fbpx

Кумитаи меъморӣ: “Сохтмонҳои нав мустаҳкам ва ба зилзила тобоваранд”

Ҳангоми санҷиш камбудиҳои зиёд ошкор шудааст, вале ҷиддӣ набуда, танҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ будааст.


0
высотное здание
Баландошёнаҳо дар Душанбе

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, санҷишҳо натиҷаи мусбат доданд ва сохтмонҳои нав дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанду Бохтар ба зилзила тобоваранд.

“Аз ҷониби комиссияи таъсисёфта 36 бинои навбунёд дар Бохтар ва 26-то дар Хуҷанд аз санҷиш гузаронида шуда, тобоварии онҳо ба заминларза қаноатбахш арзёбӣ гардид”,- таъкид кард ӯ.

Вале шумораи биноҳои санҷидашуда дар шаҳри Душанбе номбар нагардид.

Моҳи феврали соли равон, пас аз заминларзаи шадид дар Туркия ва Сурия, Кумитаи меъморӣ бо таъсиси як комиссия тасмим гирифта буд, ки ба зилзила тобоварии бино ва иншоотҳоеро, ки солҳои 2018-2022 ба истифода дода шудаанд ва инчунин сохтмонҳои нотамоми Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро месанҷад.

Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе гуфт, ҳоло дар пойтахт сохтмони 600 бинои нав идома дорад.

Низом Мирзозода инчунин гуфт, ки дар Душанбе ҳангоми санҷиш камбудиҳои зиёд ошкор шудааст, вале ҷиддӣ набуда, танҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ аст.

“Ҳуҷҷатгузориро то ба охир нарасонидаанд. Санади корҳои ноаёнро, ки бояд ҳуҷҷатгузорӣ мекарданд, накарданд. Дар баъзе минтақаҳои биноро бояд бетон мекарданд, хишт кардаанд. Ҳамаи онҳоро тахриб карда, ба ҷояш бетон кардем”, – гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон биноҳо тариқи мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои махсуси озмоишгоҳҳои Хадамоти назорати сохтмон ва меъмории Кумита санҷиш ва баҳогузорӣ карда мешаванд.

Тайи чанд соли охир дар кишвар сохтмони биноҳои баландошёна авҷи тоза гирифтааст. Вале сокинон аз гаронии нарх ва сифату дар ҷойҳои номуносиб сохтани бино, инчунин ба назар нагирифтани баъзе талаботи дигар шикоят мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend