fbpx

Моҳи шарифи Рамазон аз 11 март оғоз мешавад

Фитри рӯза 7 сомонӣ ҳисоб шудааст.


0
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон

Дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон оғози Рамазонро 11 март муқаррар кардааст.

Дар ин бора Кумитаи дин бо такя ба Шӯрои уламои кишвар иттилоъ додааст.

Нисоби закот 35275 сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз ин 880 сомонӣ закот муқаррар гардидаст.

Фидяи савм барои нафарони дорандаи узри шаръӣ ва беморон барои як рӯз 14 сомонӣ ва барои 30 рӯз 420 сомонӣ таъйин шуда, фитри рӯза 7 сомонӣ ҳисоб шудааст.

Рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон аз рукнҳои дини мубини Ислом маҳсуб меёбад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.

Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидяи савм маслиҳат мешавад.

Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend