fbpx

Муҳоҷирати занони тоҷик меафзояд, сабаб чист: дурии шавҳар ё мушкилии рӯзгор?

Мақомот мегӯянд, ҷойи кору маоши хуб барои занон дар Тоҷикистон ҳаст, вале худи занон бо ин гуфтаҳо розӣ нестанд.


0
Муҳоҷирати занони тоҷик
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ.

Шумораи занони муҳоҷири тоҷик сол аз сол меафзояд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд сабаби ба муҳоҷират рӯ овардани онҳо хаста шудан аз интизории шавҳарони муҳоҷирашон аст. Вале коршиносон бар он назаранд, ки бештари занҳои муҳоҷир модарони танҳо ҳастанд, ки набудани ҷойи кор ва кам будани маош боиси рӯ овардани онҳо ба муҳоҷират гаштааст.

“Аз омадан ба Русия пушаймонам, аммо дар Тоҷикистон кору маоши хуб надоштам”

Раъно (ном иваз карда шудааст – муаллиф) 45 сол дорад ва сокини шаҳри Душанбе аст.

5 моҳ пеш ба хотири беҳ кардани сатҳи зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия назди шавҳараш рафт. Онҳо якҷо дар шаҳри Тулаи Русия кор мекунанд.

“Шавҳарам бо ду писарам дар муҳоҷират буданд. Азбаски дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардем, таъмини оила ва ду кӯдаки мактабхон мушкил буд. Ба хотири як паҳлуи бори рӯзгорро бардоштан ман ҳам ба муҳоҷират рафтам”, -нақл кард қаҳрамони мо.

Вале роҳи муҳоҷират барои Раъно душвор афтод, барои он ки забони русиро намедонист.

“Дар як корхонаи дӯзандагӣ ба кор даромадам. Намедонистам, ки нисбати мо русҳо бо назари паст менигаранд”, – гуфт ӯ.

Аз сабаби муомилаи нодуруст нисбаташ аз коргоҳи дӯзандагӣ рафт ва ҳамроҳи як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷику узбек ба корҳои кишоварзӣ машғул шуд.

“Дар заминҳои кишт ҳамроҳи узбекҳо кор мекардам. Бо ним русиву ним узбекӣ ба онҳо фикрамро баён карда метавонистам”, – зикр намуд ӯ.

Бино ба нақли Раъно кори саҳро мушкил, вале маошаш кам буд, бар замми ин рӯзҳои борон онҳо наметавонистанд, ки ба кор бароянд.

“Аз сабабе, ки дар Русия борон бисёр меборад, наметавонистем, ки ҳамарӯза ба кор бароем. Баъзан мешуд, ки ҳафтае бекор мемондем. Дар муҳоҷират як рӯзи бекорӣ барои муҳоҷир дурӯза зарар аст”, – нақл намуд Раъно.

Муҳоҷирзани тоҷик баъди чанде аз ин кор ҳам рафт ва ҳоло барои худ кори муносибтаре меҷӯяд, чун синну солаш дигар иҷозат намедиҳад, ки ба ҳар коре машғул шавад.

“Ба худ мегӯям, кош намеомадам, Русияаш ҳамин бошад, ман безорам аз он. Бар замми аз фарзандон дур будан, ақалан қурби рубл дар сатҳи миёна қарор надорад, ки маблағи равон мекардаамон ба каме мушкилиҳо басанда бошад”, – гуфт бо андуҳи зиёд ӯ ва гиря мекард.

Раъно пеш аз Русия рафтанаш дар Душанбе ҳар коре, ки корфармоён мефармуданд, иҷро мекард. Аз корҳои сабук то вазнин рӯзгор. Ӯ барои кори ҳаррӯзааш ҳақмузд мегирифт, вале баъзан ҳафтаҳо бекор мемонд.

“Дар Тоҷикистон маоши кам медиҳанд, махсусан ба занон. Ҳарчанд баъзе занҳо аз мардҳо бисёртар кор мекунанд. Аз қувваи мо истифода бурда, соати кориро дароз мекунанд”, – нақл кард Раъно.

Муҳоҷират ба хотири халосӣ аз қарзҳо

Гулрӯ (ном иваз карда шудааст – муаллиф) чанде пеш ҳамроҳи шавҳар ва ду фарзанди ноболиғаш ба Русия рафт. Ӯ 52 сол дорад ва соҳиби 4 фарзанд аст. Онҳо дар ноҳияи Кушониён зиндагӣ мекунанд. Пас аз ба шавҳар додани ду духтарашон оилаи фақир аз чанд нафар қарздор мешаванд ва тасмим мегиранд, то ба муҳоҷират раванд.

Онҳо дар шаҳри Смоленск ба парвариши сабзавот машғул ҳастанд.

“Кор карда истодаем, ҳарчанд маош кам аст, вале кӯшиш мекунем, хароҷот кам кунем ва қарзҳои худро баргардонем”, – қисса кард Гулрӯ.

Гулрӯ низ забони русиро намедонад ва корфармояшон узбек аст. Онҳо аз субҳ то шом дар дохили замин кор мекунанд. Надонистани забон ва нафаҳмидани воситаҳои алоқа боиси он гардид, ки онҳо пас аз як моҳи расидан ба Русия бо хешовандон алоқа пайдо кунанд.

“Муҳоҷират душвор аст, вале чӣ кор кунем? Агар кори мувофиқ дар кишвар мешуд, ман бо сину соли доштаам ба муҳоҷират намеомадам”, – зикр намуд Гулрӯ.

Писари Гулрӯ 15-сола аст ва ӯ низ ба падару модараш кӯмак мекунад, вале ба ӯ маош таъйин накардаанд ва гуфтаанд “ҳозир хурд аст ва кам кор мекунад”.

“Писарам низ баробари мо кор мекунад, вале бе ҳеҷ музд. Чанд маротиба гуфтем, ақалан нисфи маоши дигарон ба ӯ низ муайян кунанд, ҳоло интизорем, ки чӣ мегӯянд”, – гуфт ӯ.

Гулрӯ дар ноҳияи Кӯшониён асосан ба кори кишоварзӣ машғул мешуд, ки ҳақмузди хеле ночиз дорад.

“Ба мо барои як рӯзи корӣ 30 сомонӣ медоданд. Ягон – ягон мешуд, ки хоҷагиҳо 40 сомонӣ диҳанд. Акнун тасаввур кунед, ки ба ин пул чӣ харида мешавад?”, – дар охир қайд кард Гулрӯ.

Воқеъият дар омор

Аз аввали соли 2023 наздики 1,3 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷир дар қайди Вазорати корҳои дохилии Русия қарор доштаанд.

Гуфта мешавад, 963,5 ҳазор нафар асосан барои кор ба Русия рафтаанд.

Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2023 беш аз 128 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и амалкунанда дар Русия доштаанд.

Дар ин баробар наздики 87 ҳазор нафар тоҷикистониён соҳиби шиносномаи Русия шудаанд.

Давоми шаш моҳи соли 2023 наздики 89 ҳазору 500 нафар занон аз Тоҷикистон ба муҳоҷират, аз ҷумла ба Русия рафтаанд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар ин давра ҳамагӣ 57 ҳазору 451 нафар занон рӯ ба муҳоҷират оварда буданд.

Соли 2010 шумораи рекордии ба муҳоҷират рафтани тоҷикон сабт шуда буд. Дар ин сол расман 736,5 ҳазор нафар муҳоҷир сабт шудааст, вале шумораи занони муҳоҷир камтар буд ва ба 79,6 ҳазор нафар мерасид.

Миёни солҳои 2010 ва 2022 шумораи занони муҳоҷир дар соли 2014 ба ҳисоби рекордӣ (106,4 ҳазор) расида буд.

Вокуниши кумитаи занони Тоҷикистон вобаста ба афзоиши муҳоҷирати занон

Ҳилолбӣ Қурбонзода Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз муҳоҷирати кории занони тоҷик ба Русия изҳори нигаронӣ кард.

“Ин раванд, моро дар ташвиш гузоштааст, намедонам чаро аксарият ба муҳоҷиратӣ корӣ мераванд”, – зикр намуда буд ӯ дар нишасти охирини матбуотии Кумитаи мазкур, ки санаи 9-уми август доир шуда буд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода сабаби аслии ин тамоюлро дар он мебинад, ки бисёре аз занон аз интизории тӯлонии шавҳаронашон, ки маҷбуранд дар Русия кор кунанд, бо мушкилот ва нороҳатиҳо рӯбарӯ мешаванд.

“Ҷудошавии тӯлонии оила ба занҳо фишори равонӣ ва иҷтимоӣ оварда, онҳо ҳарчи бештар тасмим мегиранд, ки дар ҳаёти иқтисодӣ фаъолона иштирок намоянд ва ҳамроҳи шавҳаронашон дар хориҷа ҷойи кор пайдо кунанд ё дертар ба назди онҳо раванд”, – гуфт раиси Кумита.

Қурбонзода бар он бовар аст, ки агар шавҳарон пас аз муҳоҷират бештар ба назди хонаводаҳояшон бармегаштанд, шояд теъдоди занони хоҳишманди ба хориҷа рафтан бамаротиб камтар мешуд.

Занони мардикор дар Тоҷикистон
Ширин Амонзода, собиқ вазири муҳоҷират ҳамроҳи мардикорзанони Хатлон. Акси ду соли пеш аз саҳифаи Фейсбукии Амонзода

Раиси Кумита зикр кард, ки сабаби дигари афзоиши теъдоди занони муҳоҷир аз Тоҷикистон дарёфти кор барои модарони танҳо аст.

Мақомдори тоҷик гуфт, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароит муҳаё гардида истодааст.

“Дар аксарияти корхонаҳои саноати дӯзандагӣ ё саноати сабук дасти кории занона даркор аст, вале мутаассифона занону бонувони мо рӯ меоранд ба муҳоҷират”, – изҳор дошт ӯ.

Қурбонзода мисол овард, ки ба баъзе занон то 1,5 ҳазор сомонӣ музди кор пешниҳод мекунанд, вале маош кам мегӯянд.

“Агар мо таҳлил кунем, шаҳодатнома ва ё патент дар як моҳ 6 ҳазор рубли русӣ мебошад. Ё хонаи иҷора боз 6 ҳазори дигар. Хулоса, агар ҳамаи ин маблағҳоро ҷамъ кунем, 1,5 ҳазор сомоние, ки дар Тоҷикистон мегирад, ҳамон маблағ мемонад”.

Набудани ҷойи кор, музди маоши паст, зиёд будани талоқ надоштани маълумот… Назари коршиносон

Қаноат Ҳомидова аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос” мегӯяд на ҳама занонҳои муҳоҷир ба назди шавҳаронашон мераванд.

“Қисми бисёри занҳои муҳоҷир асосан занони танҳоянд”, – изҳор дошт ӯ зимни суҳбат бо Your.tj.

Ба назари коршинос маблағи алимент барои модарони танҳо кам аст ва онҳо маҷбур мешаванд, ки ба муҳоҷират рӯ биёранд.

“Масалан, агар мард дар такси кор кунад, пули калон меёбад, вале ба суд маълумотнома бо маоши 700-800 сомонӣ пешниҳод мекунанд. Пас маблағи алимент кам муайян карда мешавад. Аз ин рӯ занҳо ҳам мехоҳанд, ки рафта кор кунанд, фарзандонро нигоҳубин намоянд, онҳоро хононанд”, – гуфт Ҳомидова.

Ба қавли Коршинос Сафарова Муборак муҳоҷирати меҳнатии занон якчанд сабабҳо дорад.

“Яке аз ин сабабҳо пайвастшавӣ ба оилаҳои худ, яъне шавҳароне, ки дар муҳоҷират қарор доранд ва шаҳрвандии Федератсияи Русияро мегиранд, мебошад. Масалан, соли 2021 – 103 ҳазор  нафар аз Тоҷикистон тавонистаанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, ки аз шумораи умумии шаҳрвандони нав дар ин кишвар дар давоми сол 14%-ро ташкил медиҳанд, соли 2022 ин шумора ба 173 ҳазору 634 нафар расида, дар шашмоҳаи  аввали соли 2023 бошад, 87000 нафар шаҳрвандии Федератсияи Русияро гирифтанд”, гуфтӯ зимни суҳбат бо Your.tj.

Сафарова сабаби дигари ба муҳоҷират рӯ овардани занҳоро дар солҳои охир афзудани шумораи талоқ дар кишвар медонад. Ба қавли ӯ  аз сабаби вайроншавии оилаҳо, занон ва кӯдакон бештар азият мекашанд, чунки бесарпаноҳ ва манбаи даромад мемонанд. Дар тақсимоти амвол ва маскун гардидан занон ва кӯдакон дар ҳолати заифӣ қарор мегиранд ва дастгирӣ намеёбанд.

“Тибқи ҳисоботи Бонки рушди Осиё 80%-и занон аз вилояти Хатлон пас аз вайроншавии оилаҳояшон ҳамроҳи кӯдакон ба хонаи падару модар баргаштанд.

Аммо дар ин ҷо низ онҳо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, чунки кам ҳолатҳоеро дучор омадан мумкин, ки ин гуруҳи занҳо аз ҷониби аҳли оилаи худ дастгирӣ ёбанд. Фикр мекунам сабабаш дар ҷомеи имрӯза тағйир ёфтани арзишҳои оилавӣ мебошанд ва мутаасифона на ба тарафи мусбӣ тағйир ёфтаанд”, – зикр намуд Сафарова Муборак.

Чӣ бояд кард!?

Норасоии ҷойи корӣ, музди паст ва надоштани маълумот аз омилҳои дигари рӯ овардани занон ба муҳоҷират будааст.

Тавре коршинос қайд мекунад, “сабаби дигаре, ки хеле таъсиррасон аст, ин норасоии ҷойҳои корӣ ва музди паст аст. Дигар сабабе, ки боиси муҳоҷирати занон мегардад ин надоштани маълумоти олӣ ва миёнаи техникӣ барои кору фаъолият намудан, занонро ба муҳоҷират водор месозад”.

Сафарова Муборак вобаста ба кам кардани муҳоҷирати занон чанд пешниҳодро иброз медорад, аз ҷумла:

  • Ҷоннок намудани тарғиби касбомӯзии духтарон (маълумоти олӣ, техникӣ ва ё касбомӯзӣ дар курсҳои кутоҳмуддат);
  • Таъсиси ҷойҳои кории доимӣ барои занҳо дар сатҳи шаҳр ва деҳаҳо;
  • Масъалаи омодагӣ ба муҳоҷират: ташкили курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забони русӣ чунки мушкилии асосии муҳоҷирони мо надонистани забони русӣ мебошад;
  • Фиристодан ба муҳоҷират тавассути Хадамоти муҳоҷират, ки метавонад кафили таъмини ҷойи кор, музди меҳнати муайян ва муҳоҷирати расмӣ бошад;
  • Гуногунсамтии муҳоҷират, яъне ба ҷуз Федератсияи Русия, ба кишварҳои дигар, чунки айни замон таклифоти қувваи корӣ назар ба талабот дар бозори меҳнати кишвар зиёд аст.

Соли 2018 тадқиқоте дар мавзӯи “Муҳоҷирати занона аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Русия” аз ҷониби Дмитрий Полетаев номзади илмҳои иқтисодӣ ва мутахассиси Институти пешгӯии хоҷагии халқи Академияи илмҳои Русия гузаронида шудааст.

Тибқи ин тадқиқот 85%-и муҳоҷирон сабаби асосии  қабули қарор оиди муҳоҷиратро омили иқтисодӣ ва 30% ҳамроҳшавӣ ба оилаҳоро омили асосӣ номидаанд.

Идибеки Саид


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend