fbpx

12 соли зиндони роҳбари як ширкат барои савдои одамон

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Ҳукми зиндон барои савдои одамон
Ҷамолиддин Расулов. Акс аз "Радиои Озодӣ"

Эрон ба сафи Созмони ҳамкории Шанхай шомил шуд

Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзи сешанбе расман эълон кард, ки Эрон ба сафи кишварҳои узви Созмон пазируфта шуд. Қарор дар ин бора дар нишасти 23-юми Созмон таҳти раёсати Ҳиндустон қабул шуд.

Роҳбари ҶИ Эрон

Дар кори нишаст ҳамаи давлатҳои узви СҲШ иштирок карданд. Беларус, Эрон ва Муғулистон ба сифати нозирон даъват шуданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбарони ду мақоми созмон – Котиботи СҲШ ва Сохтори минтақавии зидди терроризми Созмон ҳузур доштанд. Ғайр аз ин, роҳбарони Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СААД, СММ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ва  ИДМ низ иштирок карданд.

Нишаст дар шакли онлайн баргузор шуд.

Эрон узви нуҳуми иттиҳоди байнидавлатӣ шуд. Моҳи сентябри соли 2022 дар нишасти СҲШ дар Самарқанд дар бораи уҳдадориҳои Эрон бо мақсади узвият ба Созмон ёддошт ба имзо расида буд, хабар медиҳад ТАСС.

Дар котиботи СҲШ дар Пекин маросими тантанавии барафрохтани парчами Эрон доир гардид.

Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ зимни ҷаласаи нишаст изҳор дошт, ки ҳукумат ва мардуми Эрон аз пазируфтани кишварашон ба ин созмон изҳори сипос мекунанд.

“Мо гуфтаҳои самимонаи Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон ва талошҳои ӯ барои мизбонии ин нишастро хеле қадр мекунем. Аз фурсат истифода бурда, аз номи ҳукумат ва мардуми Эрон барои пазируфтани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони узви комилҳуқуқи СҲШ изҳори сипос мекунам”, – гуфт ӯ.

Иброҳим Раисӣ зикр кард, ки узвияти Эрон дар СҲШ ба ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди иқтисодӣ имкон фароҳам меорад.

Ба гуфтаи Раисӣ, Эрон бо Русия барои  бунёди долонҳои нақлиётӣ дар минтақа ба ҳамкориҳо вусъат мебахшад.

12 соли зиндони роҳбари як ширкат барои савдои одамон

Суди олӣ Ҷамолиддин Расулов, роҳбари ширкати “Ҷамол – 2012”-ро барои савдои одамон гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

Савдои одам
Акс аз сомонаи inbusiness.kz

Дар ин бора сомонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ба навиштаи манбаъ, Ҷамолиддин Расулов бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷавонзанҳоро аз рӯйи синну сол ва ҳусни зебо интихоб карда, баъдан бо кӯмаки баъзе аз роҳбарони ширкатҳои хориҷӣ аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки ба Тоҷикистон даъват мекардааст, занҳои интихобшударо “ба корфармоён интиқол додааст”.

Ин нафар давоми солҳои 2021-2022 танҳо ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зиёда аз 122 нафар шаҳрвандонро барои кор фиристодааст, ки аксари онҳо занон мебошанд.

“Мутаассифона, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ва шартномаҳои басташуда кафилон ва корфармоёни хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро аз истифодаи телефони мобилӣ ва алоқа бо хешу таборон, ҳуқуқи озодона гаштугузор кардан, ҳуқуқи муошират, муроҷиат ба консулҳои дипломатии Тоҷикистон, имконияти ивази ҷои будубош, бозгашт ба ватани хеш ва дигар ҳӯқуқҳои фардии шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд”, – зикр мешавад дар хабари Додситонии кулл.

Гуфта мешавад, ки Ҷамолиддин Расулов дар як вақт директори генералии  ҶДММ “Ҷамол-2012”ва муассиси ҷамъиятҳои “Ҷамил Бухорӣ” ва “Мадади шарқ” кор карда, барои савдои одамон, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда бо моддаҳои 1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г,е,ё”, 32 қисми 3-1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,е,ё”, 340 қисми 2 бандҳои “б,в“ ва 3352 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба айбдор дониста шудааст.

Прокуратураи генералӣ ба Ҷамолиддин Расулов оид ба 22 лаҳзаи чунин ҷиноятҳое, ки дар давоми солҳои 2016 то соли 2022 содир кардааст, айб эълон кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки номи ширкати “Ҷамол-2012” ва роҳбари он Ҷамолиддин Расулов чанд сол пештар, дар пайи шикояти гуруҳе аз занон ба Радиои Озодӣ расонаӣ гардид. Он замон, занҳои шикояткарда иддао карда буданд, ки ин ширкат ва роҳбари он занҳоро ба Арабистони Саудӣ бо баҳонаи кор бурда, мисли ғулом истифода мебаранд. Худи Ҷамолиддин Расулов зимни суҳбат бо ин расона иддаоҳоро рад карда буд.

Духтари ноболиғ дар Сирдарё ғарқ шуд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд духтари 15-солаи сокини ин ноҳия шоми 3-юми июл ҳангоми оббозӣ дар ҷойи манъшуда дар Сирдарё ғарқ шуд.

Ғарқшавӣ дар Тоҷикистон

Бар баргузории корҳои ҷустуҷӯ басти навбатдории имдодгарони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид.

“Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ҷасади духтар дарёфт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти КҲФ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, шабонарӯзи гузашта дар як қатор ноҳияҳои кишвар ҳодисаҳои фаромадани селҳо ба қайд гирифта шудааст.

Рӯзи 3 июл дар қаламрави деҳаи Водифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тӯдаи сангу лой роҳҳои байни деҳаҳоро баст. Тавре ки КҲФ хабар медиҳад, бар асари ҳавои гарм ва обшавии ях дар қуллаи кӯҳҳо, сатҳи об дар дарёҳо боло рафт.

“Дар натиҷа оби сойи деҳаи Водиф аз соҳилҳо баромада, тӯдаи лойқа роҳҳои байни деҳаҳои Водиф, Деҳҳавз ва Деҳҳисорро баст”, – хабар медиҳад Кумита.

Гуфта мешавад, комиссияи ноҳиявӣ дар ҷойи ҳодиса буда, корҳои бартараф намудани оқибатҳои офат ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо нест.

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Лахш рух дод. Бар асари боришоти пуршиддат дар километри 247-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш сел фаромада, ин қитъаи роҳро муваққатан баст.

Баъди чанде хадамоти роҳсозӣ оқибатҳои селро бартараф намуда, роҳ боз ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо нест.

Боздошти 2 мард бо гумони қаллобӣ

Ду нафар мардони 42 ва 27-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир шудаанд. Дар ин бора сомонаи ВКД хабар медиҳад.

Мард бо дастони баста

Аз гумонбарон ном бурда нашудааст.

Гуфта мешавад, онҳо аз 27-уми ноябри соли 2016 то 20-уми апрели соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи аз хориҷа ворид намудани маҳсулоти хӯрока ва равнақ додани тиҷораташон аз ӯ 533 ҳазор сомонӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend