӯ, лаҳзаҳои омода кардани навор барои блог ва аҳамияти муносибати дуруст бо кӯдак, ки барои ояндаи дурахшон мусоидат мекунад, нақл кард.  

Бозии ғайриоддӣ ва истифодаи бомеъёри телефон

Анисахон беш аз 20 намуди хӯрокҳои миллӣ ва дигар хӯрданиҳои лазиз омода мекунад. Духтараки тоҷик тавонист, ки ба зудӣ берун аз Тоҷикистон низ мухлисони зиёд пайдо кунад. Тавре волидонаш мегӯянд, ҳоло ширкатҳои бузургтарини ҷумҳурӣ бо ӯ хоҳиши ҳамкорӣ доранд.

Соли ҷорӣ Анисахон дар озмуни шаҳрии “Донояк”, ки байни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд гузашт, ширкат варзида, соҳиби шоҳҷоиза шуд. Алҳол духтарак дар чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ низ фаъолона иштирок дорад.

Модари Анисахон мегӯяд, фарзанд имрӯзу фардои зебои ҳар оиларо таъмин мекунад. Дар ин радиф, ин бону се гулдухтар дорад, ки Анисахони ноздона фарзанди хурдии хона аст.

“Анисахон аз хурдӣ зирак буд. Вақте 3 моҳ дошт, говак карданро сар карда буд. Дар 6 моҳагӣ бо пой рост меистод. Аҷиб буд, ки бозичаҳои кӯдаконаро ин қадар дӯст намедошт.

Ҳар вақте хамир кунам, ба дасташ як мушт хамир медодам. Бовар мекунед, то 2 соат хамирро бозӣ мекард. Ҳамин тариқ, бо хамир бозӣ карданро писандида монд. Вақте дастонаш каме боқувват шуд, ба дасташ нонпар ҳам медодам. Хуллас, дар пухтупази хӯроки хамирин аз хурдӣ ёвари бемалолам буд”,- нақл кард бо ифтихор ин модар.

Мунзифа Исломова афзуд, духтаракаш бисёр дар хона нишастанро намеписандид ва мегирист. Исрор мекард, ки ӯро ба берун баранд. Аз одамон тарс надошт, ба ҳама бо табассуми ширини нигоҳ мекард.

“Аз ин рӯ, вақте 1 сола шуд, ба боғча додем. Тавре мураббиёнаш низ мегӯянд, Анисахон духтараки якрав ва ҳамзамон боистеъдод мебошад. Одамдӯст ва хушсухан аст. Ба хурдсолиаш нигоҳ накарда кӯшиш мекунад, бо ҳар як узви оила ва дигар одамони калонсол забон ёбад”,- ба ёд овард модари Анисахон.

Мунзифа бар ин назар аст, ки волидон ба кӯдакон набояд истифодаи аз меъёр зиёди телефонро иҷозат диҳанд. Вай телефонро бо мақсади муайян ба дасти духтаракаш медиҳад. Аниса бисёртар наворҳои омӯзишии TikTok-ро тамошо карда, сатҳи забони русиашро хубтар мекунад. Ҳамчунин, қоидаҳои кор бо камераи телефонро камубеш ёд гирифтааст.

Чӣ гуна идеяи фаъол кардани фуд-блог пайдо шуд?

Аниса-пошо қариб ҳар рӯз дар корҳои пухтупаз ба модараш ёрӣ медод. Модар аз саволҳо ва амалҳои хоси ёвари хурдакакаш завқ бурда, чӣ гуна дар сари миз бо маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, бо хамир бозӣ кардани духтарашро навор мегирифт. Ӯ олами расонаҳои иҷтимоиро таҳлил карда, рӯзе дарёфт, ки дар фазои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ фуд-блогери наврас қариб, ки нест. Аз ин лиҳоз, хост, ки нахустин шуда чунин блогро фаъол созад.

“Офаридани муҳтаво барои мо мушкил нест. Дар аввал дар бораи пухтани ягон навъи хӯрок фикр мекунем. Пез аз наворгирӣ сенария тартиб намедиҳем. Фонди луғавии Аниса-пошо назар ба дигар ҳамсолонаш ғанитар аст. Дар рафти сабт ба дилхоҳ нақш ворид шуда, бадоҳатан сухан меронад. Нозу ишваҳои баҷову ба худ зебанда мекунад. Бештар ман хӯрок ва дастурамали таҳияи онро интихоб мекунам. Дар вақти сабт лахзаҳои ҷолибу хандаовар зиёд рух дода медиҳад”,- шарҳ дод Мунзифа Исломова.

Дар аксар наворҳо модар нақши хушдоман ва духтараш Аниса-пошо нақши келинро мебозад, ки ҳарду ҳам онро бо маҳорати баланд иҷро мекунанд.

“Баъзан аз таҳи дил механдем, гоҳе ба эҳсосот дода мешавем. Барои ман ҳама лаҳзаҳои бо духтаракам будан беҳтарин аст, чунки ҳолатҳое, ки дар вақти сабт ба вуқӯъ мепайвандад, як умр дар таърихи оилавӣ мемонад”,- гуфт модари Анисахон.

Дар нахустин сабт наворҳои хурд Аниса-пошо дар навор танҳо нақш иҷро мекарду халос. Кор фармудани асбобҳои ошхона ва раванди пухтупазро модараш аз пушти дастгоҳи наворбардорӣ иҷро мекард. Ба ӯ тайёр кардани хӯрокҳои миллии хамирин бештар писанд аст.

Ҳоло духтарак тарзи бастани чанд намуди мантуро омӯхта истодааст. Кор бо тахтаву тирак ва дигар асбобҳои ошхонаро низ ба қадре ёд гирифтааст. Ҳатто баъзан вақт гӯё ба кори модараш айб ёфта, чизеро ёд доданӣ мешавад. Дар кори сабт ва танзими наворҳо ба модару духтар як мобилограф кӯмак мерасонад.

Вақт барои мутолиаи китоб ва арҷ гузоштан ба интихоби фарзанд

Анисахон ҳар рӯз ба мутолиаи китобҳои бачагона низ вақт меёбад. Ҳар бегоҳ расмҳои китобро тамошо карда, муҳтавои онро ба таври худ таҳлил ҳам мекунад. Нигоҳубини ҳайвоноти хонагиро низ дӯст медорад. Дар хонаашон сангпушт ва гурбача дорад, ки дар вақтҳои фориғ будан бо онҳо бозӣ мекунад

“Вақте Аниса дар батнам буд, эҳсос мекардам, ки кӯдакам хеле боғайрат мешавад. Ҳаракаташро дида, мегӯям, ки эҳсосҳоям хато набудааст. Барои таълиму тарбияи дуруст гирифтани ӯ ва дигар хоҳаронаш доимо тайёрам. Албатта, интихоб ва завқу шавқи ҳар фарзандонро қадр мекунам. Ин чизи муҳим аст.

Ҳамчун волидайн кӯшиш мекунем, то фарзандонамон ба лаёқату хоҳиши худ боварӣ пайдо карда, ҳаёти хубу арзандаеро соҳиб шаванд. Дар навбати худ, Анисахон орзу дорад, ки духтур шавад ва дар оянда соҳиби 5 фарзанд гардад”,- аз олами рӯёҳои духтаракаш завқ мебарад Мунзифа.

Истироҳат барои кӯдакон муҳим аст

Дар оянда қарор аст, ки Аниса-пошо бо фуд-блогерони номдори ҷаҳон ҳамкорӣ кунад. Волидайнаш кӯшиш доранд, бренди “Аниса-пошо” таъсис диҳанд. Дар ин замина, падари қаҳрамони мо – Масъуд Мақсудов дар ҳар кор духтарашро сарпарастӣ карда, сарулибос ва маҳсулоти заруриро расонида меистад. Ҳамзамон, онҳо ба истироҳат кардани духтаракашон таваҷҷуҳ медиҳанд. Намегузоранд, ки аз сабти зиёд хаста шавад.

“Пас аз ҳар як сабт ба кӯча мебароем. Сайр карда, кӯфтагии корро бароварда меоем. Сайру саёҳат ҳам зарур аст. Чанд вақт боз ҳамчун блогер реклама қабул карда истодаем. Маблағи аз ин кор ҷамъ шударо ба худаш сарф мекунем. Ба номаш суратҳисоб кушодаем, ки сармояи ҷамъшударо барои ояндааш истифода хоҳем бурд. “Ин пули коркардаи туст, барои он заҳмат кашидӣ”-гӯён бо ин суханон руҳангезӣ медиҳем. Аниса-пошо аз дигар ҳамсолонаш бо каме серкор будан фарқ дорад”,- илова кард Мунзифа.

Ҳоло модар ҳамроҳи духтараш ба чорабинии идонаи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон омодагӣ дида истодааст. Қарор аст, Анисахон дар ин чорабинӣ дар назди меҳмонони зиёд, аз ҷумла, раиси вилоят суханронӣ кунад. Волидайн барои рӯҳану ҷисман рушд ёфтани духтарашон ҳамеша мекӯшанд.

Аз таърихи интихоби Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Аз 1- уми июни соли 1925 ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Соли 1989 Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул ки, ки тибқи тавсияи он ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бояд риоя гардад.

Дар асоси ин ҳуҷҷат ҳамаи онҳое, ки ба синни 18 нарасидаанд, кӯдак ҳисобида мешаванд. Тибқи моддаи 2-юми санади мазкур: “Ҳамаи кӯдакон новобаста аз ҷинс, синну сол, эътиқоди динӣ ва ранги пӯст баробарҳуқуқанд”.

Тибқи омори сомонаи Countrymeters, ки ба манбаъҳои United Nations Department of Economic and Social такя мекунад, дар Тоҷикистон давоми 1 сол тақрибан беш аз 319 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад. Ба ҳисоби миёна, дар як рӯз 876 кӯдак ба дунё меояд. Ҳамзамон, тибқи иттилои Агентии омор дар соли сипаришуда 239,9 ҳазор кӯдаки навзод  дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қайд шуданд.

Аз рӯи нишондиҳандаи синну сол Тоҷикистон яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, 35% фоизи сокинони он кӯдакону наврасон мебошад. Ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҷонии ҳар фард, ҷомеа ва давлат мебошад.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
7
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend