fbpx

Ҳосил фаровону нарх гарон. Меваҳои Тоҷикистон ба хориҷ содирот мешаванд?

Содироти мева аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маротиб афзудааст.


0
Гаронии нархи меваҳо дар Тоҷикистон

Соли равон дар Тоҷикистон нархи мева боло рафт ва сокинон аз он шикоят мекунанд, ки бо маоши кам имконияти хариди маҳсулоти қимматро надоранд.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мева нисбат ба соли гузашта бештар истеҳсол шудааст.

Дар ин миён танҳо ангур назар ба соли гузашта кам ҷамъоварӣ шудааст, чун сармои моҳи январӣ боиси талаф ёфтани ин намуди мева гардид.

Бозори мевафурӯшӣ дар Тоҷикистон

Вале дар ин баробар содироти мева аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маротиб афзудааст.

Масалан, то моҳи октябри соли равон 358,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 74,6 ҳазор тонна мебошад.

Соли гузашта то ин давра – моҳи октябр 215 ҳазору 861 тонна мева ҷамъоварӣ шуда буд. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 128,5 ҳазору тонна ангур ҷамъоварӣ гардида буд.

Нархи гарони нок дар бозор

Давоми шаш моҳи аввали соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 24,1 миллион сомонӣ 103 навъи маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда буд. Содироти мева 51,2 % зиёд шудааст.

Нархи як киллограмм ангур аз 15-20 сомонӣ оғоз шуда, то ба 50-60 сомонӣ мерасад. Ҳол он ки соли гузашта нархи ин навъи маҳсулот ба маротиб арзон буд.

Дар Тоҷикистон нархи меваҳо гарон шуд

Ҳоло дар бозорҳои Душанбе як килограмм себ аз 10 то 30-35- сомонӣ арзиш дорад.

Нархи хурмо, ки назар ба дигар мева кам харидор аст, гаронтар шудааст. Ҳоло як килограмм хурморо бо арзиши 20 сомонӣ мефурӯшанд, вале соли гузашта нархи миёнааш 5-7 сомонӣ буд.

Нархи дигар навъи меваҳоро дар навори Your.tj бубинед.

Дар аввали соли соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон ба 1878 сомонӣ баробар буд.

Дар Тоҷикистон, ки маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ аст, на ҳама имконияти хариди маҳсулоти қиматро доранд. Тибқи оморҳои расмӣ 22,5 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар ҳолати фақр зиндагонӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон анор қимат шудааст

Идибеки Саид


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend