fbpx

Дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ боз сел омад

Оқибатҳои сел бо усули ҳашари умумӣ бартараф мешаванд.


1
1 point
Сел дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ
Акс аз КҲФ.

Шаби 7-уми август дар деҳаи Мадми ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари боронҳои шадид сел омад, иттилоъ медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Бар асари сел ба 4 бинои истиқоматӣ, биноҳои ёрирасон ва роҳҳои деҳа қисман осеб расида, заминҳои кишоварзӣ шуста шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи омадани сел талафоти ҷонӣ ва хисорот мавҷуд нест.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аҳолии деҳа сафарбар карда шуда, техникаи муҳандисӣ ҷалб карда шудааст.

Бо усули ҳашари умумӣ аллакай 3 бинои истиқоматӣ, биноҳои ёрирасон, 900 метр роҳи маҳаллӣ, 500 метр партовҳои сел оварда ва 120 метр ҷӯйборҳо барои обёрии замин тоза карда шуданд.

Айни замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми июл низ дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ сел омада буд. Дар натиҷа 161 хонавода аз офати табиӣ осеб дида, ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, 64 иншооти ёрирасон қисман осеб дида, ҳамчунин 81 замини наздиҳавлигӣ зери об монда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend