fbpx

Ду кӯдак дар ноҳияи Рӯшон ғарқ шуданд

Корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.


0
Ғарқшавӣ дар обҳои Тоҷикистон
Акси марбута аз интернет

Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду кӯдак ғарқ шудаанд. Ҳодиса шоми дирӯз, 4-уми июл, дар дарёи Вамар ба амал омадааст. Ҷасади кӯдакон то ҳол ёфт нашудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

“Ҳангоми бозии футбол тӯб ба дарёи Вамар афтод. Як сокини 14-солаи маҳаллӣ ва як сокини 12-солаи шаҳри Хуҷанд, ки ба аёдати хешовандонаш ба Рӯшон рафта буданд, хостанд онро бигиранд, вале дар дарё ғарқ шуданд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ барои ҷустуҷӯ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд, вале ҷустуҷӯҳо то ба ҳол натиҷа надоданд.

Субҳи имрӯз ҷустуҷӯ аз сар гирифта шудааст.

КҲФ бори дигар аз аҳолӣ хостааст, ки кӯдакону наврасонро дар назди об беназорат нагузоранд.

Бояд гуфт, ки бо фарорасии тобистон ҳодисаи ғарқшавӣ дар кӯлу обамборҳои кишвар бештар мешавад. Аксаран кӯдакон ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки духтари 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шоми 3 июл ҳангоми оббозӣ дар ҷойи манъшуда дар Сирдарё ғарқ шуда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend