fbpx

Дар Тоҷикистон шумораи ҳоҷиҳо афзудааст, вале чаро тариқи Узбекистон ба зиёрат мераванд

Дар ҳамин ҳол, раиси кумитаи мазкур Сулаймон Давлатзода изҳор дошт, ки ҳанӯз нархи сафари ҳаҷи фарзӣ дақиқ нашудааст.


0
Зоирони тоҷик аз зиёрати Ҳаҷ омаданд
Акси марбута аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Соли 2023 аз Тоҷикистон беш аз 5300 нафар ба ҳаҷи фарзӣ ва беш аз 13 ҳазор кас ба адои умра рафтаанд. Давоми 30 соли истиқлол зиёда аз 200 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба ҳаҷи фарзӣ ва умра рафтаанд.

Дар ин бора дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, раиси кумитаи мазкур Сулаймон Давлатзода изҳор дошт, ки ҳанӯз нархи сафари ҳаҷи фарзӣ дақиқ нашудааст.

Раиси кумитаи дин
Сулаймон Давлатзода
Акс: “Азия-Плюс”

“Нархи сафари ҳаҷи фарзӣ то ба ҳол муайян нашудааст, нархи он бо ҳамкорӣ бо Хадамоти инҳисорӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян карда мешавад”,- шарҳ дод Давлатзода.

Вале ӯ дар бораи аз ҷониби ширкатҳои Узбекистон пешниҳод шудани хизматрасониҳои арзонтар барои зоирони ҳаҷи умраро дар набудани баъзе хизматрасониҳо, аз ҷумла, набудани хӯрок донист.

Ӯ қайд намуд, ки нархи сафари умра аз Тоҷикистон 14 ҳазор сомонӣ (қариб 1300 доллар) ва аз Узбекистон аз 1100 доллар шуруъ мешавад.

“Мутаасифона ҳастанд нафароне ки танҳо бо дар назар гирифтани на он қадар фарқияти зиёд, ҳудуди 1000-2000 сомонӣ худашонро сарсон карда, ба воситаи кишвари ҳамсоя мераванд. Онҳо дар бисёр ҳолатҳо фирефтаи эълонҳо ё миёнаравҳои бардуруғ мешаванд. Масалан, арзонтарин нархи умра аз Тошканд аз 1100 то 1400 доллар аст. Вале онҳо дар назар намегиранд, ки хароҷоти аз Душанбе то Тошканд рафтан чӣ қадар аст”,- шарҳ дод Сулаймон Давлатзода.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend