Амина Ҳафизова, ҳунарманди синамо аст. Вай ҳамагӣ 23 сол дошта, дар театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский фаъолият мекунад. Ӯ соли 2020 ҳамчун ҳунарманд ба кор шурӯъ кард, замоне ки дар сайёра пандемияи COVID-19 ҳукмрон буд. Иҷрои нақш дар силсилафилми “Ишқ. Пул. Душанбе” аз нахустин қадамҳои Амина ба олами синамо буд, ки тавассути он дар байни мухлисонаш шинохта шуд.
Ӯ ба муаллифи Your.tj чӣ гуна дар давраи COVID-19 ба саҳна омадану нақши зани ҳомиларо иҷро кардан ва даст ба “дуздӣ” заданашро қисса кард.
Аз орзуи сарояндагӣ то таҳсил дар ихтисоси маркетолог
Амина Ҳафизова соли 2001 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, маълумоти ибтидоиро дар ҳамин ҷо гирифтааст. Ӯ замони хонандаи мактаб будан орзуи санъаткор шуданро дошт ва дар маҳфилҳое, ки дар муассиса мешуданд, сарояндагӣ мекард.
Қаҳрамони мо соли 2016 дар лоиҳаи “Андалеб” ҳам иштирок кардааст. Падару модар ба ин кори Амина зид буданду намехостанд ӯ сарояндагӣ кунад. Бо гузашти вақт онҳо фаҳмиданд, ки ин бад нест ва духтарашон дар роҳи дуруст аст.
Баъди хатми мактаби миёна Амина бо хоҳиши модараш ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи технологии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси маркетолог супорида, донишҷӯ шуд. Пас аз муддате аз идомаи таҳсил даст кашид, зеро ба ин соҳа шавқе надошт.
Ҳамин тавр, Амина ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский рафта, он ҷо ҳунари нақшофариро меомӯзад.
Таъсири нақш ба ҳаёти шахсӣ
“Ман як мушкилӣ дорам, намедонам ҳунармандони дигар инро чӣ мегӯянд. Вақте як нақшро бозӣ мекунам, дар зиндагии шахсӣ низ тарзе рафтор мекунам, ки гӯё ҳоло ҳам дар нақш бошам. Фикр мекунам, ин бад аст”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Як замон, дар намоишномае бо номи “Зан ҳақи бахшиданро дорад” ба Амина нақш медиҳанд. Ӯ бояд нақши духтари бордореро, ки ба зиндон меафтад, бозӣ мекард. Амина дар он персонаж бо хушдоманаш мушкилӣ дорад.
Ҳунарманд нақшро чунон моҳирона бозида буд, ки баъд аз поёни сабти ҳолати таваллудкунии зани зиндоншуда, яке аз коргарон ба назди Амина омада мегӯяд, “ман фаромӯш кардам, ки ин сабт аст, шоҳиди таваллудкунии як зан будаму метарсидам”.
Ин нақш ба қаҳрамони мо писанд меафтад ва чанд муддат феълу рафтори персонажашро мегирад. Вақте намоишнома ба анҷом мерасад ӯ хеле рӯҳафтода мешавад, наметавонад худро аз ҳамон нақш берун кунад.
“Дар он нақш духтар хеле боиродаву ҷасур буд, ман ба вай одат кардам ва спектакл ба охир расиду бояд аз он нақш мебаромадам, ин маро нороҳат мекард”, – ёд овард Амина.
Оғози муваффақиятҳо
Соли 2020 Набиҷон Пирматов ба қаҳрамони мо занг зада, пешниҳоди нақшофарӣ дар як силсилафилмро мекунад.
Амина нақл мекунад, “ман ӯро нашинохтам ва ҳатто намедонистам, ки гап дар бораи чӣ меравад”.
“Вай гуфт, ки мо мехоҳем, як силсилафилм сабт кунем ва Шуморо ба кастинг даъват карданӣ ҳастем. Он вақт дар ягон ҷой кор намекардам, зеро карантин нав ба охир расида буд. Ман розӣ шудам. Вақте ба кастинг рафтам, онҳо маҳорати нақшофариамро санҷиданд, ҳама чӣ олӣ гузашт. Баъд онҳо маро расман даъват намуданду мо шартномаи ҳамкорӣ бастем”,- ба хотир овард ҳунарманд.
Амина дар “Ишқ. Пул.Душанбе” нақши Риянаро бозидааст. Духтаре, ки ба хотири бемории падараш шуда, даст ба дуздӣ мезанад. Ӯ дар филм лақаби “Дуздак”-ро мегирад.
“Баъд аз ин филм, дар кӯчаҳо гоҳо маро “Дуздак” гуфта садо мекунанд”,- гуфт бо табассум Амина.
Тасвири ҳиссиёт дар филм
Замони дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский фаъолият доштани Амина, ҳамеша барояш ҷолиб буд, ки ҳунармандон чӣ гуна ашк мерезанд. Баъд аз пайвастан ба тими эҷодии Набиҷон Пирматов ӯ дарк мекунад, ки на гиристан, балки самимона хандидан мушкилтар будааст.
“Ман ҳамчун ҳунарманд наметавонам самимона бихандам, мумкин ин хандаовар намояд, аммо маро ҳунармандон мефаҳманд. Ба ман самимона хандидан мушкил аст”, -афзуд қаҳрамони мо.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Мушкилоти соҳаи синамо
Ба гуфтаи Амина, як қисми ҷомеа ҳунармандонро на он қадар хуб қабул мекунанд.
“Ин пӯшида нест, ки агар шумо ҳунарпеша ва ё сароянда бошед, мардум фикр мекунанд, инсони бад ҳастед”,-мегӯяд Амина.
Ӯ барои зиёдтар касбӣ ба назар расидани фаъолияти эҷодӣ ба шахсоне, ки нав ба ин ҷода қадам мениҳанд, пеши худ мақсади муайян гузоштанро тавсия медиҳад.
Ҳар як ҳунарманд бояд масъулиятшинос бошаду вақти дигаронро қадр кунад. Бемасъулиятии кормандон дар ҳама соҳаҳо ба назар мерасад. Дар филмофарӣ ҳам будани ин мушкилиро Амина тасдиқ кард.
“На ҳама масъулиятшинос аст, аммо, махсусан, ҳунарманд бояд ин хислатро дар худ дошта бошад”, – таъкид кард ҳамсуҳбати мо.
Дар “Hollywood” ҳангоми сабт намудани ягон филм, як қисми маҳаллаеро, ки дар он бояд филм ба навор гирифта шавад, мебанданд. Мардуми роҳгузар агар назарашон ба онҳо биафтад, як нигоҳ мекунанду гузашта мераванд.
“Аммо мутаассифона, дар мо чунин нест, – мегӯяд Амина. – Дар мо агар бинанд, ки сабт карда истодаӣ, луқмапартоӣ мекунанд, масалан мегӯянд, “Э апа чихелӣ?” ва монанд ба ҳамин”, – афзуд ӯ.
Амина Ҳафизова ғайр аз ҳунарманди соҳаи синамо буданаш боз сарояндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, модари намуна ҳам ҳаст. Ӯ соҳиби як писар мебошад. Вақтҳои фориғи худро зиёдтар бо ӯ сарф мекунад.
Замир Арбобов