fbpx

Дар Тоҷикистон нархи барқ аз 1 январ боло меравад

Ҳамин тариқ нархи тарофаҳо аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам меафзояд.


3
3 points
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон боло меравад

Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 16 дарсад боло меравад.

Ҳамин тариқ нархи тарофаҳо аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам меафзояд.

Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои Ҷомӣ Умаров, мушовири директори генералии ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ”-и кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон №546 аз 29-уми ноябри соли 2023 қабул шудааст ва дар асоси он таърифаҳои истифодаи нерӯи барқ барои тамоми истифодабарандагон, аз ҷумла сокинон 16 дарсад зиёд мешавад.

Қобили зикр аст, ки таърифаҳои нерӯи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъдан ҳамасола боло бурда шуданд.

Солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз боло бурдани нархҳо худдорӣ варзад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
13
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend