fbpx

“Дулан”-ҳои марговар. Садамаҳои 10 соли охир бо иштироки ин мошини боркаш

Мо ҳама ҳолатҳоеро, ки 10 соли охир расонаӣ шудаанд, ҷамъ овардем. Дар маҷмӯъ, бо айби ронандагони мошинҳои боркаш дастикам 20 нафар ба ҳалокат расидаанд.


0
Садамаи маргбор дар Кӯлоб
Акси садама бо иштироки Дулан дар Кӯлоб. Акс аз КҲФ.

6-уми август дар шаҳри Кӯлоб садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод, ки бар асари он дастикам 10 нафар, аз ҷумла се зан ва як ноболиғ ҷони худро аз даст доданд.

Мошини боркаши “Дулан”-и ядакдор (прицеп) бо суръати баланд омада, дар корношоям шудани тормозҳояш мошинҳоро пахш карда, се манзили дигарро тахриб кард. Ронандаи мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Садамаи маргбор дар Кӯлоб
Акс аз КҲФ.

Мо ҳодисаҳои фалокатовари 10 соли охирро бо иштироки ин намуд мошинҳои  боркаш ҷамъ овардем. Инҳо танҳо ҳолатҳое ҳастанд, ки дар расонаҳо зикр шудаанд.

Аз садама бо ширкати “Дулан”-ҳо, ба истиснои ҳодисаи охирин, ҳадди аққал 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз 14 ҳодисаи нохуши рухдода 10-тоаш бо айби ронандагони “Дулан” ба амал омадааст. Дар давоми ду соли охир шумораи онҳо афзудааст.

24-уми августи соли 2012 дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд садама рух дод, ки бар асари он шаҳрванди Чин Сун Ио Лонг ба ҳалокат расид. Сабаби садама аз кор мондани системаи тормози мошини “Дулан” будааст.

4-уми июли соли 2013 ронандаи мошини боркаши “Дулан” суръатро аз меъёр боло бурда, идораро аз даст дод ва ба мошини “КАМАЗ”, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрд. Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон рух дод. Ҳарду ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

6-уми июни соли 2015 бар асари садамае, ки дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух дод, генерал-майори милиса Маҳмадсаид Ҷӯрақулови 63-солаи ба ҳалокат расид. Ӯ ҳангоми бо мошини шахсиаш ба пойтахт баргаштан, идораро аз даст дода, ба мошини боркаши “Дулан” бархӯрд. Ҷӯрақулов аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

10-уми декабри соли 2016 дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) як мошини “Дулан” бо гази моеъ таркид. Таркиш бар асари сӯхтор ҳангоми рехтани сӯзишворӣ аз мошин ба зарфҳои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рух дод. Дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надид.

11-уми декабри соли 2017 дар ноҳияи Ҷайҳун як мошини боркаши “Дулан” ба “Тойота Королла” бархӯрд. Ронандаи “Дулан” идораи мошинро аз даст дод, ки боиси бархӯрд гардид. Дар ин садама ронандаи автомашинаи “Тойота” Ҳаким Тоғоев ва як мусофири дигар Ҳаким Идрисов ба ҳалокат расиданд. Чаҳор мусофири дигари мошини “Тойота Королла” захмӣ шуда, ба беморихона интиқол дода шуданд, ки дар миёни онҳо як духтари чаҳорсола низ буд.

20-уми апрели соли 2018 ронандаи автомашинаи “Дулан”, ки бо мошини худ дар ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин ҳаракат мекард, чаппа шуд. Як шаҳрванди Афғонистон, ки ҳангоми рух додани ҳодиса дар дохили мошин буд, ба ҳалокат расид. Худи ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

20-уми феврали соли 2020 раиси суди шаҳри Истаравшан Содиқҷон Ваҳҳобзода дар як садама дар вилояти Суғд даргузашт. Ронандаи мошини тамӯаи “Опел”, ки Ваҳҳобзода дар он буд, идораро аз даст дода, ба “Дулан”, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрд. Бар асари бархӯрд ду мусофири “Опел”, бо шумули додрас ба ҳалокат расиданд.

29-уми сентябри соли 2020 дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” ба хатти муқобил баромада, бо худрави “Хундай” бархӯрд. Ҳарду ронанда ва як мусофири мошини Hyundai дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигари “Дулан” ва “Хундай” ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд.

31-уми октябри соли 2020 дар наздикии деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ як мошини боркаши “Дулан”, ки ронандаи он идораи мошинро аз даст дода буд, бо 30 тонна ангишт ба қаъри 15-метрии дарёи Фон сарозер шуд. Худи ронанда дар ин садама осеб надид.

14-уми сентябри соли 2021 дар ноҳияи Варзоб як сокини вилояти Хатлон идораи мошини боркаши “Дулан”-ро аз даст дод боиси ба ҳам бархӯрдани 10 мошин гардид. Мошини тамғаи “Тойота” бар асари ин бархӯрд аз баландии 200 метр ба ҷарӣ сарозер шуд. Дар натиҷаи ин садама мусофири яке аз мошинҳои ҳаракаткунанда ба ҳалокат расид.

9-уми марти соли 2023 дар чорроҳаи кӯчаи Зафар ва хиёбони И.Сомонии шаҳри Душанбе садама рух дод. Ронандаи мошини боркаши “Дулан” идораро аз даст дода, ду духтарак – хоҳаронро дар гузаргоҳи пиёдагардон пахш кард. Яке аз хоҳарон ба зудӣ аз ҷароҳатҳои бардоштааш фавтид.

25-уми марти соли 2023 мошини “Дулан” ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ш.Шоҳин ба самти Кӯлоб чаппа шуд. Дар натиҷаи садама ронанда ва ду мусофир ба ҳалокат расиданд.

30-юми июни соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон ронандаи мошини боркаши “Дулан” Атомамад Гадомамадов бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, пиёдагард Хушбахт Бахтибековро пахш кард, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

5-уми июли соли 2023 ронандаи худрави “Мерседес-Бенс” ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ идораи мошинро аз даст дода, ба мошини боркаши “Дулан” бархӯрд. Дар садама ронанда ва як мусофири 54-сола ба ҳалокат расиданд.

Аз баҳори соли 2023 дар Тоҷикистон ҳаракати мошинҳои гаронвазне, ки беш аз 40 тонна бор мекашонанд, манъ шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend