Лали Мамадсултонова, молики меҳмонхонаи маъруфи “ЛАЪЛ” дар Хоруғ аст. Ӯ дар оғози солҳои 90-ум, замони даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ аз Душанбе ба ин минтақаи кӯҳистони кишвар кӯч баст. Лали ба хотир меорад, ки чӣ тавр рӯзҳои сангинро паси сар кард ва маҳз дар ҳамон сахтиҳо ба тиҷорати бомуваффақияти худ асос гузошт.
Ӯ ба муаллифи Your.tj дар бораи чӣ гуна дар як давраи ҳассос тарки Душанбе карда, дар Бадахшон ба зиндагии нав оғоз карданаш нақл кард.
Кӯдакиву шавқи ҳунар
Лали дар Душанбе таваллуд шуда ба воя расидааст. Оилаи онҳо пурра буд ва бо бародару хоҳараш кӯдакии бисёр зебо доштанд.
“Таҳсил дар мактаб, машғулиятҳои варзишӣ ва омӯзиш дар мактаби рассомии назди омӯзишгоҳи шаҳри Душанбе кӯдакии маро рангоранг кард”,- нақл кард ӯ.
Ин буд, ки Лали завқу истеъдоди худро пайваста такмил медод ва аз хурдӣ ба эҷод, расмкашӣ, мусиқӣ, дӯзандагиву бофандагӣ ва саҳна ҳавас дошт.
Баъдан ӯ ба роҳе рафт, ки ба гуфтаи худаш ҳамаи ин маҳоратҳояшро муттаҳид мекард ва имкон медод, ки шакли нави эҷодро ба вуҷуд орад. Қаҳрамони мо режиссёриро интихоб кард.
Даҳшати ҷанг ва саргардонӣ
Лали то оғози ҷанги шаҳрвандӣ факултети режиссёриро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо хатм намуда, то соли 1992 муддате дар ҳамон ҷо кор кардааст.
Ӯ аз хотираҳои талхи он рӯзҳо нақл карда мегӯяд, ки ҷанги шаҳрвандӣ барояш аввалин даҳшати ҳаётӣ буд.
“Замоне ки дар муддати як соат аз хонаву дар, ҷойи кор ва мақсадҳои ояндадор маҳрум мешавӣ, ҳамаи орзуҳоят дар як соат барҳам мехӯранд… Намедонистӣ, ки фардо чӣ рух медиҳад”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ҳамин тавр, соли 1992 оилаи Лали маҷбур шуд бо ду писари хурдсолаш ба шаҳри Хоруғ кӯч бандад. Кӯдаконаш хурд буданд ва ин рафтани ӯ маънои онро дошт, ки дигар барои ҳамешагӣ дар Бадахшон зиндагӣ ихтиёр мекунад.
“Пас аз ин қадар фишорҳои равонӣ баргаштан душвор буд”,- афзуд Лали.
Ғайр аз ин, бародару хоҳараш ба хориҷа рафта буданд ва волидонаш муваққатан дар Хоруғ мезистанд. Ӯ ба ҷуз мондан бо онҳо дигар интихобе надошт.
Хоруғ он замон дар натиҷаи муноқишаҳо аз муҳоҷирони дохилӣ пур шуда буд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо Бадахшон онҳоро дар “шароити танг, вале бидуни озор” бисёр хуб қабул кард.
“Минтақаи кӯҳистоне, ки ба ҷуз сангу қум замини корам надорад, ҷойи кор ва заводу фабрикаҳо ҳам нест. Он замон мардум ба ҳунару эҷодкорӣ тамоман ниёз надошт, одамон танҳо дар фикри пайдо кардани луқмаи нон буданд. Дар як хона чанд оила зиндагӣ мекард ва касе ҷои кор ва шароити рӯзгор надошт”,- тасвир кард Лали ҳолати онрӯзаи Хоруғро.
Оғози “тиҷорати ваҳшиёна” дар Хоруғ
Дӯстону наздиконаш пешниҳод намуданд, ки ба тиҷорат пардозад. Лали ба қавле ба “тиҷорати ваҳшиёна”, оғоз мекунад, яъне дар бора ин соҳа чизеро намедонист, аммо ба фурӯши ашёи дигарон ва лавозимоти ниёзи аввал шурӯъ кард.
Аввалин нуқтаи савдои ӯ дар маркази шаҳр дар як истгоҳ қарор дошт. Ба гуфтаи худаш, ӯ аз нахустин фурӯшандагони бетаҷрибаи солҳои 90-ум буд.
Баъдан ба оилаи Лали имкон пайдо мешавад, ки дар як қисми ҳарбии шаҳри Хоруғ нуқтаи хурди фурӯш ташкил намоянд.
Барояшон аз ҳама муҳим он буд, ки кӯдакон аз мактаб дур намонанд.
“Дар Хоруғ дар он солҳои вазнин литсейи Оғохон кушода шуд. Мо қарор кардем, ки ин ҷо мемонем. Волидонам ба мо бисёр кӯмак карданд”,- ба хотир овард Лали.
Ошиқи Хоруғу Бадахшон, ошиқи Тоҷикистон!
Оилаи Лали сермиллат аст. Падараш зодаи Бадахшон аст. Модаркалонаш ва хоҳари калонии ӯ аввалин омӯзгорон дар Бадахшон будаанд. Бино ба нақли Лали онҳо аз оилаи сарватманд ва шахсони хеле боистеъдоду босавод будаанд.
“Модарам рус аст ва модари ӯ украинӣ буд. Мо оилаи сермиллат ҳастем ва бо ин ман фахр мекунам”,- мегӯяд Лали.
Ин буд, ки қаҳрамони мо дар кӯдакӣ зуд-зуд ба Бадахшон мерафт. Вале ба гуфти худаш, сафараш дар соли 1992 тамоман фарқ дошт ва эҳсосоташ дигар буд.
“Ман дар Душанбе ба дунё омада, ба воя расидам, аммо он замон ба ман лозим омад, ки Бадахшонро дар шароити ниҳоят вазнин бубинам”,- ба хотир овард зани соҳибкор.
Лали аз истиқболи гарми мардуми Бадахшон бо завқ нақл кард. Ӯро асолати мардуми кӯҳистон, ягонагӣ ва майлу хоҳиши ёрӣ расондан ба ҳамдигар мафтун карда буд. Бар замми ин ошиқи табиати ғайриодӣ, ҷаззоб ва гоҳо асрорангези Бадахшон шуд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Мардуми ин ҷо дорои ҳисси баланди ҳазлу шӯхӣ ва хушҳолу зебоянд, ҳамеша саъй доранд, ки ҳамқадами замон бошанд. Ба шароити нав ба осонӣ мутобиқ мешаванд ва ҳам фарҳангу ҳувияти худро эҳтиёткорона ҳифз мекунанд”,- тавсиф кард сокинони Бадахшонро ӯ ва афзуд,
“Барои ман имрӯз ҷойе беҳтар аз Бадахшони ман, аз Хоруғ ва умуман аз Тоҷикистон нест. Чӣ хеле мегӯянд “хуни нофи мо дар ҳамин сарзамин рехтааст”. Ин ҷой барои ман азиз аст”.
Аз сохтмони нотамом то меҳмонхонаи чилҳуҷрадори “ЛАЪЛ”
Идеяи ташкили тиҷорати меҳмонхона дар оилаи Лали хеле дертар, дар соли 2000-ум, замоне, ки масъалаи соҳиби манзили хусусӣ шудан пайдо шуд, ба вуҷуд омад.
Он вақт онҳо як сохтмони нотамомро харида, ба сохтани 3 ҳуҷраи аввалини худ шурӯъ карданд.
“Мо дар маркази шаҳр зиндагӣ мекунем ва азбаски дар шаҳр меҳмонхона вуҷуд надошт, аксар вақт мардум дар ҷустуҷӯи ҷой барои шабгузаронӣ буданд. Меҳмонони вилоятро одатан одамон дар хонаҳои худ қабул мекарданд”,- нақл кард Лали.
Боре онҳо хонаи нотамоми худро ба меҳмонон супорида, худ ба назди волидон рафтанд. Баъдан фаҳмиданд, ки метавонанд ба ин васила пул кор кунанд.
“Ғайриихтиёр қарор кардем, ки утоқҳои иловагӣ месозем. Дар давоми 20 сол мо биноро батадриҷ васеъ карда, меҳмонхонаи худро сохтем ва ок ҳоло аз 40 ҳуҷра иборат аст”,- афзуд ӯ.
Дар ин тиҷорати оилавӣ саҳми ҳамсарашро хеле баланд арзёбӣ мекунад.
Барои чӣ беихтиёр ё аз рӯи интуитсия будани қарорашонро Лали чунин шарҳ дод, ки онҳо дар ин соҳа дониш ё малакаи махсус надоштанд.
Баъдан, ба хизматрасонии меҳмонхона қаҳвахона низ ҳамроҳ шуд, зери ин оила дарк кард, ки он метавонад даромади иловагӣ биёрад. Ҳоло қаҳвахонаи онҳо қисми ҷудонашавандаи тиҷорати сайёҳиашон аст.
Меҳмонхонаи Лали дар Хоруғ “ЛАЪЛ” ном дорад. Ӯ гуфт, лаъл – ин тамғаи асосии Бадахшон аст. Шинохташаванда, номаш бо Бадахшон алоқаманд ва хеле содда аст.
“Бо номи ман ягон алоқамандӣ надорад. Лали – номи ман аз забони гурҷӣ ва бо “лаъл” ҳамоҳанг аст”,- шарҳ дод қаҳрамони мо.
Ӯ рушди тиҷорати меҳмонхонаро бо пешрафти соҳаи сайёҳӣ алоқаманд медонад.
“Ба кишвари мо аз тамоми ҷаҳон сайёҳон меоянд. Сайёҳии экстремалӣ ҳоло афзалият дорад, инчунин этно-туризм низ. Ба минтақаи мо инчунин аз тамоми Тоҷикистон меоянд ва ин хеле олист”,- афзуд Лали.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ба гуфтаи ӯ, тиҷорат ҳамеша дар асоси ғояҳои нав барои инкишоф ва такмил рушд мекунад, аммо, мутаассифона, имкониятҳо маҳдуданд.
“Санъату ҳунар ҳамеша бо ман буд”
Бо вуҷуди серкорӣ ва қадам дар самти тиҷорат Лали ҳеҷ гоҳ аз эҷод дур нашудааст.
Ба ӯ соли 1999 ҳатто вазифаи сардори бахши фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пешниҳод кардаанд.
Лали баъдтар дар Хоруғ ансамбли “Навои Бадахшон” ва пас аз он Гурӯҳи халқии театру мусиқии “Эҳё”-ро таъсис дод.
“Ташкилотчии намоишҳои оммавии театрӣ дар сатҳи олӣ будам. Дар давоми 25 сол чорабиниҳои сатҳи давлатию шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро ташкил кардем. Аз консертҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои оммавии театрӣ сар карда, то намоишҳои мӯд”,- гуфт бо ифтихор Лали.
Илова бар ин, ӯ коллексияи нотакрори либосҳоро дар асоси ороишоти ноёби бадахшонӣ, ки аз бофтаҳои ҷӯроб сохта шудаанд, офарид.
Қаҳрамони мо, инчунин дар таҳияи консепсия ва иштирок дар намоишгоҳи этнографӣ, бадеӣ ва инчунин намоиши мӯд дар Дубай ва Португалия саҳм гузоштааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Лали дар вохӯриҳои расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Аълоҳазрат Оғохони 4 ва ҳамчунин ҳамаи меҳмонони олиқадри вилоят ҳамчун режиссёр ва ташкилкунанда иштирок кардааст.
Ҳамроҳи дастаи эҷодиаш ба рӯзҳои маданият ва санъат дар сафоратҳои Русия ва Олмон даъват шуда, дар он иштироки фаъол доштааст.
“Бо дастгирии “Помирэнерҷӣ” ва Институти “Ҷамъияти кушода” аз рӯи осори М.Миршакар намоиши мусиқавии “Қисса дар бораи маънии ҳаёт” (“Баллада о смысле жизни”)-ро ба саҳна гузоштем, ки дар он маводи нодири халқӣ ҷамъоварӣ шуда, барои нашри албоми суратҳо омода шуда буд”,- ба хотир овард ӯ.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Коллексияи “Оҳангҳои ороиши бадахшонӣ” ва орзуҳои Лали
“Оҳангҳои ороиши бадахшонӣ” (“Мелодии орнаментов Памира”), ки дар он ҷузъҳои беназири эҷодиёти ороишотӣ, ҷӯробибофиҳо гирд оварда шудаанд ва аз матои мазкур коллексияи либосҳо офарида шудааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Лали бо ин коллексия дар фестивали куртаи чакан, инчунин фестивалҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок кардааст.
“Аз вақте ки худро дар ёд дорам, ман ҳамеша кор мекунам. Чунин шуд, ки касби режиссёрӣ ва корҳои эҷодии ман ба як машғулият табдил ёфтанд. Ман ба ҳама чизҳои марбут ба санъати амалӣ, эҷодкорӣ шавқ дорам, вале мутаассифона вақт намерасад.
Аммо орзу дорам, осорхонаи камеравии санъати ороишию амалии Бадахшонро таъсис диҳам. Инчунин, орзуи сайру саёҳатро дорам, аммо мутаассифона, ҳоло ба амалӣ кардани он даст наёфтаам”,- гуфт Лали.
Шодмон Кенҷаев