fbpx

Баъди 3 ҳафтаи нопадид шудани Сафияхон. Фаъолияти ғаввосон дар Суғд чӣ гуна аст

Падари духтараки нопадидшуда мехоҳад, дар поёноби дарёи Сир, дар ҳудуди Ӯзбекистон низ бо кӯмаки наҷотдиҳандагони кишвари ҳамсоя ҷустуҷӯро идома диҳанд.


0
Ҷустуҷӯи Сафияхони 10-сола
Сафияхон Раҳматова

Аз нопадид шудани Сафияхон 21 рӯз гузашт. Дар миёни сокинон овозае бархост, ки гӯё хонаводаи духтарак барои ҷустуҷӯ ғаввосонро аз хориҷ даъват кардаанд. Падари Сафияхон ин овозаро рад кард. Ҳоло наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали Раёсати ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд сарфи назар аз вазъи обуҳаво ҷустуҷӯро дар дарёи Сир давом дода истодаанд.  

Муаллифи Your.tj бо сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Хуҷанд ва ду ғаввос ҳамсуҳбат шуда, аз ҷараёни фаъолияти шабонарӯзии онҳо иттилоъ дарёфт.

Фаъолияти рӯзмарраи ғаввосон

Сафияхон Раҳматоваи 10-сола 7-уми феврали соли равон дар шаҳри Хуҷанд бедарак шуд. Ӯро бори охир аз сабти камераҳои назоратӣ дидаанд, ки ба соҳили дарёи Сир мефарояд.

Мирзораҳим Абдуллоев, сардори бахши Раёсати ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Хуҷанд
Мирзораҳим Абдуллоев, сардори бахши Раёсати ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Хуҷанд

Ҳоло 8 ғаввоси Дастаи махсуси зудамал Сафияхонро ҷустуҷӯ доранд, гуфт зимни суҳбат Мирзораҳим Абдуллоев сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд .

“Ғаввосони мо духтараки нопадидшударо дар рӯ ва зери об ҷустуҷӯ доранд. Мекӯшем, ки ба ҳавои сард ва ё оби хунуку баланди дарё нигоҳ накарда, кофтуковро давом диҳем. Дар Интернет ашхоси ноогоҳ маълумоти нодуруст дар бораи фаъолияти наҷотдиҳандагон паҳн мекунанд. Мо аз нуқтаи ғарқшавӣ то сарбанди наздисарҳадии минтақаи Бекободи Ӯзбекистон ҷустуҷӯ карда истодаем. Ҳоло натиҷа нест”,- афзуд Мирзораҳим Абдуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, наҷотдиҳандагон бо лавозимоти корӣ, аз ҷумла либоси зимистонаи ғаввосӣ, кислород ва сӯзишворӣ таъминанд. Ҳоло 2 қаиқ бо шароити хуби корӣ ба таври шабонарӯзӣ дар хидмат аст.

Қаиқи наҷотдиҳӣ

Дар бахши шаҳрӣ 10 нафар наҷотдиҳанда ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд. Ҳангоми ба ҷустуҷӯ баромадан ягон шахси наздики ғарқшударо низ ҳамроҳ мегиранд. Ҳамчунин, ихтиёриён низ барои ёфтани Сафияхон Раҳматова кӯмак карда истодаанд.

Чаро дар зимистон пайдо кардани ғарқшуда душвортар аст?

Олег Бочкарёви 71- сола ғаввоси пуртаҷрибатарин дар вилояти Суғд аст. Ӯ ин рӯзҳо низ аз уҳдаи иҷрои рисолати ғаввосӣ мебарояд.

Корҳои ҷустуҷӯӣ

“Дар зимистон ва ҳавои сард пайдо кардани шахси ғарқшуда кори саҳл нест. Ҷисми инсон дар сурати ба оби хунук афтодан ба ҳолати садамоти сахт (шок) гирифтор шуда, дил аз таппиш мемонад. Он вақт даруни ҷисм хушк мемонаду ба поён мефарояд.

Духтараки ғарқшуда низ гӯё дар дохили яхдон аст. Аз эҳтимол дур нест, ки ҷисмаш дар ягон чуқурист ва баъд аз миёнаҳои моҳи март ба рӯйи об барояд.  Ҳоло кофтуков натиҷа надода истодааст, зеро оби дарё тира ва қаъри онро дидан намешавад. Бар замми ин дар зери об маводи сахти гуногун зиёд аст, ки ин низ ба кори ғаввос халал ворид месозад”, – шарҳ дод ғаввос.

Худи Бочкарёв низ чанде пеш дар ҳавои сард ба оби хунук даромада, каме шамол хӯрдааст. Ҳангоми суҳбат бо мо кам-кам месулфид. Ӯ ба шахсони наҷотдодааш борҳо нафаси сунъӣ дода, онҳоро аз марги муфоҷо халос кардааст.

Ғаввоси 71 сола дар корҳои ҷустуҷӯӣ
Олег Бочкарёв, ғаввос

Солҳои пеш барои кашида баровардани ғарқшудагон то чуқурии 40 метр поён мерафт ва он ҷо то 8 дақиқа истода метавонист. Тавре ғаввоси таҷрибадида мегӯяд, минтақаҳои хатарноки Баҳри тоҷик ва дарёи Сирро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон аст, хуб омӯхтааст.

Вақте сатҳи об кам аст, чуқурии соҳили баъзе ҷойи дарё аз 3-5 метр ва чуқурии миёнҷои он то 15-20 метр мебошад. Айни ҳол дар дарё нуқтаҳои чуқур камтар аст, вале дар баъзе ҷойи он чуқурии то 40 метр ҳам вуҷуд дорад.

Олег зимни адои вазифаи касбӣ пай бурдааст, ки бештар духтарону занон қасди худкушӣ карда, аз пул ба дарё мепартоянд. Аммо, писарону мардҳо ҳангоми дар соҳил будан ва ё ҳангоми шиноварӣ ғарқ мешаванд.

“Ба ҷустуҷӯ мебароем, аммо…”

Рустамҷон Сангинови 40 сола ғаввоси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ низ дар чанд рӯзи навбатдорӣ ба ҷустуҷӯи Сафияхони нопадидшуда баромадааст.

“Вақте ба об медароем, то 15-20 дақиқа зери дарёро аз назар мегузаронем. Бо сабаби тира будани об дар қаъри дарё гирду атрофро хуб дида намешавад. Ман дар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд ва деҳаи Сартуқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зери дарё шино кардам. Дар ин вақт аз зери об касеро надидам”,- бо таассуф гуфт ғаввос.

Ӯ сокини Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, аз соли 2014 боз ҳамчун ғаввос фаъолият дорад. Ин ихтисосро дар курсҳои кутоҳмуддат, ки дар шаҳри Норак доир шуда буд, аз худ кардааст. То имрӯз беш аз 15 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додааст.

Сангинов зимни кор мушоҳида кардааст, ки як гурӯҳ мардум ба таври ихтиёрӣ лаб-лаби соҳил ва қамишзорро аз назар мегузаронанд, то барои пайдо кардани Сафияхон ҳисса гузоранд.

Падари Сафияхон мехоҳад, ҷустуҷӯи духтараш дар ҳудуди Узбекистон низ гузаронида шавад

Баъди беш аз 20 рӯзи ҷустуҷӯи Сафияхон то сарҳади Ӯзбекистон, падари духтарак – Саидаъзамхон Раҳматов тасмим гирифтааст, бо кӯмаки мақомоти дахлдор ба наҷотдиҳандагони кишвари ҳамсоя мактуби расмӣ ирсол намояд. Ӯ мехоҳад дар поёноби дарёи Сир, дар ҳудуди Ӯзбекистон низ ҷустуҷӯи духтарашро идома диҳанд.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд

Диловар Ҳамдамов сухангӯи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд зимни суҳбат афзуд, ки дар Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд беш аз 20 наҷотдиҳанда, аз ҷумла дар водии Зарафшон 10 наҷотдиҳанда фаъолият доранд.

Онҳо зимни фаъолият курсҳои ғаввосӣ, кӯҳнавардӣ, сагшиносӣ, безараргардонии ҳудуд аз моддаҳои тарканда ва тартиби расонидани ёрии аввали тиббиро азхуд кардаанд. Ҳамзамон, наҷотдиҳандагон ихтисосашонро такмил дода, мувофиқи нақша аз аттестатсия мегузаранд.

Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
5
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend