Ду сокини Шаҳринав барои фиреби 60 нафар бо ваъдаи фиристодан барои зиёрати Ҳаҷ боздошт шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ду сокини ноҳияи Шаҳринав 60 нафарро бо ваъдаи фиристодан ба Маккаву Мадина фиреб додаанд. Онҳо аз ҳар кадоме панҷуним ҳазор долларӣ гирифта, вале ба ваъдаашон вафо накардаанд.
Аз боздоштшудаҳо, Неъматулло Солиев ва Исломиддин Ализода ном бурда шуд. Нафари сеюм дар ҷустуҷӯ будааст.
Назари афроде, ки ба гумони қаллобӣ боздошт шудаанд ба ин иттиҳом маълум нест. Вазорат дар барномаи телевизиониаш таъкид кардааст, ки раванди адои ҳаҷи фарзӣ дар Тоҷикистон танҳо аз сӯйи Кумитаи дин ва ҳукуматҳои маҳаллӣ танзим мешавад.
Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор нафар барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Маблағи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз гаронтаринҳост.