Рӯза доштан яке аз рукнҳои асосии шариати Ислом аст ва барои мусулмонон доштани он фарз мебошад. Муаллифи “Your.tj” ба ин муносибат сар аз мафҳуми рӯза то талаботи онро дар ин матлаб гирд оварад.
Вожаи рӯза чӣ маъно дорад?
Вожаи рӯза калимаи тоҷикӣ буда, дар забони арабӣ – “савм” гуфта мешавад ва он дар луғат ба маънои “дар дини ислом худдорӣ аз хӯрдан, нӯшидан ва истеъмоли чизҳои кайфовар аз сарзадани офтоб то ғуруби он” тафсир мешавад.
Рӯза доштан фарз аст
Худованд барои ҳама мусулмонон дар ояти 183-юми сураи Бақараи Қуръон доштани рӯзаро фарз гардонидааст: “Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар умматҳои пеш аз шумо фарз гардида буд, то тақво намоед”.
Рӯза бар киҳо фарз аст?
Ҳар як мусулмоне, ки ба синни балоғат (тибқи баъзе сарчашмаҳо – писарон – 12 сола, духтарон – 9 сола) расидааст, ақли расо дорад ва саломативу солим дорад, доштани рӯза барояш фарз мебошад.
Рӯза дар кадом вақт фарз аст?
Ба ҳар як мусулмон доштани рӯза дар моҳи Рамазон, моҳи нуҳуми гоҳшумории қамарӣ, миёни моҳҳои шаъбон ва шаввол, фарз мебошад ва дар ин моҳ, ки бештар вақт 30 рӯз ва гоҳо 29 рӯз аст, аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб гирифтани рӯза зарур ҳисобида мешавад.
Нияти рӯза кадом аст?
Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, рӯзадор бояд дар қалбаш нияти холис дошта бошад, ки барои ризои Аллоҳ рӯза бигирад.
Нияти доштани рӯза: “Ва лисавми ғаддин мин шаҳри рамазониллазӣ фаризатан навайту” (“Ният кардам, ки бидорам рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб”)
Нияти ифтор: “Аллоҳума лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқиқа афтарту. Бираҳматика ё арҳамар роҳимин” (Парвардигоро! Барои ризогии ту рӯза доштам ва ба ту имон овардам ва ба ту такя дорам ва ба ризқи додаи ту ифтор кардам).
Кӣ аз рӯзадорӣ озод аст?
- Мусофире, ки аз хонааш дар масофаи беш аз 90 км дур аст ва то 15 рӯз иқомат мекунад;
- Нафаре, ки беморӣ дорад ва доштани рӯза ба саломатияш зарар меоварад;
- Зане, ки давраи ҳайз ё нифосро мегузаронад;
- Зане, ки ҳомиладор аст ё кӯдаки ширдеҳ дорад;.
- Ва шайхи фонӣ, яъне пиронсолоне, ки рӯза дошта наметавонанд.
Чӣ рӯзаро намешиканад?
- Ба нохост ва азрӯи фаромӯшӣ хӯрдан ё ошомидан;
- Душ гирифтан;
- Чашидани таъом бо нӯги забон, ба шарте, ки рӯзадор онро нахӯрад;
- Бо мисвок ё бо чӯтка бе хамираи дандоншӯӣ шустани дандонҳо;
- Ба чашм дору чаконидан, сурма кашидан;
- Фурӯ бурдани пасмондаҳои ғизо, ки субҳ дар байни дандонҳо дармонда буд, агар андозаи он аз нахӯд камтар бошад;
- Хун додан, хунгузаронӣ;
Чӣ рӯзаро мешиканад?
Ҳолатҳое, ки каффоратро талаб мекунад:
- Хӯрдану ошомидан;
- Ҷимоъ кардан;
Ҳолатҳое, ки ҷуброн талаб мекунанд:
- Аз бинӣ ё гӯш ворид шудани чизе;
- Клизма кардан;
- Қайкунӣ бо даҳони пур;
- Оғози ҳайз ё нифос;
Садақаи фитр чӣ гуна аст?
Садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтаво махсуси табақаҳои муайяни худро дорад, чунончи дар ояти карима баён шудааст:
“Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст” (Тавба, 9:60).
Закоти фитр бар ҳар мусулмоне воҷиб аст, ба далели ҳадиси ибни Умар (р), ки гуфт: “Паёмбар (с) закоти фитрро, ки як соъ хурмо ё ҷав аст, бар ҳар мусулмони барда, озод, мард, зан, хурд ва бузург воҷиб кард ва дастур дод, ки пеш аз хуруҷи мардум ба тарафи намози Ид пардохт шавад”. (Бухорӣ, Муслим, Тирмизӣ, Абудовуд ва Насоӣ).
Тибқи нишондоди Шӯрои уламои Тоҷикистон, имсол садақаи фитр 7 сомонӣ (аз рӯи гандум) ва 54 сомонӣ (аз рӯи мавиз барои одамони сарватманд) ба як нафар муайян шудааст.
Фидя чист?
Нафароне, ки бо сабаби узр доштан рӯза гирифта наметавонанд, тибқи муқаррароти дини Ислом фидя мепардозанд. Маблағи фидяро Шӯрои уламои Тоҷикистон 420 сомонӣ барои 30 рӯз. (14 сомонӣ барои як рӯз) муайян кардааст.
Аммо нафароне, ки барқасд ва бидуни ҳеҷ узр рӯзаи моҳи Рамазонро мехӯранд, каффорати рӯзаро иҷро мекунанд: он 60 (ҳатто 61) рӯз муайян шудааст.
Ҳаҷми закот чӣ қадар аст?
Закот рукни сеюми бинои ислом, яке аз фароизи Худованд бар мусулмонон ва ибодати молӣ аст, ки ба миқдори муайян ва дар шароити хоссе пардохта мешавад.
Закотро мусулмононе медиҳанд, ки тибқи муқарраркардаи Шӯрои уламои Тоҷикистон, на камтар аз 35 ҳазору 275 сомонӣ маблағ доранд. Аз ин миқдор 880 сомонӣ закот пардохт мешавад.
Фазилат ва подоши рӯза ва Рамазон чӣ аст?
Расули Худо гуфтааст: “Дар ҷаннат дарест номи он “район” аст, дохил мешаванд онро рӯзадорон дар рӯзи қиёмат ва дохил намешавад аз он дар, кассе ғайр аз рӯзадорон”.
Боз мефармоянд: “Бандае аз бандаҳои Худо агар як рӯз дар роҳу ризои Худо рӯза дорад, дур мегардонад Худованд аз рӯи ин банда дӯзахро ба масофаи 70-сол”.
Дар ҳадиси дигар омадааст: “Шахсе дар моҳи Рамазон аз сидқи дил ва барои ризои Худо рӯза дорад, Худованд ҳамаи гуноҳҳои гузаштаашро мебахшад”.
Ва боз гуфтааст расули Худо: “Вақти Рамазон ояд кушода мешавад дарҳои ҷаннат ва пӯшида мешаванд дарҳои дӯзах ва занҷирбанд карда мешавад шайтонҳо”.
Ин матлаб бо истифода аз маълумоти Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Таҳиягар М. Раҳмат